Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

НАВРӮЗ - БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ

01 Апрел 2020
Муаллиф :  

   27 - уми марти соли равон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», қарори раиси вилояти Хатлон дар бораи «Барномаи рушди сайёҳӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2018 - 2019» ва ҳамзамон, таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар донишгоҳи мазкур Конференсияи вилоятии Брендикунонии Наврӯз таҳти унвони «Наврӯз - бренди миллии сайёҳӣ» баргузор гардид.  
    Дар конференсия 17 нафар масъулони соҳаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла, муовини сардори Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Ф., сардори шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Салимзода Ш., сармутахассиси кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара - Раҳимзода Ф., намояндагони бахши сайёҳӣ аз ноҳияҳои Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, Балҷувон ва Данғара, инчунин, донишҷӯёни риштаи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Данғара, донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Коллеҷи тиббии ДДТХ ширкат варзиданд.
   Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагӣ, (сарвари клуби сайёҳии ДДТХ) - Аҳадов Ш.Ф. ҳусни ифтитоҳ бахшид. Номбурда ҳозиринро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, ҳамзамон оид ба аҳамияти соҳаи сайёҳӣ ва рушди он дар вилояти Хатлон маълумот дод.
    Сардори шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Салимзода Ш. оид ба моҳияти брендикунони иди Наврӯз суханронӣ намуд.
   Муовини сардори Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Ф. оид ба расму оинҳои ҷашни Наврӯз сухан ронда, қайд намуд, ки гарчанде табиати зебо ва кӯҳсори Тоҷикистон диққати сайёҳони зиёдро ба худ ҷалб менамояд, вале даъвати онҳо дар фасли баҳор, махсусан дар иди Наврӯз ҷиҳати намоиши фарҳанги миллии тоҷикон барои ҷаҳониён ва афзун намудани шумораи сайёҳон боз ҳам мувофиқ аст. Бинобар ин, барои мо лозим аст, ки ҷашни Наврӯзро ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ истифода намоем.
   Ҳамзамон, дар конференсия омӯзгори кафедраи ҷомеашиносии ДДТХ Каримов М. оид ба аҳамияти соҳаи сайёҳӣ маълумот дод.
   Донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ Ҷомиева С. (бо забони англисӣ) ва Абдуллоев Б. (бо забони русӣ) дар мавзӯи «Нақши клуби сайёҳии ДДТХ дар рушди туризми дохилӣ» баромад намуданд.
   Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагӣ Аҳадов Ш.Ф. ҷамъбаст намуд. Қайд гардид, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ саҳми кормандони тиб низ хеле муҳим аст, бинобар ин донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва донишҷчӯёни Коллеҷи тиббии ДДТХ - ро лозим аст, ки ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.

ХАБАРНИГОРИ  СОМОНА

0 Шарҳ 152 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид