Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот карданд, ки дар он ҳайати профессорону омӯзгорони  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ иштирок намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш ва Данғараро, ки мақсад аз он боздид аз рафти корҳои бартарафкунии оқибати офатҳои табиӣ, сохтмони манзилҳои истиқоматӣ барои сокинони аз офат зарардида, инчунин шиносоӣ бо рафти корҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни         30-солагии Истиқлоли давлатӣ буд, натиҷагирӣ карданд.

Ҳадафи мулоқотро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлили вазъи корҳо дар вилоят, аз ҷумла рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва раванди ободкориву созандагӣ, яъне омодагӣ ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатӣ маънидод карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вусъати корҳои бузурги ободониву созандагии мардуми заҳматкаши вилояти Хатлон ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳадафи асосиву ягонаи давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушду тараққиёти кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, зина ба зина беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ ва дар ояндаи наздик боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаву канори он мебошад.

Бинобар ин, Сарвари давлат бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи вилояти Хатлон, хусусан, бо дарназардошти вазъи бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза минбаъд низ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон, ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон бо ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ ҳушёру омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ, махсусан, дар арафаи сисолагии истиқлоли давлатӣ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.

Пас аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ба ҳолати 1 июни соли 2021 дар назди Сарвари давлат ҳисобот дод.

 

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Ҳадафи ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшидан ба фаъолияти як зумра иншооти нав, аз ҷумла, ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59, мавриди истифода қарор додани муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии «Нури тиб» дар деҳаи Ғиҷоваки ҷамоати Пушинг, ифтитоҳи Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ» дар деҳоти Корез, ба истифода додани Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи маркази ноҳияи Данғара ва ҳамзамон, шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии ҳосилу гузаронидани кишти такрорӣ ва мулоқот бо фаъолон мебошад.

 Дар маъракаи ифтитоҳи Беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ Президенти кишварро ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон пазироӣ намуданд.

Бинои беморхонаи сироятӣ бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз 5 ошёна иборат аст.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхонаи махсусгардонидашудаи сироятӣ, дар оянда кори табибонро дар пешгирӣ, муоина ва муолиҷаи маризиҳои хавфноки сироятӣ боз ҳам босамар хоҳад кард.

Бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат ва амалисозии барномаҳои миллӣ соҳаи тандурустӣ дар ҷумҳурӣ, ба хусус дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рушд намуда, дар натиҷа сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардид, ки яке аз ҳадафҳои афзалиятноки давлат ба шумор меравад.

Дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кардани муассисаи нави тиббии имрӯза туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва сокинони ноҳияи Данғара мебошад.

09.06.2021. Саҳни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон намуди идона дорад. Даромадгоҳи донишгоҳ, аз ҳамон тарафе, ки парчам сар афрохтааст ва аз набудани шамол, андаке ҳам алвонҷ намехӯрд, бо пуфакҳо оро дода шудааст.  Чеҳраи устодону донишҷӯён ба табассум моил. Ректори донишгоҳ муҳтарам Убайдулло Қурбон бо муовинонаш чун ҳамеша рост истодаанд.  Устодон гурӯҳ - гурӯҳ  бо ҳам суҳбат доранд. Гоҳ - гоҳ  дар саҳни донишгоҳ шахсони ношинос - мардон ва занон намоён мешуданд, ки дар дасти баъзеашон гулдаста аст. Волонтёрони донишгоҳ аз як бино ба бинои дигар равуо доранд. Ба назар менамуд, ки  онҳо низ аз ҳарвақта дида, имрӯз  серкортаранд.

Хонандаи закӣ бояд аллакай ҳис карда бошад, дар донишгоҳ чорабиние аст, аммо на чорабинии одӣ.

Бале, аз ин чорабинӣ ҳар як корманди донишгоҳ, ҳар як омӯзгор ҳар як шогирд ва падару модар хушҳоланд ва ифтихор доранд.

Он хатми аввалин донишҷӯёни курси панҷум - стоматологҳо мебошад. Барои эшон панҷ соли таҳсил, панҷ соли андӯхтани илму дониш, панҷ соли баҳра бурдан аз таҷрибаи ҳаёт, панҷ соли ҷавонӣ паси сар шуд.

Соати 1000. Ҳама дар толори фарҳангӣ ҷамъ омадаанд. Либоси хатмкунандагон аз дигарон фарқ мекард. Ба назарам кулоҳ ва ранги либосашон ба либоси профессорони фахрии донишгоҳ - Должикова В.А. ва Ситамов С. шабоҳат дошт.

Ректори донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон профессор Убайдулло Қурбон аҳли нишастро ба муносибати «Рӯзи аввалини хатм» табрик намуда, бо як ҷаҳон ормонҳои нек барои хатмкунандагон роҳи сафед орзу намуданд.

Пас аз табрикоти ректори донишгоҳ профессорони фахрии донишгоҳ - Должикова В.А. ва Ситамов С. донишҷӯёнро табрик намуданд.

Волидони донишҷӯён дар суханронии пур аз меҳру муҳаббаташон ба устодони донишгоҳ изҳори сипос намуданд.

Ҳамзамон, суханронии хатмкунандагон - Абдуллоев М. ва  Зикиров И.  низ хеле самимӣ буд.

Сипас лаҳзаи тантанавии чорабинӣ оғоз гардид. Бо эълон кардани ному насаби хатмкунандагон онҳо дар саҳна ҳозир шуда, дипломро шахсан аз дасти ректор гирифта, акси хотиравӣ мегирифтанд ва дар саҳна чун соҳибҷашн саф кашиданд.

Ниҳоят лаҳзаи қасамёдкунӣ фаро расид, ки барои ҳамаи духтуршавандаҳо ҳатмист. Хатмкунандагони мо низ қасам ёд карда, бо  дилу нияти пок касби табибиро бар дӯш гирифта, ба хизмати халқу Ватан тайёр буданашонро баён намуданд, ки муборакашон бод!

Ин ҳама лаҳзаҳои фараҳбахшро волидон аз толор бо ифтихор тамошо карда, гулдаста дар даст интизори аз саҳна фуромадани фарзандонаш буданд ва ин лаҳза низ фаро расид.

Падарон бо ифтихор ва модарон бо ашки шодӣ фарзандонро ба оғӯш гирифта, табрик мекарданд. Хурсандии устодон низ ҳадду канор надошт.

Дастаи ҳунарии «Дурахшон» чорабиниро хеле рангину дилрабо намуд. Овози ҳофизон дар саҳна танинандоз гардид:

 

                   Рӯзи хатм - рӯзи шодӣ рӯзи ғам,

                   Рӯзи хатм - хандаву дарду алам…

 

Рӯзи хатми аввалин барои хатмкунандагон ва аҳли донишгоҳ муборак бошад! Бигзор ҳама рӯзатон рӯзи шодиву хурсандӣ бошад!

 

ХАБАРНИГОРИ ДОНИШГОҲ

Меҳмонони олиқадр, устодон ва шогирдони азиз!

Қаблан ҳамаи Шуморо ба чорабинии тантанавии бахшида ба хатми аввалини  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон самимона хайра мақдам гуфта, бо боварӣ изҳор менамоям, ки ҳузури мубораки шумо ба ин маҳфили бошукӯҳ таровату ҳусни дигар афзун месозад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, шогирдони азиз, аввалин хатмкунандагони донишгоҳ - шуморо бо ин рӯзи дар ҳақиқат ҳам хотирмону фаромӯшнашаванда - ҷамъбасти бомуваффақияти таҳсил дар таълимгоҳи олии тиббии ҷумҳурӣ ва сазовор гаштан ба номи пуршарафи табибӣ аз самими дил табрику таҳният гуфта, ба ҳар кадоми шумо дар расидан ба орзуву умедҳои минбаъдаатон муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям. Ҳамеша сарбаланду саодатёр бошед.

Ҳозирини гиромӣ!

Барои аҳли донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон мояи ифтихор аст, ки маҳз бо иқдом ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2016 Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис ёфт ва имрӯз мо нахустин хатмкунандагони ин боргоҳи маърифатро чун табибони дорои малакаву маҳорати хоса ба ҳаёти наву  дунёи нозуки табибӣ бо ифтихор ва фараҳмандӣ гусел менамоем. Гусел менамоем шогирдонеро, ки 5 сол пеш аз аввалинҳо шуда, ба ин донишгоҳ ҳуҷҷат супориданд ва сазовори номи донишҷӯӣ гардиданд. Ва инак, 5 соли заҳмат, 5 соли талош, 5 соли бедорхобӣ, 5 соли кӯшишу ғайрат ва 5 соли ояндасозии дурахшон паси сар шуду гуё динаякак буд ҷашн гирифтани «Рӯзи дониш»-и нахустин дар донишгоҳи навтаъсис бо шогирдони аввалин. Чун як навор аз пеши чашм мегузараду аз умри чун оби дарё равони мову шумо дарак медиҳад.

Вале, хушбахтии якояки мо аст, ки ин умри 5 - соларо барабас нагузаронидем. Дониш омӯхтему таълим гирифтем, илм андӯхтему соҳибмалака шудем, тарбия дидему бомаърифат шудем, бо дарди инсон сару кор гирифтему табобатгари инсон шудем ва ба ин рӯзи мубораку ҳумоюн, ки орзуву умеди якоякамон буд, бо сарбаландӣ расидем.

Номи ҳар кадоми шумо - шогирдони гиромӣ, дар таърихи донишгоҳ чун аввалин хатмкунандагони донишгоҳ бо хати заррин сабт хоҳад ёфт ва ҳамзамон аз шумо масъулияти даҳчанду садчанд зиёдтарро талаб хоҳад дошт. Зеро муваффақияту комёбиҳои минбаъда, мақому манзалати хоса пайдо кардан дар байни ҷомеа, чун табибони ҳозиқ соҳибэҳтиром гардидани шумо ба донишгоҳи азизамон шукӯҳу ҷалол ва нигоҳи неку назари хосаи оммаро ато хоҳад бахшид.

Имрӯз Шумо дар муҳити тантанавӣ «Савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ёд хоҳед намуд, ки он маънои дар ҳама ҳолу  аҳволи зиндагӣ содиқ будан ба касби табибиро дорад ва итминони комил дорам, ки бо масъулияти том шумо ин нуктаро дарк намуда, савганд ёд менамоед.

Хатмкунандагони азиз!

Давраи донишандӯзӣ ва камолоти касбӣ дар ҳақиқат ҳам мушкилиҳои зиёдеро доро аст, вале Шумо, ки панҷ сол пеш бо азму иродаи  қавӣ ва нияту орзуҳои ширини ҷавонӣ ба ин таълимгоҳи муқаддас қадам гузошта будед, сабру таҳаммулро пешаи асосии худ намуда, душвориҳои сангини пайроҳаи  касбомӯзӣро паси сар кардед ва имрӯз  метавонед ифтихор намоед, ки аз имтиҳони аввалини зиндагӣ бомуваффақият гузашта, ба фаъолияти мустақилонаи касбии худ роҳи васеъ кушодед. Бо фараҳмандӣ, имсол Донишгоҳи мо 45 нафар дастпарварони худро ба хизмати халқу Ватан сафарбар менамояд, ки аз онҳо 4 нафар донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намудаанд ва ин, албатта, боиси сарфарозии мо мебошад.

Тазаккур бояд дод, ки ҳаёти донишҷӯӣ на танҳо касб омӯхтану дониш гирифтан ва соҳибмаълумот шудан аст, балки он худ як мактаби зиндагӣ, як давраи беҳтарини умри ҷавонӣ, як марҳилаи тиллоию такрорнашавандаи ҳаёт ба шумор меравад, ки онро ҳамроҳ бо ҳамсабақонатон дар ҳамзистӣ бо ҳамдигар чун дӯсту бародар паси сар намудед ва итминонам комил аст, ки дӯстиву бародарии шумо давоми умр пойдор хоҳад монд ва ҷашни панҷ, даҳ ё бист соли баъди хатм нишонаи аълои дӯстиву бародарии шумо хоҳад буд. 

Шогирдони азиз, набояд фаромӯш сохт, ки хатми донишгоҳ ин ҳанӯз анҷоми кор нест. Барои табиби ҳозиқу донишманд ва мушкилкушои дарди ҳазорон нафар ниёзмандон гаштан дар оянда низ бо дарки масъулият бояд таҷрибаи андӯхтаи ҳамкасбони калонсолро азхуд намуд, зеро танҳо дар амал татбиқ намудани донишҳои тӯли панҷ сол азбарнамуда наметавонад шуморо ба қуллаҳои баланди илм бирасонад ва гули сари сабади аҳли ҷомеа гардонад. Беихтиёр дар ин ҷода боз ҳам мисраъҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба хотир мерасанд, ки фармудаандт:    

            Ақл қувват гирад аз ақли дигар,

            Пешагар комил шавад аз пешагар.

Оре, итминони комил дорам, ки хатмкунандагони аввалин ин пандро сармашқи кори худ намуда, дар ҷодаи касби хеш  масъулияти боз ҳам бештарро  ҳис менамоянд.      

Набояд фаромӯш кард, ки  ҳар кадоми шумо дар кадом нуқтае, ки набошед, то ба ҳадди камолоти касбӣ расидан аз таваҷҷуҳи устодон ва роҳбарияти донишгоҳ дур нахоҳед монд ва мо дар ҳама лаҳзаҳо омодаем, ки барои рушди касбии шумо кӯмаки амалии хешро расонем.

Бори  дигар, Шумо - шогирдони азизро бо хатми донишгоҳ табрику таҳният гуфта, дар амалияи касби пуршарафи табибӣ ба ҳар кадоматон комёбиву сарфарозӣ ва некномиву саодатмандиро таманно менамоям.

Роҳи сафеди зиндагӣ насибатон бод, хатмкунандагони азиз!

Подкатегории

replica rolex fake watches rolex replica replica watches rolex replica replica rolex fake watches replica watches replica rolex fake watches