Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Чорабиниҳо (122)

Чорабиниҳо

Маълумот доир ба чорабиниҳои ДДТХ

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «НОБИҒАҲОИ ИЛМИ ТИБ»

   20-уми декабри соли равон аз ҷониби маъмурияти китобхона дар якҷоягӣ бо Шӯрои занон ва духтарон бахшида ба зодрӯзи асосгузори мактаби илмии акушер-гинекологҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Ҳакимова Саъдинисо Ҳафизовна маҳфили «Нобиғаҳои илми тиб» баргузор гардид.
    Дар маҳфил аз ҷониби донишҷӯдухтарон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти пурмаҳсули ин олими варзида дар соҳаи тиб маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки Ҳакимова С. Ҳ. дар Осиёи Марказӣ ягона зан-духтури узви АИТ ИҶШС буда, дар соҳаи тиб хизмати намоён кардааст.
  Донишҷӯи курси 4-уми факултети педиатрӣ Бобохонова Ш. дар мавзӯи «Саъдинисо Ҳакимова-аввалин акушер-гинеколог дар Тоҷикистон» баромад карда, оид ба ҳаёт ва фаъолияти ин олими намоёни тиб маълумот дод.
  

   

Ғаниева Ш. донишҷӯи курси дуюми факултети тиббӣ барои аъзо ва иштироккунандагони маҳфил мавзӯи «Гинеколгия прекрасное создание вселенной»-ро баррасӣ намуд.
  Донишҷӯи курси 4-уми факултети педиатрӣ Бобохонова Ш. оид ба «Роль врачей в сохранение здоровья детей» маълумоти мушаххас дод.
Сипас дар байни аъзои маҳфил муколама ва саволу ҷавоб баргузор гардид.
   Роҳбари маҳфил н.и.ф. Саидова М.Р. дар анҷом қайд намуд, ки тибқи нақша дар соли таҳсили 2019-2020 тавассути маҳфили «Нобиғаҳои илм» барои аъзо ва иштироккунандагони маҳфил аз зиндагинома ва фаъолияти чунин донишмандони варзидаи соҳаи тиб маълумоти мушаххас пешниҳод мегарад.

МАЪМУРИЯТИ КИТОБХОНА

    11-уми декабри соли ҷорӣ кафедраи химия ва биологияи тиббӣ маҳфили навбатии худро аз фанни биология дар мавзӯи “Нақши кислотаҳои нуклеинӣ дар интиқоли ахбори ирсӣ” баргузор намуд. Маҳфили кафедраи химия ва биологияи тиббӣ аз фанни биология «Шифо» ном дошта, аз 16 нафар аъзо иборат аст, ки ба фанни биологияи тиббӣ шавқу ҳаваси зиёд доранд.                    

    Роҳбарии маҳфилро омӯзгори ҷавону умедбахши кафедра Саидов С.М. ба ӯҳда дорад.
     Аз рӯйи мавзӯи “Нақши кислотаҳои нуклеинӣ дар интиқоли ахбори ирсӣ” донишҷӯёни курси якуми факултети педиатрӣ Файзализода М. ва Мирзоев Ш. маърӯза намуданд. Баъд аз баромади маърӯзакунандагон дар байни донишҷӯён саволу ҷавоб баргузор гардид, ки дар рафти он донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ ва педиатрӣ С. Давлатмурод, Нарзуллозода Х., Шукуров С., Файзов А., Абдуллозода И. ва дигарон хеле фаъол буданд.
      Дар охир мудири кафедраи химия ва биологияи тиббӣ н.и.х. Усмонова У.Х. маҳфилро ҷамъбаст намуда, ба роҳбар ва аъзои маҳфил барои пеш бурдан ва дар оянда боз ҳам шавқовар намудани кори он тавсияҳои муфид дод.

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ВИЧ/СПИД

    Бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи бемории норасоии маснуияти одам ВИЧ/СПИД»  30-юми ноябри соли ҷорӣ дар саҳни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, майдони ноҳияи Данғара ва Коллеҷи тиббии ДДТХ оид ба мубориза бар зидди ВИЧ/СПИД варақаи итиллоотӣ паҳн карда шуд.

   Ин иқдоми нек аз ҷониби фаъолони шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба вуқӯъ пайваст. Донишҷӯёни фаъол дар баробари  паҳн намудани варақаҳои итиллоотӣ, тасмачаи сурхро низ тақсим мекарданд, ки он дар тамоми ҷаҳон рамзи мубориза алайҳи СПИД эътироф шудааст.

ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОН

    Отрадно, что 21.11.19 года проведена первая встреча Дерматологического научно-практического общества студентов ХГМУ. Встреча была посвящена таким важным вопросам, как:
1.«Микозы, их распространенность, клинико -патологические особенности, лечение и профилактика»;
2.Выбору руководителя и секретаря научно-практического кружка из числа присутствующих студентов;
Вопросам следующей встречи членов дерматологического научного общества.
  Презентация «Микозы, их распространенность, клинико-патологические особенности, лечение и профилактика» была подготовлена студентом 404 группы, 4-го курса медицинского факультета Фуроховым Ибрагимом. В презентации были освещены такие вопросы, как классификация и возбудители микозов, способы и условия распространения заболеваний, клинические признаки, особенности течения микоза стоп, а
также проведен сбор информации всех фунгицидных средств, имеющихся в наличии в аптеках Дангары. Необходимо отметить, что студентом Фуроховым проделана трудоёмкая работа по сбору этих данных.
  После презентации студенты – члены общества и присутствующие задавали интересующие их вопросы, касающиеся новых препаратов для лечения микозов, о причинах возникновения грибковых заболеваний, о предрасполагающих факторах и возможной реинфекции, критериях излеченности микозов волосистой части головы и гладкой кожи, о препаратах и использования комбинированного лечения для микозов стоп и других видов микозов.
  Заинтересованность данной темой со стороны студентов обусловлена жизненной необходимостью ведь среди студентов отмечается высокая распространённость различных микозов кожи. Эти заболевания отмечаются высокой контагиозностью; к примеру, таких как разноцветный лишай (отрубевидный лишай), микозы стоп, микозы гладкой кожи, онихомикозы и т. д.
  Зачастую из-за стеснения или незнания, большинство студентов не обращаются за квалифицированной медицинской помощью. Учитывая все факторы и данные, кафедра гигиены, эпидемиологии и инфекционных заболеваний и Дерматологическое научно-практическое общество студентов, планируют провести исследование по причинам возникновения грибковых заболеваний среди студентов ХГМУ. Наряду с этим исследованием планируется провести исследования эффективности ряда противогрибковых препаратов, которые есть в наличии в Дангаринском районе. Результаты исследований будут опубликованы по завершении всех работ.
  Студенты отметили важность и необходимость создания Дерматологического научно-практического общества студентов. Это будет являться научной платформой для получения знаний, возможности проведения новых исследований, где будут обсуждаться открытия и исследования специалистов других стран в данной области.

Р.Х.СОХИБНАЗАРОВА,
ассистент кафедры гигиены,
эпидемиологии и инфекционных заболеваний

САВТУ НАВОИ ДӮСТӢ

     13 ноябри соли ҷорӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Қасри фарҳанг барномаи консертӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
   Меҳмононро сокинон ва ҳунармандони ноҳия бо шукуҳу шаҳомати хосса пешвоз гирифтанд.
  Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар барномаи консертии мазкур 80 нафар донишҷӯдухтар бо либосҳои миллӣ ва 20 нафар омӯзгор ширкат варзида буданд.
  Барои иштироккунандагон аз ҷониби ҳунарпешаҳои шоиста ва маъруфи Ӯзбекистон, ансамбли “Мақом” ва ансамбли рақсии “Тошкент зеболари” барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳод гардид.

МУОВИНАТИ  ТАРБИЯ ВА ФАРҲАНГ

МАҲФИЛ ДАР КАФЕДРАИ ФАНҲОИ МУОЛИҶАВӢ

    20-уми ноябри соли ҷорӣ кафедраи фанҳои муолиҷавӣ маҳфили навбатии худро гузаронд, ки донишҷӯён дар мавзӯи «Диққи нафас» ва «Пилоростеноз» маълумот доданд. Маҳфили кафедраи фанҳои муолиҷавӣ «Бемориҳои даруна» ном дошта, зиёда аз 20 аъзо дорад. Ин навбат аз рӯйи мавзӯи «Диққи нафас» донишҷӯёни курси сеюми гурӯҳи 305-и тиббӣ Саидова Ҳ. ва Боқиев О. маърӯза намуданд.                

    Донишҷӯёни курси сеюми факултети тиббӣ Маҷидов Д. ва Қудратова Б. дар мавзӯи «Пилоростеноз» маълумот доданд. Баъд аз баромади маърӯзакунандагон дар байни донишҷӯён саволу ҷавоб баргузор гардид. Дар рафти маҳфил омӯзгори кафедра Чистяко В.И. ва мудири кафедраи фанҳои муолиҷавӣ Ҳоҷиев М. ҷавобҳои кӯтоҳи маърӯзакунандагонро пурра гардониданд. Дар охир н.и.т. мудири кафедраи фанҳои муолиҷавӣ Ҳоҷиев М. маҳфилро ҷамъбаст намуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

ОЧЕРЕДНОЙ КРУЖОК КАФЕДРЫ ПЕДИАТРИИ

     Исходя из плана работы студенческого научного общества «Здоровый ребёнок» на кафедре педиатрии 31.10.2019 был проведен очередной кружок на тему: «Гипотрофия: этиология, патогенез, клиника, диагностика и лечение». В работе проведения кружка активно участвовали все члены СНО и преподаватели кафедры.
     Для открытия заседания общества слово было предоставлено заведующей кафедрой к.м.н, доценту Кузибаевой Н.К. В своем выступлении Кузибаева Н.К. дала подробную обзорную информацию о гипотрофии, её причине, осложнениях и последствиях. Она отметила, что гипотрофия является самым распространённым заболеванием среди детского населения и занимает 2 место после анемии и рахита.
    После открытия и приветственного слова по теме выступили с небольшими докладами студенты 406 группы педиатрического факультета Сайдалов Сайфулло и Бобохонова Шоира. В своих докладах они детально объяснили участникам кружка определение гипотрофии её причины, патогенез, клинику, диагностику, лечение и профилактику. После прочтения докладов, авторам были заданы вопросы по теме, на которые они дали правильные и исчерпывающие ответы. По окончании вопросов и ответов было проведена дискуссия между участниками кружка.

                            КАФЕДРА  ПЕДИАТРИИ

ҶАЛАСАИ ҲИЗБӢ ДАР ДОНИШГОҲ

   15 ноябри соли ҷорӣ маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Авитсенна”- и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид.
    Дар ҷаласи масъалаҳои ҳисоботи Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Авитсенна аз моҳи январи соли 2019 то моҳи ноябри соли 2019 ва интихоби вакилон ба конференсияи ташкилоти ҲХДТ дар ноҳияи Данғара баррасӣ гардиданд.
    Дар ҳисобот қайд гардид, ки ҳизб ҳамеша барои иттиҳоди неруҳои солими ҷомеа, зина ба зина баланд бардоштани некуаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи пешрафти шаклҳои гуногуни моликият, таъмину ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис ёфтааст ва баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои мазкур кӯшиш менамояд.
     Барои бархе аз омӯзгорони ҷавон ва кормандони донишгоҳ, ки аъзои ҳизб гашта буданд, билети ҳизбӣ супорида шуд.
Ҳамзамон, аъзои фаъоли ҳизб барои саҳми арзанда дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва иштроки фаъолона дар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии               Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Page 4 of 11

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид