ДОНИШҶӮЁНИ ДДТХ ДАР ЧОРАБИНИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ СОҲИБИ ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС ГАРДИДАНД

     Санаи  7-уми майи соли 2026 дар шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар заминаи Донишгоҳи давлатии тиббии Андиҷон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Инновационный подход к актуальным проблемам медицины» барои олимони ҷавон ва донишҷӯёни боистеъдод ва Олимпиадаи байналмилалии фаннии «Андиҷон-2025» баргузор гардид.
   Дар олимпиада донишҷӯён аз рӯи 22 фанни назариявӣ ва клиникӣ байни ҳам рақобат намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабиниҳои байналмилалӣ муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон намояндагӣ намуданд.
   Аз ҷониби ДДТХ як нафар донишҷӯ дар конференсияи илмию амалӣ ва шаш нафар донишҷӯ дар олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар натиҷа, се нафар соҳиби ҷойҳои ифтихории якум ва сеюм гардида, се нафари дигар бо номинатсияҳои махсус қадрдонӣ шуданд. Донишҷӯи курси 5-уми факултети педиатрӣ Ҳикматуллозода Мукаррамхон аз фанни «Акушерӣ ва гинекологӣ” сазовори ҷойи якум, Аҳмадов Сардорбек Адҳамович - донишҷӯи курси 5-уми факултети педиатрӣ аз фанни «Ҷарроҳии кӯдакона» сазовори ҷойи сеюм ва Раимқулов Сардор Улуғбекович - донишҷӯи курси 6-уми факултети педиатрӣ аз фанни «Педиатрия» сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
    Дар баробари ин, Ализода Гуландом Абдутолиб - донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббӣ, дар номинатсияи «Точность и обоснованность ответов» аз фанни «Бемориҳои ҷарроҳӣ», Шаропов Фаррух Ихтиёрович - донишҷӯи курси 6-уми факултети педиатрӣ, дар ҳамин номинатсия аз фанни «Эндокринология» ва Якубова Азиза Алишеровна - донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббӣ дар номинатсияи «Выдающиеся достижения в использовании клинических кейсов» соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
     Дастовардҳои донишҷӯёни ДДТХ дар чунин чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ нишонаи сатҳи баланди омодагии илмӣ, донишҳои касбӣ ва рақобатпазирии онҳо буда, барои баланд гардидани нуфузи донишгоҳ дар фазои байналмилалии илмӣ мусоидат менамояд.
       
     Деканати факултетҳо.
Хабарнигори сомона. 

Please publish modules in offcanvas position.