БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДАР МАВЗӮИ “РУЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ЗАМИН”

 
Тибқи нақша-чорабиниҳои муовинати илм ва инноватсия дар кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика ба номи С.Ситамов ҳамоиши илмӣ бахшида ба “Рузи байналмиллалии Замин” доир гардид. Дар рафти ин ҳамоиш мудири кафедра н.и.п., дотсент Холов А.А. дар мавзуи “Рузи байналмиллалии Замин” баромад намуд. Сипас, омузгори кафедра Исматов С.И. дар мавзуи “Системаи офтобӣ ва хонаи мо - Замин” баромад намуда, оид ба тозагии экологии Замин ва баромадҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои СММ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
 
Ҳамчунин дар зери роҳбарии омӯзгори кафедра Давлатов С.А. донишҷӯи курси 1-уми факултети педиатрӣ Икромов Намоз дар мавзуи “Планета Земля: Физика планеты, на которой мы живём” ва дар зери роҳбарии омузгори кафедра Аҳёев С.С., донишҷуи курси 1-уми факултети тиббӣ Абдуллоева Омина дар мавзуи “Материкҳои сайёраи мо” маъруза намуданд. Дар ин ҳамоиш инчунин аз тарафи донишҷӯёни курси 1-уми факултети тиббӣ-профилактикӣ Аскаров Зокирҷон, Раҷабов Ҳусейн, Ҳусниддинзода Муҳаммадиқбол ва донишҷӯи курси 1-уми факултети педиатрӣ Азиззода Гулсумбӣ саҳначаи тарбиявӣ пешниҳод карда шуд.
 
Вобаста ба мавзуи мазкур инчунин дигар донишҷуён маълумотҳои ҷолиб ва манфиатнокро пешкаши ҳозирин намуданд. Дар раванди ҳамоиши мазкур инчунин викторинаи саволу ҷавоб ва озмуни расмкашӣ дар байни 7 гуруҳҳои куратории омӯзгорони кафедра гузаронида шуд. Ҳайати ҳакамон, ғолибонро бо туҳфаҳои таъсиснамудаи кафедра қадрдонӣ карданд.
 
Хулоса, чорабинии мазкур дар мувофиқа бо нақшаи муовинати илм ва нашрияи ДДТХ бо маърузаҳои илмӣ гузаронида шуд ва иштироккунандагон аз ин чорабини ғизои маънавӣ-илмӣ гирифтанд. Таклиф карда шуд, ки чунин чорабиниҳои илмӣ бештар ташкил ва гузаронида шавад.
 
Муовинати илм ва нашрия,
кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика ба номи С.Ситамов.

Please publish modules in offcanvas position.