

Санаи 30-юми августи соли 2025, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд. Пас аз ифтитоҳи бинову иншооти нави донишгоҳи мазкур Президенти мамлакат дар ҷамъомад бо аҳли кормандони соҳаи маориф мулоқот ва суханронӣ намуданд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён низ чун дигар идораву муассисаҳо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба таври мустақим пахш гардида буд, тамошо намуданд. Зикр бояд кард, ки бо истифода аз имконияту шароитҳои мавҷудаи донишгоҳ дар 1 толори калону 5 толори хурди донишгоҳ зиёда аз 2000 нафар омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба тамошои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаро гирифта шуданд.
Хабарнигори сомона.
