30-юми сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ташаббуси кафедраи забонҳо маҳфили адабӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи бузургдошти орифи шаҳири Шарқ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои маънавии Мавлоно ва густариши маърифати адабӣ миёни донишҷӯёну омӯзгорон доир гардида, бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, дотсент Бунёдзода С.Х. оғоз ёфт. Дар суханронии худ дотсент Бунёдзода С.Х. таъкид дошт, ки Мавлоно яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти ҷаҳони форсӣ-тоҷикӣ ба шумор меравад, ки бо гузашти садсолаҳо меҳраш дар қалби миллионҳо дӯстдорони каломи бадеъ шуълапошӣ мекунад.
Дар идома омӯзгори кафедраи забонҳо Сатторова М. бо маърӯзаи «Зиндагиномаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» баромад намуда, паҳлуҳои муҳими ҳаёти ин адиби бузургро аз дидгоҳи таърихиву фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Саромӯзгори ҳамин кафедра, н.и.ф. Одинаев С.П. бо маърӯзаи пурмуҳтавои худ таҳти унвони «Мавлоно ва Шамси Табрезӣ» дар бораи робитаи амиқи маънавии ин ду шахсияти бузург, таъсири Шамс бар ҷаҳони андешаи Мавлоно ва ташаккули ашъори ирфонӣ баромад намуд.
Дар қисмати фарҳангии маҳфил донишҷӯёни фаъол ва аҳли ҳунари донишгоҳ шеърҳо ва порчаҳои манзум аз осори гаронбаҳои Мавлоноро қироат намуданд. Суруду таронаҳои дилнишини ҳунармандони донишгоҳ ба маҳфил ранги тоза бахшида, он ба як чорабинии фароғатии саршор аз муҳаббат ба адабу ирфон табдил ёфт.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, дотсент Бунёдзода С.Х. аз номи Роҳбарияти донишгоҳ ба ташкилкунандагон ва таҳиягарони чорабинии мазкур изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, баргузории чунин маҳфилҳои бадеӣ-фарҳангиро муҳим арзёбӣ намуд.
Кафедраи забонҳо.
