Санаи 26 – декабри соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон маҳфили “Олиҳаи тиб” дар мавзуи “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гашт, дар он гулдухтарони факултетҳои педиатрӣ ва тиббӣ аз рӯи шартҳои зерин маҳорату ҳунари худро нишон доданд:
- Омода намудани нон
- Маълумот додан оид ба тарзи омода намудани нушокӣ бо номи “Смузи” ва ҷихатҳои фоидаовари он ба инсон
- Омода намудани хӯриши фоидаовар
- Ороиши табақ бо меваҳо
Бо ҳисси ифтихор гуфтан мумкин аст, ки маҳфил хеле шавқовар гузашт ва маълум гашт, ки донишҷӯдухтарони мо натанҳо дар сабақомӯзӣ, балки дар кадбонугӣ ҳам дониши баланд доранд. Дар он тамоми донишҷӯдухтарони донишгоҳ иштирок намуда, барои худ аз ҳунари кадбонуӣ маълумоти фоидабахш гирифтанд. Дар маҳфил устодон Шарипова Ҳ.Я., Мамадавлатова М., Наботова О.З., Набиева А.А. иштирок намуда, ба ҳунари духтарон баҳои баланд доданд.
Раиси Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ
н.и.х.Усмонова У.Х.
Омӯзгори собиқадори ДДТХ ба Китобхона туҳфа овард.
Боиси хушҳолӣ ва фараҳмандист, ки бо кӯмаку дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони хайрхоҳ рӯз то рӯз Китобхонаи Донишгоҳ ободтару фонди он ғанӣ гашта истодааст. Санаи 14.12.2016 аз ҷониби Дотсенти кафедраи забонҳо, Корманди шоистаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Должикова Валентина Андреевна 18 нусха адабиёти дарсӣ-таълимӣ (забони русӣ Юлдошев У.Р с.2014 ) ба Китобхона туҳфа кард. Муаллима қайд карданд, ки агар ҳар як омӯзгор чунин масъулиятро ҳис намуда, саҳми худро дар пешрафти кори Китобхона гузоранд, фонди Китобхонаи Донишгоҳ ғанӣ мегардад.
Маъмурияти Китобхона барои чунин кори хайраш изҳори сипос намуда, барояш тансиҳатӣ ва дар корҳои эҷодиаш мувафаққиятҳо таманно дорад.
Маъмурияти Китобхона
Муоинаи тиббии донишҷӯёни ДДТХ
ДДТХ дар асоси Шартнома оид ба ҳамкорӣ байни Донишгоҳ ва Беморхонаи клиникии Ҷумҳуриявии н.Данғара ва Беморхонаи марказии н. Данғара, оид ба якҷоя ташкил намудан, такмил додан ва таъмини ёрии тиббӣ ба аҳолӣ, раванди расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ, барои ҳамкориҳои судманди мутақобила ба раёсати БКҶ ва БМ изҳори миннатдорӣ баён менамояд.
Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки бо мақсади беҳдошти вазъи солимии донишҷӯёни ДДТХ ва кормандон бо кӯмаку дастгириҳои кормандони БКҶ ва БМ муоинаи тиббии донишҷӯёнро дар ДДТХ гузаронад. Дар санаи 14.12.2016 дар ДДТХ муоинаи тиббии донишҷӯён оғоз ёфт.
Шуъбаи таълим
Муҳтарам Убайдулло Қурбон!
Ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва созмонҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Шуморо ба рӯзи мавлудатон аз самими дил табрику муборакбод мегӯянд.
Боварии комил дорем, ки зери роҳбарии Шумо муассисаи олии касбии тиббие, ки имсол дар вилояти Хатлон таъсис ёфтааст дар муддати наздиктарин ба яке аз марказҳои бузурги илмию маърифатӣ табдил ёфта, макони тарбияи мутахассисони ояндаи соҳаи тандурустии кишварамон мегардад.
Дар ин рӯзи фараҳбахш ба Шумо хуррамию сарсабзӣ, рӯзгори неку файзбор ва сиҳатмандиву сарбаландиҳои пойдорро таманно менамоем.
Бо эҳтиром,
Шӯрои олимон ва созмонҳои ҷамъиятии ДДТХ