МАҲФИЛИ АДАБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “НАВРӮЗ-ҶАШНИ ҶАҲОНӢ”

    Санаи 12-уми марти соли 2026 дар кафедраи ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон маҳфили адабӣ таҳти унвони “Наврӯз-ҷашни ҷаҳонӣ” баргузор гардид. Чорабинӣ ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар доираи нақша-чорабиниҳои донишгоҳӣ ташкил ва баргузор гардид.
Дар маҳфил омӯзгорони кафедра, донишҷӯён ва аъзои маҳфили адабӣ фаъолона иштирок намуданд. Маҳфил бо сухани ифтитоҳии мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, н.и.ф., дотсент Гулзода А.А. гардида, дар он оид ба аҳаммияти ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳанги башарият ва нақши он дар таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмии халқҳо таъкид карда шуд.
   Дар идомаи маҳфил устодону омӯзгорон ва донишҷӯён бо маърузаҳои ҷолиб баромад намуда, паҳлуҳои гуногуни ҷашни Наврӯзро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, маърузаҳо дар мавзуъҳои “Аз таърихи Наврӯз”“Нақш ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз” ва “Фалсафаи ҷашни Наврӯз” ироа гардиданд. Дар ин баромадҳо таъкид шуд, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои фарҳангии мардумони ориётабор буда, аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи эҳёи табиат, оғози баҳор, тозагӣ ва навшавии зиндагӣ таҷлил мегардад.
   
 Ҳамзамон дар маърузаҳо зикр гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ пайдо намуда, имрӯз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Ин иқдом барои муаррифии фарҳанги миллӣ ва густариши робитаҳои фарҳангии байни миллатҳо аҳамияти бузург дорад.
   
 Қисмати дигари маҳфил ба қироати порчаҳои шеърӣ перомуни ҷашни Наврӯз бахшида шуд. Донишҷӯён аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик шеърҳо қироат намуда, бо оҳанги зебо фазои идона ва рӯҳияи фарҳангиро дар маҳфил тақвият бахшиданд. Маҳфили адабии “Наврӯз-ҷашни ҷаҳонӣ” дар фазои гарму самимӣ баргузор гардида, ба иштирокчиён таассуроти нек ва хотироти фаромӯшнашаванда бахшид.


 
Хабарнигори сомона

Please publish modules in offcanvas position.