29-уми сентябри соли 2025 вохӯрии расмии Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо намояндагони Донишгоҳи улумпизишкии Теҳрон (Ҷумҳурии Исломии Эрон) ба тариқи маҷозӣ (онлайн) баргузор гардид.
Ин мулоқот дар доираи сиёсати рушди ҳамкориҳои байналмилалии ДДТХ ва бо ҳадафи тавсеаи муносибатҳои илмӣ-таълимӣ сурат гирифт. Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими заминаҳои ҳамкории академӣ ва илмӣ миёни ду донишгоҳ, табодули таҷриба миёни омӯзгорон ва донишҷӯён, мусоидат ба рушди иқтидори илмӣ-тадқиқотӣ тавассути лоиҳаҳои муштарак, баргузории конференсияҳо, вебинарҳо ва форумҳои илмии байни донишгоҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҳамкории судманд на танҳо ба рушди сатҳи таълим ва тадқиқот, балки ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Эрон мусоидат хоҳад кард.
Дар фарҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеа бахшидани ҳамкориҳо намуданд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба татбиқи фаъолонаи сиёсати дарҳои боз дар бахши илм ва маориф аҳамияти хоса медиҳад ва рушди ҳамкориҳои байналмилалиро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ медонад.
Шуъбаи равобити байналмилалӣ
