


Санаи 1-уми сентбяри соли 2025, дар саҳни Бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хаптлон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Абдусаломзода А.А. ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи дониш ва дарси сулҳ” баргузор гардид.
Нахуст, Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон бо суханронии худ ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, перомуни ҳамасола дар сатҳи баланд дар миқӯси ҷумҳури таҷлил намудан аз ин санаи фархундаро зикр намуд. Дар идомаи суханронӣ аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба “Рӯзи дониш ва дарси сулҳ” ёдоварӣ намуда, ҳамзамон, хизматҳои беназири Сарвари мамлакат ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, соҳаи маориф ва тандурустиро беназиру шоёни ҳамагуна таҳсину ситоиш, арзёбӣ намуд.
Дар навбати худ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Абдусаломзода А.А. суханронӣ намуда, табрикоти Ҳукумати Ҷумҳурӣ бахшида ба санаи мазкурро ба самъи Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён расонид. Ҳамзамон, аз тамоми донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо дониши хубу тарбияи намунавӣ соли хонишро оғоз намоянд ва ифтихор аз ватану ватандорӣ, ҳифзи марзу бум, содиқ ба халқу ватан, ворисони ҳақиқии Синои бузург буданро на танҳо дар сухан, балки дар амал, бо донишҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ гирифта, татбиқ намоянд.
Дар идома, профессори фахрии донишгоҳ Бустонов М.О. перомуни хондану аз худ намудани нозукиҳои илми тиб, пайваста машғул шудан ба илмомӯзӣ, қадру манзалат ва рисолати табиб, ҳамзамон, донишҷӯйи курси якуми факултети тиббӣ Ғаффорзода Б. - барандаи Квотаи президентӣ барои духтарони минтақаҳои дурдаст дар соли 2025, ҷиҳати миннатдорӣ баён намудан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин ғамхориҳои арзишманд, баромад ва суханронӣ намуданд.
Хабарнигори сомона.
