Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Хабарҳои ДДТХ (915)

Аз 5-ум то 15-уми апрели соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино олимпиадаи ҷумҳуриявии “Авитсена -2023” аз рӯи 17 фан баргузор гардид.

            Дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба тариқи онлайнӣ фаъолона ширкат варзиданд. 

            Хушбахтона, 10 нафар донишҷӯ аз ДДТХ ҷойҳои намоёнро соҳиб гардиданд.

            Донишҷӯи курси сеюми факултети педиатрӣ Абдуллоева М.Ш. аз фанни “Анатомияи патологӣ” сазовори ҷойи аввал гардид.

            Донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ Разоқов Ғ.Ғ. аз фанни “Анатомияи одам” ва донишҷӯи курси сеюми факултети педиатрӣ Амирализода Ф.Р. аз фанни “Анатомияи патологӣ” ҷойи дуюмро ба даст оварданд.

            Донишҷӯи курси панҷуми факултети педиатрӣ Эшбоев Б.М. аз фанни “Бемориҳои ҷарроҳӣ”, донишҷӯи курси панҷуми факултети педиатрӣ Иброимов Ҳ.Б. аз фанни “Ҷарроҳии умумӣ ва анатомияи топографӣ” ва донишҷӯи курси шашуми факултети тиббӣ Давлатова Н. аз фанни “Оториноларингология”  сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

            Ҳамзамон, Раҳматов П.А. - донишҷӯи курси дуюми факултети педиатрӣ аз фанни “Анатомияи одам”, Раҳимқулов С.У. - донишҷӯи курси сеюми факултети педиатрӣ аз фанни ”Гистология”, Шарипов П. А. - донишҷӯи курси сеюми факултети педиатрӣ аз фанни “Физиологияи нормалӣ” ва Ҳошимзода С. Ҳ. – донишҷӯи курси панҷуми факултети педиатрӣ аз фанни “Бемориҳои сироятӣ” ҷойи ифтихориро ба даст оварданд.

            Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён ғолибонро табрику таҳният намуда, барояшон дар ҷодаи таҳсил комёбиҳои беназирро таманно менамоянд.

МУОВИНАТИ ИЛМ ВА НАШРИЯ

Бахшида ба 145 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфилу чорабиниҳои гуногун гузаронида истодаанд.

            Вобаста ба ин санаи муҳим, 25-уми апрели соли 2023 дар кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

            Дар маҳфил муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х., мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П., профессори фахрии кафедра Должикова В.А., сардори бахши гурўњи назорати сифати тањсилот Қурбонов Х.Ш., сармуҳаррири рӯзномаи  “Пайки шифо” О.Саркорӣ, омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён иштирок карданд.

            Мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П. маҳфилро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Номбурда оид ба тарҷумаи ҳол ва осори устод Айнӣ маълумоти мухтасар дод.

            Дар идомаи чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг Қурбонмамадов С.Х. дар бораи қаҳрамониҳои беназири устод Айнӣ суханронӣ кард. Қайд гардид, ки нақши устод Айнӣ дар ҳифзи таъриху фарҳанги ин миллати куҳанбунёд хеле бузург аст ва ӯ барои бузургдошти халқи тоҷик муборизаи беамон бурдааст. Устод Айнӣ нобиғаи нотакрор буда, дар асари худ таҳти унвони “Маънои калимаи “тоҷик” ва услуби нигориши он, ки ҳамагӣ 24 саҳифаи дастнавис аст, 208 маротиба калимаи “тоҷик”-ро зикр намудааст ва барои исботи фикраш далелу санадҳои раднопазир овардааст.

            Профессори фахрии кафедра Должикова В.А. қайд намуд, ки устод Айнӣ бо гуфтори нек, кирдори нек ва рафтори некаш номи неки худро дар ҷаридаи олам ҳамешагӣ сабт намуд.

              Сармуҳаррири рӯзномаи  “Пайки шифо” О.Саркорӣ дар бораи ҷилди панҷуми  “Ёддоштҳо” ё  худ “Таърихи инқилоби Бухоро”-и устод Айнӣ, ки ҳафтод сол ба нашри он пантуркистон монеъ шуда буданд, маълумоти мухтасар дод.

            Шеърхонии донишҷӯён аз ашъори устод Айнӣ ба ҳусни чорабинӣ шукуҳу шаҳомати тоза бахшид.

            КАФЕДРАИ ЗАБОНҲО

25 - уми апрели соли 2023 дар кафедраи фармакология ва микробиологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар мавзуи “Микрофлораи организми инсон” аз ҷониби омӯзгори кафедраи мазкур Сулаймонзода Ф. дарси кушод  баргузор гардид.

            Дар дарси кушод сардори бахши гурўҳи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш., мудири кафедраи фармакология ва микробиология Ҷулаев А., мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Гулов А.А., профессори фахрии ДДТХ Бустонов О., сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа Ҳомидзода И. ва омӯзгорони кафедра иштирок карданд.

            Дар  дарси кушоди мазкур барои шавқовар гардидани дарс ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён аз бозии “Кроссворд” истифода карда шуд.

            Дар анҷоми дарси кушод аз ҷониби сардори бахши гурўҳи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш. ба омӯзгор Сулаймонзода Ф. оид ба маҳорати омӯзгорӣ, масъалагузорӣ дар раванди таълим, риояи робитаҳои фаннӣ, пешниҳоди адабиёти асосӣ ва иловагӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд. 

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

     24 - уми апрели соли 2023 дар кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар мавзуи “Бемории сурхча. Ташхис ва табобати он” аз ҷониби омӯзгори ҷавон Баҳодуров Б. дарси кушод  баргузор гардид.

         Дар дарси кушод сардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш., мудири кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология Исоева Б.И. ва омӯзгорони кафедра иштирок карданд.

        Дарс бо усули интерактивӣ гузаронида шуда, ҳангоми пурсиш оид ба мавзуъ донишҷӯён хеле фаъол буданд.

      Дар анҷоми дарси кушод мубодилаи афкор ба вуҷуд омада,  донишҷӯён ба саволҳои омӯзгорон ҷавобҳои саҳеҳ ва аниқ доданд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

19 - уми  апрели соли 2023 дар  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пазируфтани пешниҳоди панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21 март ҳамчун соли Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Озмуни “Расму тасвирҳои беҳтарин, мусаввараҳои пиряхҳо, чашмаҳо, шаршараҳо ва табиати зебо” баргузор гардид. 

            Дар озмуни мазкур 25 нафар донишҷӯ бо тасвиру мусаввараҳои марбути пиряхҳо, чашмаҳо, шаршараҳо ва табиати зебо иштирок намуданд.

            Ҳайати ҳакамон аз байни 25 нафар  донишҷӯи курси якуми гурӯҳи 103-и  факултети стоматологӣ Ғафоров Б.А.-ро  сазовори ҷои якум донистанд.

            Донишҷӯи курси якуми гурӯҳи 108-и факултети тиббӣ Собиров Б.Б. ва донишҷӯи курси дуюми гурӯҳи 207-и факултети  тиббӣ Ҳакимов Х.Х. сазовори ҷои дуюм гардиданд.

           Ҷойи сеюмро курси якуми гурӯҳи 101-и факултети тиббӣ Сиддиқов И. А., донишҷӯи курси дуюми гурӯҳи 207-и факултети педиатрӣ Муминов П. И. ва донишҷӯи курси сеюми гурӯҳи 302-и факултети педиатрӣ Шокирова Д. Р. ишғол намуданд.

            Раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорон ва омӯзгорон ғолибонро табрику таҳният гуфта, барояшон дар ҷодаи таҳсил комёбиҳои бузург таманно менамоянд.

 

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

14 - уми апрели соли равон дар кафедраи беҳдошт ва эпидемиологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар мавзуи “Гепатити вирусии В ва С” дарси кушод баргузор гардид. Дарси кушоди мазкур дар гурӯҳи 505-и курси панҷуми факултети педиатрӣ аз ҷониби омӯзгор Эшматов С. гузаронида шуд.

            Дар дарси кушод сардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш., мудири кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи патологӣ, тибби судӣ ва гистология н.и.т.  Алиев А.А., профессори фахрӣ Должикова В.А. ва омӯзгорон аз кафедраҳои химия ва биологияи тиббӣ, фармакология ва микробиология, бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология  иштирок карданд.

Дар раванди дарс  аз воситаҳои технологӣ  истифода бурда, дар доираи мавзуъ презентатсия ва видеоролики хурд нишон дода шуд.

            Cардори бахши гурӯҳи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Х.Ш. дарси кушодро ҷамъбаст намуда, барои омӯзгор дар гузаронидани дарсҳои минбаъда тавсияҳои методӣ дод.  

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

       11 - уми апрели соли равон дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи мазкур Сармисоқова Х.Ҷ. маҳфили илмии “ Модари солим - ҷомеаи солим” дар мавзуи “Нақши соҳаи акушерӣ дар тиб” баргузор гардид.

     Дар маҳфил мудири кафедраи акушерӣ - гинекологӣ ва тибби оилавӣ н.и.т. Шокирова У.Ғ., мудири кафедраи ҷароҳии №2 доктор PhD Норматова М.А., мудири кафедраи анатомияи паталогӣ, тибби судӣ ва гистология н.и.т. Алиев А.А.,  омӯзгорони кафедраҳо ва донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ   иштирок карданд.

      Аъзои маҳфил ба чор гурӯҳ ҷудо шуда, ҳар як гурӯҳ оид ба давраи ҳайзбинӣ, бордоршавӣ, ҳомиладорӣ ва равиши он маълумот доданд.

         Дар идомаи маҳфил донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ Шукуров А. бо иҷрои  суруд дар васфи модар хотири иштирокчиёнро болида гардонид.

         Барои боз ҳам мустаҳкам кардани дониши донишҷӯён оид ба мавзу ба донишҷӯён саволҳои санҷишӣ дода шуд. Донишҷӯён ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас доданд.

         Мудири кафедраи акушерӣ - гинекологӣ ва тибби оилавӣ Шокирова У.Ғ маҳфилро ҷамъбаст намуда, ба ташкилкунандагони он изҳори сипос намуд.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Чоршанбе, 12 Апрел 2023 00:00

ДАРАҶАИ ИЛМӢ МУБОРАК!

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  моҳи апрели соли равон боз ба як дастоварди назаррас ноил гардид.

         7 - уми  апрели соли 2023 ассисенти кафедраи фанҳои ҷарроҳии  № 1-и ДДТХ Холов А.Д. рисолаи номзадиро дар мавзуи «Баҳодиҳии муқоисавии натиҷаҳои усулҳои гуногуни геморроидэктомия ҳангоми геморрои музмин» аз рӯи ихтисоси 3.1.9. “Ҷарроҳӣ”  сарбаландона ҳимоя намуд.

         Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳайати омӯзгорону  профессорон ва донишҷӯён Холов Акмал Давлаталиевичро барои ҳимояи рисолаи номзадӣ ва шарафёб гардидан ба дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб самимона табрик ва муборакбод намуда, барояш  комёбиҳои беназир таманно доранд.

РАЁСАТИ ДДТХ

Page 8 of 77

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид