МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ «ОМӮЗИШИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»

 
Тибқи нақша-чорабинии муовинати илм ва нашрия санаи 23.04.2026 дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳайати устодони кафедра ва донишҷӯёни курси якум ва дуюм иштирок намуданд.
 
Дар чорабини масъалаҳои муҳими дар Паёми Пешвои миллат матраҳшуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокчиён оид ба аҳамияти сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсии ҷавонон андешаҳои худро иброз намуданд.
 
Инчунин таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими роҳнамо барои ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа хизмат намуда, барои муайян кардани самтҳои афзалиятноки рушди кишвар нақши муҳим мебозад.

Хабарнигори  сомона  

Please publish modules in offcanvas position.