Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Хабарҳои ДДТХ (915)

Санаи 18-уми октябри соли 2023 бо иштироки намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон «Озмоишгоҳи таълимӣ-амалии вирусологӣ» ифтитоҳ гардид. Ҷиҳати ифтитоҳи расмии ин озмоишгоҳи нав Роҳбари намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон - Виктор Олшевский, корманди техникӣ оид ба масъалаҳои лабораторӣ, ҳифзи биологӣ ва амнияти биологии Бюрои Аврупоии ТУТ - Джоанна Зветиенга, корманди техникии лабораторияҳои Қароргоњи ТУТ - Узма Башир, коршиносон оид ба арзебии берунии назорати сифат дар лабораторияи миллӣ - Ҷалилова Гулноз ва Ковалчук Татяна ба донишгоҳ ташриф оварданд.

Намояндагонро муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. расман қабул намуд. Ҳайати намояндагон нахуст дар ошёнаи якуми Бинои асосӣ аз намоиши дастовардҳои донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ, толори китобхона ва китобхонаи электронӣ дидан намуданд. Сипас дар ошёнаи якуми Бинои В, дар вазъияти тантанавӣ «Озмоишгоҳи таълимӣ-амалии вирусологӣ» мавриди истифода қарор дода шуд. Озмоишогоҳ аз 8 ҳуҷра иборат буда, бо навтарин таҷҳизоти озмоишиву таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Инчунин як синфхонаи таълимӣ бо 20 ҷойи нишастро низ доро мебошад. Дар Озмоишгоҳ минбаъд ташхиси умумии озмоишгоҳии хун, ташхиси умумии пешоб, ташхиси балғам барои дарёфти чубчамикроби сил, ташхиси озмоишгоҳии имуносерологии хушки ковид -19 ва ВНМО, ташхисҳои наҷосат барои дарёфти гелминтҳо ва содатаринҳо ба роҳ монда мешавад. Донишҷӯён дар ин озмоишгоҳ метавонанд аз омилҳои муҳити атроф ва аксуламали организм ба онҳо, тафсири натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ, беҳдоштӣ, идемиологӣ, микробиологӣ, вирусологӣ ва иммунологӣ бархӯрдор гарданд ва стратегияҳо, методу усулҳо ва технологияҳои навро, ки ба татбиқи саломатии аҳолӣ равона шудааст, мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Муовинати таълим,

шуъбаи равобити байналмилалӣ.

Санаи 13-14-уми октябри соли 2023 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳамкории Бунёди Меҳрафзуни Фирузгар ва Обтини Сосонфар (Швейтсария), Анҷумани Рудакӣ (Фаронса), Анҷумани тарвиҷи забону адаби форсии шуъбаи Хуросон, Хирадсарои Фирдавсӣ, Қутби илмии Фирдавсӣ (Ҷумҳурии Исломии Эрон), Донишгоҳи Куруш (Калифорнияи ИМА) ба муносибати бузургдошти Фирдавсӣ дуввумин конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи "Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ баргузор гардид.

Дар конфронс олимону муҳаққиқони соҳа аз Фаронса, Британия, Покистон, Эрон, Канада, Русия, Узбекистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ширкат варзида, маърузаҳои илмии худро перомуни шинохти Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ пешниҳод намуданд.

Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дотсенти кафедраи забонҳо, номзади илмҳои филологӣ Қурбонмамадов С.Х. бо маъруза дар ин ҳамоиши илмии байналмилалӣ ширкат варзид.

Муовинати илм ва нашрия.

Дар оғози соли таҳсили 2023-2024 бо иқдоми Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-номгӯйи китоб бо теъдоди 414-нусха ба Китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон чун туҳфа ворид гардид. Муҳтавои асосии китобҳои воридгардида масъалаҳои забоншиносӣ, сиёсати давлатӣ дар бораи забон, мақоми забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва амсоли инҳо мебошад.

Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи “Беҳтар кардани хӯроки модарон, навзодон ва кӯдакон дар деҳоти Тоҷикистон” (Improved Maternal, Infant and Child Nutrition in Rural Tajikistan, MICN) аз ҷониби намояндагии барномаи Олмонии GIZ дар Тоҷикистон ба китобхонаи донишгоҳ 60 адад дастури таълимӣ  бо забони русӣ  ва 60 адад бо забони тоҷикӣ, 50 адад модул барои муаллимон бо забони русӣ ва 120 адад бо забони тоҷикӣ, 50 адад модул барои шунавандагон бо забони русӣ ва 120 адад бо забони тоҷикӣ дар самти “Ғизои солим барои навзодон, кӯдакон ва модарон” ворид гардид, ки дар маҷмуъ 460 ададро ташкил медиҳанд. 

Китобҳои воридгардида ҷиҳати омӯзиши нозукиҳои илми тиб ва, ҳамзамон, масъалаҳои покизагии забон барои ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён аҳаммияти бузурги илмӣ ва амалиро доро мебошанд.

Китобхонаи ДДТХ.

Душанбе, 16 Октябр 2023 00:00

СӮГВОРӢ

Рузи 15-уми октябри соли 2023 риштаи умри ҷавони донишҷӯи курси 2-юми факултети педиатрӣ Қулматова Гулноза Чориевна ногаҳон канда шуд. Ин хабари ҷонкоҳ дили ҳамаи пайвандон, ҳамсабақон ва аҳли Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро реш кард.

Қулматова Гулноза Чориевна 9-уми июни соли 2001 дар ҷамоати деҳоти Оқсу, Деҳаи Файзбахши ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.

Соли 2022 баъди хатми Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара бо ихтисоси кори ҳамширагӣ ба факултети педиатрии Донишгоҳи давлатии тибии Хатлон дохил шуда буд.

Даргузашти чунин як толибилме, албатта, худ фоҷиаи сахтест барои ҳамаи дардошноён чунки он заволи ормонҳои ношикастаи Гулнозаи ҷавонмарг мебошад.

 Раёсати ДДТХ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён аз марги бармаҳали Қулматова Гулноза сахт андуҳгин буда, ба волидайн ва хешу пайвандони марҳум тасалият  изҳор менамоянд ва барои эшон сабри ҷамил хоҳонанд.

Бе ғам набувад диле агар гил набувад,

Ғам низ зи марги ногаҳон ғамгин аст.

Санаи 4-уми октябри соли 2023 сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон боздид ба амал оварданд, ки ҳадафи асосии он аз наздик шинос шудан аз шароити таълимию таҷрибавӣ донишгоҳ ба шумор меравад.

Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики ва  намояндагони сафорати Ҷопон дар ҶТ-ро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва методӣ Аҳмадиён Ш.Р. расман қабул намуда, аз фаъолияти таълимиву тарбиявӣ, илмиву муолиҷавӣ, шароитҳою имкониятҳои донишгоҳ меҳмононро аз наздик шинос намуд. Ҳайати намояндагон аз толори хониш,  китобхонаи электронӣ, "Маркази омӯзиши симулятсионӣ (МОС)", толори фарҳангӣ дидан намуданд.

Сафири Ҷопон дар китоби меҳмонони фахрии ДДТХ имзо гузошта, барои истиқболи гарму самимӣ ба Раёсати донишгоҳ изҳори сипос намуданд.

Шуъбаи равобити байналмилалӣ.

Санаи 15-уми сентябри соли 2023 форуми байналмилалии таълимӣ дар доираи барномаи «Як камарбанд ва як роҳ (Один пояс - один путь)» дар Донишгоҳи тиббии Шинҷони шаҳри Урумчии вилояти автономии Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар форуми мазкур муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ ва методӣ Аҳмадиён Ш.Р. ва сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ Назаров Р.И. иштирок намуданд.

Мақсади асосии форуми мазкур аз ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар самти маориф ва илм, дар доираи барномаҳои омода намудани мутахассисони касбӣ дар Ҷумҳурии Чин ба воситаи бурсияҳои давлатӣ иборат буд.  

Дар форуми байналмилалӣ 97 намояндагон аз 56  донишгоҳҳои олии касбии тиббӣ, аз ҷумла вазирон, муовинони вазоратҳои маориф, ректорони донинишгоҳҳои олии тиббӣ ва сафирон аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркменистон, Гурҷистон ва Тайланд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар доираи форуми мазкур, ҳамзамон намояндагони донишгоҳ бо шуъбаи ҷарроҳии урологӣ ва шуъбаи педиатрияи Беморхонаи панҷуми Донишгоҳи тиббии Шинҷон, Кампуси нави Донишгоҳи тиббии Шинҷон, Маркази тадқиқотии саратоншиносӣ ва онкологии Донишгоҳи тиббии Шинҷон, Беморхонаи тибби суннатии чинӣ (традиционная китайская медицина) ва мавзеъҳои таърихию боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Урумчӣ дидан намуданд.

Дар ҷамъбасти сафари корӣ намояндагони донишгоҳ бо кормандони равобити байналмилалӣ ва омӯзгорони кафедраи забони чинии Донишгоҳи тиббии Шинҷон вохурь доир намуда, ҷиҳати бастани ҳамкорь дар самти омода намудани мутахассисон бо дараҷаи илмӣ PhD, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар риштаи баъдаздипломӣ,  мубодилаи таҷрибаи мутахассисони соҳаи тиб, мубодилаи академии донишҷӯён ва ташкил намудани курсҳои онлайнӣ ҷиҳати омӯзиши забони чинӣ таклифу пешнищоди судманд ба миён гузоштанд.

Шуъбаи равобити байналмилалӣ.

Санаи 29-уми сентябри соли 2023 дар Мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” баргузор гардид. Дар озмуни мазкур 1 нафар омӯзгор ва 21 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон фаъолона ширкат варзиданд.  Мувофиқи натиҷаҳои озмун ассистенти кафедраи фанҳои ҷарроҳии №1- Дадаҷонов Ҷаҳонгир Юлдошматович аз рўйи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” сазовори ҷойи 2-юм гардид.

Ҳамзамон, донишҷӯён: Раҳимов Ф.А.- курси панҷуми факултети педитарӣ, Пиров В. – курси панҷуми факултети педиатрӣ аз фанни “Физика”, Худойбердиев Ҳайдар Жорақулович – курси сеюми факултети тиббӣ аз фанни “Биология” ба гирифтани ҷойи 2-юм, донишҷӯён:  Шоҳрухи Бахтиёр – курси панҷуми факултети педиатрӣ аз фанни “Математика”,  Ёрова Э. – курси якуми факултети стоматологӣ аз фанни “Физика”, Маҳмадҷонов А. А. - курси дуюми  факултети тиббӣ аз фанни “Химия”, Мирзоев Ш. Ҷ. - курси чоруми факултети педиатрӣ аз фанни “Биология” ба гирифтани ҷойи сеюм шарафёб гариданд. Дар маҷмуъ, донишгоҳ дар даври вилоятии озмун 4 ҷойи дуюм ва 4 ҷойи сеюмро ба даст овард ва боварӣ дорем, ки қолибон дар даври ҷумҳуриявӣ низ омодагии ҳаматарафа дида, соҳиби ҷойҳои намоён хоҳанд гардид.

Муовинати илм ва нашрия.

Санаи 4-уми октябри соли 20223 дар толории фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва нашрия дотсент Боронов Ҳ.А. ифтитоҳ бахшида, нутқи табрикотии ректори ДДТХ доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбонро ба самъи ҳозирин расонид.

Сипас мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П. дар мавзуи “Забони тоҷикӣ ва даврони Истиқлолият”, мудири кафедаи химия ва биологияи тиббӣ номзади илмҳои техникӣ Назаров З.С. дар мавзуи “Нақши омӯзгор дар ҷомеа” маъруза намуданд. Донишҷӯи курси сеюми факултети тиббӣ Зоирова Гуландом дар мавуи “Бузургии забон аз нигоҳи Пешвои муаззами миллат” презентатсияро пешниҳод намуд. Баҳри болидахотирии ҳозирин дастаи “Дурахшон”-и донишгоҳ барномаи адабӣ-мусиқиро бо суруду рақсҳои марғубу дилнишин пешкаши ҳозирин намуданд.

Муовинати тарбия ва фарҳанг,

кафедраи забонҳо.

Page 6 of 77

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид