Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Sunday, 19 April 2020 00:00

19 - соли сулҳу оромӣ

Яке аз оқибатҳои фоҷиабори нооромиҳои солҳои 90-ум  ин бо суръати тез рӯ ба таназзул ниҳодани илму фарҳанг ва аз пойтахти мамлакат ба гӯшаҳои нисбатан ороми кишвар ва берун аз он кӯч бастани олимону фарҳангиён буд. Аз ин хотир баъди ба даст овардани Ваҳдати миллӣ  истиқлолияти тоҷикон аз нав таҳким ёфта, барои давлати ҷавону тозабунёди мо марҳилаи нави созандагиву бунёдкорӣ фаро расид. Насими азнавбарқароркунӣ ва эҳёи кору фаъолият ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат хоса, ба илму фарҳанги тоҷик  нерӯву тавони дубора бахшид.

Бояд гуфт, ки парокандагиҳое, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ саросари мамлакати ҷавони моро фаро гирифта буданд, ба вазъи кору таҳсил дар  муассисаи таҳсилоти олии кишвар низ бетаъсир намонданд. Бисёр мутахассисони варзидаи соҳаи маорифу тандурустӣ, ки солҳои зиёди ҳаёташонро ба рушди илму маориф ва тарбияи мутахассисони ҷавон бахшида буданд, аз сабаби нооромиҳо пойтахтро тарк намуда, ба гӯшаю канорҳои нисбатан ором ва давлатҳои хориҷ кӯч бастанд. Базаи моддию техникии ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар ниҳоят хароб гашт. Аз ҳама бадтараш он буд, ки як навъ ваҳму ҳароси ботинӣ мардуми ҷумҳуриро фаро гирифта, ин нобоварӣ ба ҷавонони ҳӯшманди минтақаҳои гуногуни кишвар имкон намедод, ки ба пойтахт омада, сафи донишҷӯёнро пурра намоянд.

Маҳз дар ҳамин вазъияти парешонию рӯҳафтодагӣ хабари ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ чун ҷони наве буд, ки бар тани афгори миллати на як бору ду бор ҷабри таърихро кашида бо кайфияту рӯҳбаландиҳои тоза дамид.

 Бо фаро расидани сулҳу ваҳдат оҳиста-оҳиста ҷои ваҳшату торикиҳоро дар пойтахти мамлакат ҳаёти орому муқаррарӣ гирифт. Дар донишгоҳҳо  низ барои аз нав барқарор намудани набзи пешинаи кору таълим фаъолияти густурдае оѓоз ёфт. Аксари кормандони илмӣ, ки чанд сол боз таѓйири ҷои кор намуда буданд, аз нав ба таълимгоҳхои олӣ баргаштанд. Ҳукумати мамлакат барои ҷоннок намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар як қатор чорабиниҳои муҳимро роҳандозӣ намуда, барои аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намудани таълимгоҳҳо кӯшишҳои зиёде ба харҷ дод. Сафи ҷавонони илмомӯз рӯз аз рӯз афзудан гирифт. Дар асоси созишномаҳои Ҳукумати мамлакат роҳбарияти донишгоҳҳо  барои баланд бардоштани сатҳи таълими касбӣ бо як қатор муассисаҳои олии хориҷи кишвар ҳамкориҳои самарабахшро ба роҳ монд. Аз ҳама муҳимаш ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар аз нав ба ҳам омада, ба якдигар дасти дӯстию оѓӯши бародарӣ кушоданд.

 Бале, ин ҳамаро метавон файзу баракат ва меваҳои шаҳдбори Ваҳдати миллӣ ҳисобид, ки он 27 июни соли 1997 тавассути талошу пофишориҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада буд.

 Аз он рӯзи фирӯзи паёми хуши сулҳу ваҳдат дар саҳифаҳои таърих 19 сол сипарӣ мегардад. Воқеан, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои рӯ ба тарақӣ ба ҳисоб рафта, дар байни дигар кишварҳо ҳамчун давлати мустақил дорои ҳукумати ҷадид, ҳудуд, забон ва дигар муқаддасоти миллию  умумибашарӣ мебошад

 Умуман, ваҳдату ягонагӣ чун омили муҳими бақои давлату давлатдорӣ, рушди бемайлони иқтисоди миллӣ ва таҳкими пояҳои фарҳанги ҳазорсолаи аҷдодӣ бояд мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ гашта, ҳамчун сарчашмаи ободиву шукуфоӣ ва рӯзгори осудаву босаодати мо азизу гиромӣ дошта шавад ва набояд фаромӯш созем, ки рушду инкишофи минбаъдаи ҷомеаи навини тоҷикон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт танҳо ба туфайли иттифоқу сарҷамъии қавму миллатҳои гуногуни он, ҳамбастагии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва дар ниҳояти кор иттиҳоди халалнопазири қишрҳои гуногуни ҷомеа ба даст меояд.

Шуъбаи таҳлил назорат ва робита бо ҷомеа

Номгӯи адабиётҳои тавсиявӣ барои донишҷӯёни курси аввал

        

          Дар ҳақиқат, китоб манбаи дониш буда, тамоми бузургон ва донишмандони гузаштаи мо китобро яке аз беҳтарин арзишҳои зиндагӣ дониста онро «Аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ » пиндоштаанд.  Китобхонию китобдӯстӣ шахсро ҳатман ба қуллаҳои мурод мерасонад ва мартабаашро дар байни ҷомеа баланд  мебардорад. Инсонро ҳимматбаланду қадршинос мегардонад.

           Раёсати  Донишгоҳи давлатии тиббии  Хатлон   барои оғози машғулиятҳо дар соли таҳсили 2016-2017 омодагиҳо гирифта, бо мақсади  боз ҳам иттилоотнок гардондани донишҷӯёни нахустини худ,   номгӯи китобҳои тавсиявиро барои фанҳое, ки  дар курси аввал истифода бурда мешаванд,   пешниҳод менамояд:

Фанни анатомияи одам

 

1.М.Г.Привес, Н.Г Лысенко, В.И.Бушкевич –Анатомия человека

2.М.Р.Сапин –Анатомияи одам ,том -1-2.

3.Ф.А.Абдураҳмонов-Анатомии  человека, том-1-2

  1. Х.М. Сафаров ,Ф.А.Абдураҳмонов –Атласи мухтасари анатомияи одам

5.Р.Д.Синельников –Атлас анатомия человека, том-1,2,3

6.В.П.Воробьев –Атлас  анатомия  человека  

7.В.Н.Тонков –Анатомия человека,

8.Г.Ф.Иванов Анатомия человека,том 1-2

           

Фанни забони тоҷикӣ

 

  1. Арзуманов С. Забони тоҷикӣ
  2. Асозода Х.,Кабиров Ш.,Анварӣ С. Забон ва адабиёти тоҷик

3.Бобомуродов Ш. Ҳамсадоҳои такрор дар забони адабии ҳозираи тоҷик

4.Бозидов Н. Пайвандакҳо дар забони адабии ҳозираи тоҷик

5.Ғаффоров Р.,Ҳошимов С., Камолиддинов Б-Услубшиносӣ

  1. Дастур ва маҷмӯи машқҳо оид ба омӯзиши имлои забони тоҷикӣ
  2. Грамматикаи забон ва адабиёти тоҷик
  3. Дастур ва маҷмӯи машқҳо оид ба омӯзиши аломатҳои китобӣ
  4. Дастур ва маҷмӯи машқҳо оид ба омӯзиши ҳуҷҷатҳои расмӣ

10.Девони одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

11.Забони адабии ҳозираи тоҷик қисми 1-2

12.Имлои забони тоҷикӣ

13.Исматов С.,Қурбонов С.,Ҷӯраев Б. Калимаҳои ташдиддор

14.Кабиров Ш.Тӯраҳасанов К.,Аюбова М.,Саидҷаъфаров О.,Қурбонов С. Забони тоҷикӣ

15.Кабиров Ш.,Исматов С. Вожаномаи мухтасари соҳавии русӣ ва тоҷикӣ

16.Кабиров Ш. Луғати омонимҳои забони тоҷикӣ

 

Фанни  таърих

 

1.Раҳмонов Э.Ш.Тоҷикон дар оинаи таърих  1.От  арийцев до Саманидов

2.Раҳмонов Э.Ш.Таджикистан по пути демократии и цивилизованного общества

3.Гафуров Б.Г. Таджики

4.История таджикского народа

5.А.С.Саидов., Х.К Иброҳимов  История таджикского народа

 

 

Фанни биология

 

1.Холбегов М.Ё., Ашуров А.Т. Биологияи тиббӣ. (курси лексияҳо)

2.Биология. Исмоилова Л.,Баҳромов А.М

3.Исмоилова ва дигарон Биологияи тиббӣ

4.Жимулёв И.Ф. «Общая и молекулярная генетика» 

5.Гайнутдинов И.К., Юровская Э.Д. Медицинская генетика

 

 

Фанни химия

 

1.Общая химия.Биофизическая химия.Химия биогенных элементов

учебник для медицинских вузов.Ю.А.Ершов ,В.А Попков

2.Практикум по общей химии.Биофизическая химия .Химия биогенных элементов.Учебное пособие.

3.Ҳоҷибоев Ю.,курси лексия аз кимиёи биоорганикӣ 

4.Ҳоҷибоев Ю., матни лексияҳо

5.Тюкавкина Н.А.,Бауков Ю.И биоорганическая химия

  1. Общая химия.Биофизическая химия. Химия биогенных элементов учебник для медицинских вузов Ю.А.Ершов., В.А.Попков., А.С. Берлянд

7.Сборник задач и упражнений по общей химии. В.А.Попков., С.А.Пузаков

 

Фанни забони лотинӣ

1.Чернявский М.Н. Латинский язык  и основы медицинской терминологии

2.Асосҳои истилоҳоти тиббӣ  

  1. Асосҳои истилоҳоти клиникӣ ва фармасевтӣ

 

 

Фанни информатика

 

1.Фигурнов Ю.В.IВМ для пользователя.Краткий курс

2.Микяев А.А.Настольная книга для пользователя IBM РС

3.Омельченко В.П. практикум по медицинской информатике

4.Симонович  А.А. практческая информатика

5.Аслонова Х.М., Солиев А.Г. информатика

6.Аслонова Х.М.,Сайфуллоев З.У информатикаи тиббӣ

7.Маҷмӯи корҳои лабараторӣ аз фанни информатика

 

Фанни физикаи тиббӣ

 

1.Н.М.Ливенцев.Курс физики для медвузов

2.А.Н.Ремизов Медицинская и биологическая физика

3.Дж.Мерион .Общая физика с биологическими примерами

4.Ю.А.Корнеев ,А.П.Коршунов ,В.И.Погадаев .Медицинская и биологическая физика

5.В.А.Владимров ,Д.И.Рощупкин, А.Я.Потопенко  Биофизика

 

Фанни забони англисӣ

 

1.А.М.Маслова, З.И. Вайнштейн, Л.С.Плебейская китоби забони англисӣ барои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

2.Луғатҳо:луғати англисӣ-русӣ, луғати русӣ-англисӣ,луғати тиббии русӣ-англисӣ,англисӣ –русӣ

3.Китоби дарсӣ : Забони англисӣ барои навомӯзон  З.А.Муҳамадиева,

М.М.Акбарова , Г.Ҳ.Мирзоева

 

Фанни диншиносӣ

1.Абдуллозода Ш. Асосҳои диншиносӣ

2.Таърихи динҳо

3.Угринович Д.М Введение в теоретическое  религиоведение 

4.Васильев Л.С. История религии Востока

5.Абдулҳаев К.А. Основы эволюции идеи Бога в семитских религия

 

Фанни географияи Тоҷикистон бо асосҳои демография

 

1.Холбеков М.Ё. ва дигарон Курси лексияҳо аз фанни география

2.В.П.Максаковский.Экономическая и социальная география мира

3.Ю.Н.Гладкий, С.Б.Лавров Экономическая и социальная география мира

4.Борисов В.А.Демография

5.Бутов В.И.Демография

 

Фанни забони русӣ

  1. Юлдошев У.Р. “Учебное пособие для практических занятий по русскому языку для в Таджикском государственном медицинском университете ” (для студентов 1 курса)
  2. Юлдошев У.Р., Должикова В.А., Хайрова Х.И. “Учебное пособие по развитию русской профессиональной речи для студентов 2 курса медицинского университета”
  3. Юлдошев У.Р. “Обучение сочетаемости слов по теме “Моя специальность” (Методические разработки по русскому языку для студентов-медиков)”

Комиссияи қабули ДДТХ ба маълумоти довталабон мерасонад, ки дар муҳлати муқарраршуда оид ба пардохти маблағи таҳсили гурӯҳҳои шартномавӣ то имрӯз 75% маблағҳои худро пардохт намудаанд. Барои ба пуррагӣ анҷом ёфтани қабули маблағҳои донишҷӯёни шарномавӣ муҳлати ниҳоии пардохт то 10.06.2016 дароз карда мешавад. Аз нафароне, ки то имрӯз маблағи шартномаро пардохт накардаанд дархост карда мешавад, ки то санаи муайяншуда маблағи шартномаи таҳсилро ба суратҳисоби бонкии ДДТХ пардохт намоянд.

Аз довталабоне, ки маблағи таҳсилро дар дигар филиалҳои Амонатбонк супоридаанд хоҳиш карда мешавад, ки бо мо бо телефони 8331221034 дар тамос шаванд.

Суратҳисоби бонкии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 

ҲИСОБИ МАХСУСИ РАЁСАТИ МОЛИЯИ н.ДАНҒАРА

АМОНАТБОНК ДАНҒАРА №59

р/с    20204972600034359000

к/с    20402972316264

БИК  350101626

Маблағи пардохти таҳсил барои як сол вобаста ба факултет:

ТИББӢ – 7700 ПЕДИАТРӢ – 6160 СТОМАТОЛОГӢ – 8690

Имрӯз барои ишғоли вазифаҳои холӣ барои омӯзгорон  дар ДДТХ   озмӯн баргузор гардид.

            Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, дар асоси Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2016,  дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон    таъсис ёфта, ки мақсад аз ташкил ёфтани ин муассисаи олӣ қонеъ намудани талаботи кишвар бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат  ба мутахассисони соҳаи тиб мебошад. 

           Лозим ба қайд аст, ки ба озмӯн беш аз 50 нафар устодону омӯзгорони варзида аз муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат  пешниҳод намуданд, ки 11 нафари онҳо дорои дараҷаи илмӣ мебошанд. Ёдовар мешавем, ки барои соли якуми таҳсил дар донишгоҳи тозабунёд 5 кафедра таъсис дода шудааст ва  тибқи нақшаҳо ва сарбории  таълимӣ  аз  35  воҳиди корӣ иборат мебошад

            Зимнан,  Донишгоҳи тиббӣ моҳи майи соли равон дар асоси имтиҳоноти қабул 350 нафар довталабони  лаёқатмандро ба курси аввал қабул намудааст.   

           Раёсати донишгоҳ  барои амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат оид ба омодасозии мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ тамоми  воситаҳоро  ба кор бурда,   барои   беҳтар намудани   шароиту имкониятҳои таълимӣ  ба  таври самарабахш кӯшиш хоҳад намуд.

 

Our partners 
 
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид