
Бо қарори Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид 15-уми май “Рӯзи байналмилалии оила” эълон гардидааст. Давлати соҳибистиқлоли мо дар қатори дигар давлатҳои саросари дунё ин қарорро эътироф менамояд ва ҳамасола рӯзи оила таҷлил ва бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти таъсири ҷаҳонишавӣ, дар радифи вазифаҳои асосии фаълолияти сиёсии худ, дар ин раванд тадбирҳои муассир ва босамарро бо мақсади ҳифзи асолати миллӣ, устуворгардонии оилаҳо шароит фароҳам намуданд, ки маҳз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори пешбарандаи гендерии кишвар шинохта шудааст.

Дар самти таҳкими заминаҳои ташаккули оила ва дастгирии оилаҳо, ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои оила ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, ҳафади соли 2015- ро “Соли оила” эълон намудани Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар боло гузоштани мавқеи оила дар ҷамъият ва густариши фарҳанги оиладорӣ мебошад. Бахшида ба бузургдошти соли оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи рушди оила қабул гашта, дурнамои сиёсати давлатро дар самти таҳкими пояҳои оила ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ муайян менамояд. Ҳамчунин бо мақсади таҳкими солимии ҷомеа ва иҷрои дастури Президенти кишвар дар масъалаи манъи никоҳҳои хешутаборӣ ва муоинаи ҳатмии тибии пешазникоҳии оилабарпокунандагон ба санадҳои меъёрии амалкунанда тағйиротҳо ворид карда шуданд.
Оила-иттифоқи ихтиёрӣ ва озод мебошад, ки одамони он баробарҳуқуқ буда, бо сабабҳои ақду никоҳ бастан, таваллуд шудани тифл, ба фарзандӣ қабул кардан ва аломати хешу таборӣ доштан, мутаҳҳид мегарданд, ки гурӯҳи хурди одамонро ташкил дода, муносибатҳо дар асоси қоидаҳои ахлоқу одоб сурат мегирад. Барои ҳар як фард оила ин мураббии аввалин, роҳнамои ҳаёт, асосгузори феълу атвори минбаъдаи он ҳисоб меёбад, баробари тарбия меъёрҳои ахлоқиро аз худ менамояд, ки дар давраи камолот ва ҳаёти мустақил муайян мегардад. Қонуни оила зарур будани таҳкими оила ба бунёди муносибатҳои оилавӣ мебошад, ки дар заминаи меҳру муҳаббат, эҳтироми якдигар, кӯмаки мутақобила пойдор аст. Ба масъалаҳои шахсии оила ҳеҷ кас дахолат карда наметонад, зеро масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила буда, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдадориҳо аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад. Хушбахтона, оилаҳои иттифоқу дастгири ҳамдигар дар ҷумҳуриии мо зиёд аст.
![]() |
![]() |
Мустаҳкаму устувор гардидани оила яке аз вазифаҳои муҳим буда, чораҳои имконпазир пешбинӣ шудаанд. Дар оила қадру қиммати падару модар аз ҳама боло мебошад, одатан аз рӯи урфу одати миллати мо масъалаи оиладор кардани фарзанд вазифаи волидон аст. Онҳо мувофиқи табъи худ ва фарзандон ин масъаларо ҳалу фасл мекунанд. Муносибати хуби зану шавҳар ба тарбияи кӯдакон манфиати мусбӣ меорад, тарафҳо бо боварӣ зиндагиро пеш мебаранд байнашон меҳру муҳаббат, ҳурмату иззат, эҳтирому эътироф пурзӯр мегардад. Ҳуқуқ ва вазифаҳои зану шавҳар баробари бастани ақду никоҳ ба миён меояд ва дар сурати вафот қатъ мегардад. Фарзандон меваи шаҳдноки умри инсон ба шумор рафта, ҳамчун воситаи мустаҳкамкунии оила мебошанд, дар баробари тавлиди кӯдак муносибати оилавӣ бо тартиби муайян ранги дигар мегирад.

Дар кодекси оила як қатор ҳуқуқҳои кӯдак қабул карда шудаанд, ки чунин дарҷ ёфтаанд: кӯдак дар оила ҳуқуқ дорад тарбия гирад ва зиндагонӣ кунад; кӯдак дар бораи кӣ будани падару модараш ҳуқуқ дорад маълумот дошта бошад; кӯдак ҳуқуқи бо падару модар ё хешу табор зиндагонӣ карданро дорад; агар волидайн ҷудо зиндагонӣ кунанд, метавонад бо ду тараф рафтуо кунад; фарзанд аз молу мулки волидайн ҳамчун меросхур ҳақ ва ҳуқуқ дорад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди волидайн вазифа мегузорад, ки кӯдакони онҳо дар оила солим ва ҷисман такомулёфта бошанд, меҳнатро дӯст доранд, саводи хуб омӯзанд, то ки ба халқу ҷамъият манфиат расад. Гарчанде, мо дар раванди ҷаҳонишавӣ ва тараққиёти иҷтимоӣ қарор дошта бошем ҳам, то ҳол дар ҷомеа шахсоне мушоҳида мегарданд, ки ба соҳибилм гардидани фарзандони худ монеъ мегарданд. Дар назди оила якчанд вазифаҳои махсус вогузор аст, ки нахустини он бо номи функсияи репродуктивӣ маъмул аст, ки ин давомдиҳии биологии наслро мефаҳмонад. Барои ташаккули насл дар оила таъмини функсияи хоҷагӣ-иқтисодӣ ҳатмӣ аст.
Вазифаи навбатии оила ин рекреасионнӣ аст, ки ин бартарафсозии ҳолатҳои дилгиркунандаи оиларо мефаҳмонад, бояд сардори оила барои ба аъзои оила таваҷҷӯҳ зоҳир намудан ва машғулият гузаронидан ҳатман вақт ҷудо намояд. Муносибатҳои ҳуқуқии волидайн ва фарзанд мувофиқи одобу ахлоқи ҳамида ва анъанаҳои қадимаи миллат сурат гирифта, дар ҳар оила калонсолонро аз рӯйи эҳтиром сарвари оила меҳисобанд, ки дар Осиёи Миёна аксарият мардон сардори хоҷагӣ мебошанд, баъзан бо сабаби марги бармаҳал ё дигар мавридҳо занҳо низ сардори оила буда метавонанд. Зани донишманду соҳибилм оиларо обод, мустаҳкам ва аъзои оиларо тифоқ нигоҳ дошта, фарзандони хирадманду соҳибмаърифат ба воя мерасонад, ки ин ҳолат ба коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа сабаб гашта метавонад. Боигарии оила интиқоли урфу одатҳоро аз насл ба насл расонидан мебошад.
Аз қадимулаём дар байни мардуми бофарҳанги мо, чун расму ойин аз пиру барнои авлод дасту дуои нек гирифтан аст, гарчанде, фарзандон ҷудо зиндагонӣ дошта бошанд ҳам, дар назди худ вазифадоранд зуз-зуд аз ҳоли волидон, бобову бибӣ, хешу ақрабо, авлоду аҷдод, огоҳ бошанд. Хушбахтона, аксарияти сарварони оилаҳо дар ҷумҳурии мо бо қонунгузориҳои ҷамъиятӣ шинос ҳастанд, амри одат аст, ки дар байни миллати мо бо онҳо баҳсу мунозира, якравӣ, беэтиноӣ, фармондиҳӣ, таҳкир кардан аз рӯи одоб нест. Ҷашн ва баргузории рӯзи оила имкон фароҳам меоварад, ки сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва демографӣ, ки ба вазъи оилаҳо таъсир мерасронад, баланд гардад.

Шарипова Ҳ.Я. - раиси шурои занон ва духтарони ДДТХ
Хабарнигори сомона.


