СУХАНИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДДТХ, Д.И.Т., ПРОФЕССОР  УБАЙДУЛЛО ҚУРБОН БАХШИДА БА «РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ» 01.09.2025. Соат 08:00.

СУХАНИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДДТХ, Д.И.Т., ПРОФЕССОР УБАЙДУЛЛО ҚУРБОН БАХШИДА БА «РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ» 01.09.2025. Соат 08:00.

Ҳозирини гиромӣ, меҳмонони арҷманд!
Устодон ва шогирдони азиз!
Бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватан, бо дилҳои саршор аз шодмонӣ ва чашмҳои пурумед, имрӯз дар остонаи таҷлили як рӯзи муқаддас - Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ қарор дорем. Таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад ва аз он меболем ки имрӯз дар саросари кишвари маҳбубамон - Тоҷикистони азиз ин санаи муборак бо ҷалолу шукуҳи хоса ҷашн гирифта мешавад.
Бо истифода аз фурсат, ҳамаи Шумо ҳайати профессорону омӯзгорон ва шогирдони азизро бо  “Рӯзи Дониш ва дарси сулҳ”, ки оғози як сафаре ба сӯи маърифат ва камолоти зеҳнӣ мебошад, самимона шодбош менамоям.
Ҳозирини гиромӣ!
Рӯзи дониш рамзи эҳтиром ба илму маърифат, бузургдошти устодон ва арҷгузорӣ ба талошҳои насли нав мебошад. Рӯзи дониш танҳо як ҷашн нест, балки он оғози як масъулияти бузург аст: масъулияти омӯзиш, рушд, саъю талош, инсонпарварӣ ва хизмат ба Ватан. Дарси сулҳ, ки бо Рӯзи дониш тавъам аст, дар баробари оғози таҳсил моро, ба қадри неъмати сулҳу ваҳдат расидан, талқин менамояд. Сулҳ, ки бо қимати ҷонфидоиҳои зиёд ба даст омадааст, пояи устувори рушди кишвар, пешравии илму фарҳанг ва ҳаёти осоиштаи мардум мебошад. Дар ҷомеаи муосир, сулҳ танҳо амният нест, балки он имкони таҳсил аст, фазои пешрафт аст, заминаи муҳайё барои татбиқи ормонҳои ҳар як ҷавон ба шумор меравад.
Ҳозирини арҷманд!
Тавре ки маълум аст, санаи 30-юми августи соли равон ҳамаи мо дастҷаъмона суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба “Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ” тамошо намудем ва дигарбора шоҳиди он гардидем, ки Сарвари мамлакатамон то чи андоза ба соҳаи илму маориф диққати ҷиддӣ дода истодаанд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар маорифро аз муҳимтарин пояҳои давлати миллӣ ҳисоб намуда, то ба имрӯз дар ин самт корҳои бузургу наҷибонаро ба сомон расонданд. Барҳақ иброз дошта буданд дар яке аз баромадҳояшон бахшида ба Рӯзи дониш, ки: “Баргузории Рӯзи дониш дар сатҳи умумимиллӣ далели эҳтироми баланди давлат ва мардуми Тоҷикистон ба илму маориф ва донишу маърифат мебошад. Воқеан, миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст».
Ин таъкиди Сарвари кишвар тамоми мо омӯзгоронро вазифадор менамояд, ки ки масъулияти худро дар таълиму тарбияи насли наврас бо ҳисси баланду дили гарм иҷро намоем, дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавони ҷомеа беш аз пеш диққат диҳем ва дар ин замина, аз рӯзҳои аввали ба ин боргоҳи илму дониш қадам гузоштани шогирдон омӯхтану аз худ намудани донишҳои тиббиро бештару бештар талаб намоем.
Лозим ба қайд аст, ки имрӯз барои Шумо - донишҷӯёни соли аввал, ки касби пурмасъулу бошарафи табибиро интихоб намудаед, рузи пурҳаяҷону хотирмон ба шумор меравад, зеро ин қадами нахустини Шумо ҷониби дунёи табибӣ мебошад ва ҳар яки Шумо бояд мақому манзалат ва рисолати бузурги табиб дар назди аҳли башарро бо маънои томаш дарк намоед. Касби интихобкардаи худро самимона дӯст доред, бо кору рафтори худ исбот кунед, ки шумо барҳақ ворисони ҳақиқии Абуалӣ ибни Синои нотакрор хоҳед шуд.
Ҳозирини гиромӣ!
Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки бо ташаббусу ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба фаъолият шуруъ намудааст, имсол аз фаъолияти он нӯҳ сол пур шуд. Дар ин давра донишгоҳ ба як маркази муҳими таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони соҳаи тиб мубаддал гардид, ки боиси ифтихор мебошад. Донишҷӯёни ин боргоҳи илму дониш низ дар тӯли ин солҳо тавонистанд бо дастовардҳои назарраси худ муарифгари донишгоҳ гарданд. Имрӯз теъдоди донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон зиёда 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки омӯзгорони варзидаву таҷрибадор, докторону номзадони илм ва профессорон ба таълиму тарбияи онҳо машғул мебошанд.
Ҳозирини гиромӣ!
“Рӯзи Дониш ва дарси сулҳ” унвон гирифтани оғози соли

Please publish modules in offcanvas position.