Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Душанбе, 04 Июл 2016 00:00

Корҳои ободони дар ДДТХ

Омодагиҳо барои шуруъ гаштани  соли нави таҳсил дар  донишгоҳ торафт авҷ мегиранд. Субҳи барвақт, рӯзи 4 – уми июли соли равон шумораи зиёди  донишҷӯёни ба тозагӣ  қабулшуда  ба донишгоҳ ва кормандони раёсат ба  ҳашари умумидонишгоҳӣ, ки бо мақсади ба тамиз овардани саҳни ҳавлӣ, гирду атрофи донишгоҳ ълон гардида буд, ҳозир гаштанд.  Дар давоми зиёда аз 4 соат донишҷӯёну кормандон, қитъаи бештар аз 3 га заминро ба тамиз дароварда, онро аз сангу шағал ва гиёҳу растниҳои бегона тоза намуданд. Гулу гулбуттаҳо, дарахтони сояафкану мевадиҳанда  ва  чаманзорҳо, ки  рӯзҳои охир аз беобӣ ҳоли ногувор доштанд бо об таъмин карда шуданд.  Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки корҳои  таъмирии хобгоҳ  аз ҷониби бригадаи   сохтмончиён бо маром пеш рафта истодааст.

Раёсати донишгоҳ ният дорад, ки  то оғози соли нави таҳсил  гирду атроф ва  саҳни биноҳоро тавассути чунин шанбегиҳо зебою назаррабо гардонад. 

 

 

Бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз 30 июли соли 2007 № 14/2 тасдиқ шудааст.
 

 Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ

 Муқаддима


 

 Зарурати омода намудани либосҳои тавсиявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар банди 4 «Қоидаҳои донишҷӯӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2006 № 32/3) таъкид гардидааст.

Либоси донишҷӯӣ дорои хусусияти хос буда, дар инкишофу такомули тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори миллии донишҷӯён нақши бузург мебозад. Либосҳои намунавии донишҷӯӣ дар замири донишҷӯён ҳисси зебопарастӣ, озодагӣ ва хулқу атвори ҳамидаро ҷой намуда, онҳоро водор месозад, ки хушбин ва боинтизом бошанд.

 

Либосҳои тавсиявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ

  Дастурамали мазкур тарҳи намунавии либосҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбиро оид ба ҳар як фасли сол барои духтарон ва писарон муайян менамояд. Либосҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бояд аз матоъҳои пахтагию абрешимӣ ё худ пашмӣ, ки барои саломатии инсон безарар аст, дӯхта шаванд. Аз истифодаи матоъҳои синтетикӣ, ки ба саломатии инсон зараровар мебошанд, худдорӣ карда мешавад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо қарори Шӯрои олимон (Шӯрои педагогӣ) талаботи пӯшидани либосҳои донишҷӯён таъмин карда мешавад.

Ба духтарон бо рӯймоли миллӣ ва ба писарон бо тоқӣ дар дарс нишастан иҷозат дода мешавад. Ҳамаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ҳангоми ба дарс омадан бо худ ҷузвдон мегиранд.

Ҳангоми сард будани синфхонаҳо ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо либосҳои гарми зимистона (болопӯш, палто, ҷемпер ва куртка) дар дарс нишастан иҷозат дода мешавад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ барои донишҷӯён истифода бурдани дафтару ашёҳои хонише, ки дар онҳо расму суратҳои нимурён, аксҳои гуногун аз филмҳои хориҷии талқинкунандаи равонияти зӯроварӣ ва барангезанда тасвир шудаанд, манъ мебошад.

Санаи 2 - юми моҳи июни соли равон як гурӯҳ кормандони кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо роҳбарии профессори шинохтаи ҷумҳурӣ Сабурова Анна ба ДДТХ ташриф оварданд.  Зимни вохӯрӣ  бо намояндагони раёсати донишгоҳи навтаъсис   меҳмонон доир ба масъалаҳои ҳамкории кафедраҳо изҳори назар намуда, пешниҳод гардид, ки  кафедраи таҷрибадори биохимия дар ҳама маврид омодааст барои  таъсису ташаккули кафедраи биохияи ДДТХ кӯмаки амалии хешро расонад.

            Боиси тазаккур аст, ки аз тарафи меҳмонон 22 номгӯи китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ   ва як миқдор воситаҳои айёнӣ  ба донишгоҳ   тақдим карда шуд.   Дар навбати худ, Раёсати донишгоҳ ин иқдоми кафедраро, ки  барои рушду нумӯи  донишгоҳи навтаъсис дар ин давра  зарур аст, ҳамчун кори хайр қабул намуда, ба меҳмонон  изҳори сипосгузорӣ намуд.  

              Дар ҳақиқат имрӯз барои ташкил намудани фаъолияти муътадил     ва мустаҳкам намудани  заминаи моддӣ – техникӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    ба чунин  дастгириҳо ниёз дорад.

               Роҳбарияти донишгоҳ имрӯзҳо  барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшишҳо ба харҷ дода, боварӣ дорад, ки дар ҳамбастагӣ бо мақомоту идораҳо ва ташкилоту ҷамъиятҳои кӯмакрасон   фаъолияти бемайлону густурдаи донишгоҳро ба роҳ мемонад.  

  • Шуъбаи таҳлил, назорат
    ва робита бо ҷомеа

 Оғози  фаъолияти касбии  табиб-педиатр, корманди раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, дотсент  -  Кузибоева Наима дар шароити Беморхонаи чумхуриявии клиникии  Дангара

     Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бахши тандурустӣ бемайлон рушд ёфта, сол то сол дар заминаи таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бахши муҳим пешравиҳои назаррас рӯи кор омада истодааст. Давоми солҳои соҳибистиқлолии кишварамон  бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ технологияҳои муосири ташхисию табобатӣ, ба монанди дастгоҳҳои томографияи компютерии магнитию резонансӣ, томографияи компютерӣ, ангиограф, рентгени рақамӣ, эхокардиограф, ташхиси мамографӣ, дастгоҳи ташхиси ултрасадоии допплерӣ, дастгоҳи анализатори автоматикии озмоишӣ, плазмоферез, тасҳеҳи лазерии чашм ва гемодиализ ворид карда шуданд. Ин гуна таҷҳизоти муосир   замина фароҳам овард, ки дар муассисаҳои тиббии мамлакат роҳу усулҳои нав дар корҳои муолиҷавию табобатӣ   роҳандозӣ карда шаванд.

     Зимнан, дар баробари ба роҳ мондани ҳамкориҳои донишгоҳ бо Беморхонаи чумхуриявии клиникии  ноҳияи Дангара дар самти амалиётҳои  гуногуни ҷарроҳӣ, ҳамакнун дар бахши бемориҳои кӯдакона низ  аз аввали моҳи июни соли ҷорӣ ҳамкорӣ оғоз шуд. Ба сифати духтури кудакона дар шуъбаи дармонгох, ҳамзамон сардори шуъбаи таълими донишгоҳ – номзади илмҳои тиб, дотсент Қузибоева Наима ба фаъолият, яъне ба кори муолиҷавӣ шуруъ намуд.

     Лозим ба қайд аст, ки Қузибоева Наима факултети педиатрии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо дипломи аъло  соли 1996 хатм намуда, таҳсили баъдидипломии худро дар зинаҳои ординатура ва аспирантураи  кафедраи бемориҳои кӯдаконаи донишгоҳи номбурда  ба анҷом расонидааст. Соли 2002 мавзуи рисолаи илмии худро бо муваффақият ҳимоя намуда, аз соли 2012 то соли 2016 ба ҳайси дотсенти кафедраи бемориҳои кӯдакона фаъолият намудааст. Ихтсосаш духтур – педиатр, дорои тахассуси дараҷаи олӣ.

     Дар давоми ҳамагӣ 2 ҳафтаи фаъолияти тиббиаш номбурда, дар шароити ба тозагӣ таъсис ёфтани ДДТХ, кабули кудакони беморро ба уҳда дошта, муоина, таъиноти табобати накшавӣ ва  расонидани ёрии  аввалини тиббиро ба хубӣ  ичро намудааст. Дар ин давра тибқи муроҷиати ниёзмандон  ба  145 кудак ва наврасони  бемор аз синни 7 рӯза то 16 сола, вобаста ба  31 сохти  бемориҳои кӯдакона,  хизмати баланди касбии тиббӣ расонидааст.

    Тибқи натиҷаи маълумотҳои таҳлилӣ мушоҳида мешавад, ки аз хама зиёд ҳангоми муроҷиат ва муоинаи онҳо кудакони гирифтори беморихои системаи рудаю меъда, беморихои кирми руда, бемориҳои энсефалопатияи перинаталӣ бо фишорбаландии дохилисарӣ ба қайд гирифта шудаанд. Илова бар ин,  дар  50 дар сади  кудакони бемор зиёда аз 2  ва ё 3 беморихои хамрадиф  ба монади, бронхит + энтероколит + рахит  ва ё энсефалопатияи перинаталӣ бо фишорбаландии дохилисарӣ + рахит + бронхит муайян карда шуданд. Аз хисоби кудакони муоинашуда,  дар ин давра 10 нафарашон ба муоинаи такрори мурочиат карда, бо назардошти бехтаршудани вазъи саломатиашон чавоб дода шуданд. 4 нафари беморон барои тасдик кардани ташхис ва гузаронидани ташхиси тафриқавӣ  бо истифода аз усулхои нави ташхиси ба ш. Душанбе равона карда шуданд. 4 нафар дар якҷоягӣ бо ҷарроҳон муоина шуда, барои гузаронидани амлиёти ҷарроҳӣ тавсия дода шуданд. 4 нафари кудаке,  ки бо холати вазнин барои муоина мурчиат карда буданд, ба беморхонаи марказии н. Дангара  барои бистарӣ шудан роххат дода шудаанд. Инчунин ба нафароне,  ки ба гузаронидани усулхои иловагии ташхис ниёз доштанд, ба шуъбаи озмоишгохҳо роҳхат дода шудаанд.

     Бо назардошти корҳои гузаронидашуда дар самти  ташхису муоиличаи кӯдакони бемор  аз ҷониби духтур Қузибоева Наима барои беҳдошти саломатии қудакону наврасон,  махсусан   дар давраи гармои фасли сол тавсияҳои зерин пешниҳод карда мешавад.

 

     Кӯдакону наврасон мунтазам барои муоинаи тиббӣ аз духторони кудакона маслиҳатҳо пурсанд, гузаронидани саривақтии эмгузарониро риоя намоянд, ҳар моҳа инкишофёбӣ ва вазну қади кӯдаконро назорат баранд, қоидаҳои беҳдоти умумии санитарии кӯдак ва модарро ба ҷо оваранд,  тарзи дурусти хӯрокдиҳӣ ва тарзи дурусти нӯшонидани кӯдакони то сини 1 соларо риоя намуда, инчунин дар интихоби пӯшонидани либос, махсусан ба навзодон ба таври ҷиддӣ аҳамият дода шавад. Ҳамзамон таъкид карда мешавад, ки ҳангоми сар задани бемориҳои қайкунӣ, шикамравии дурудароз ва ҳаррорати баланд  ба худтабобаткунӣ машғул нашуда, балки сари вақт ба духтури кудакона муроҷмат намоянд.

    Роҳбарияти донишгоҳ дар доираи ҳамкориҳо бо Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара,  дар ояндаи наздик ният дорад, ки бо истифода аз потенсиали илмию тахассусии худ мактаби дараҷаи олӣ ва бисёрсоҳаеро, аз ҷумла, мактаби педиатрияро бо ташаббуси чунин олимони соҳа бунёд созад ва фардо тавонад, ки  дар тамоми самтҳои хадамоти тиббӣ ёрии тахассусноки сатҳи олиро ба аҳолӣ  пешкаш намояд, илова бар ин корҳои бузурги илмиву тадқиқотиро низ анҷом диҳад.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид