Хабарҳои ДДТХ (1037)
Кӯмакҳо ба донишгоҳи навтаъсиси ДДТХ идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ДДТХ таъсис ёфт. Лозим ба қайд аст, ки ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти таълимии донишгоҳ, дар марҳилаи аввал, донишгоҳ чун дигар муассисаҳои навтаъсис ба кӯмаку дасгириҳо ниёз дорад.
Боиси фараҳмандист, ки имрӯзҳо аз ҷониби баъзе шахсони хайрхоҳ ба Донишгоҳи навтаъсиси тиббӣ лавозимоту воситаҳои аёнии таълимӣ ворид гардида истодааст, ки ин боз ҳам барои пешрафту тараққии донишгоҳи номбурда созгор хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта аз тарафи устодони кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва баъзе шахсони воқеӣ ба донишгоҳ кӯмакҳо ворид гардида буд. Хушбахтона, имрӯзҳо бошад, ин кори хайр идома ёфта истода, ин навбат санаи 16- уми июни соли равон намояндагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар ҳайати мушовири ректор - дотсент, Иззатуллоев К., мудири озмоишгоҳи физикаи умумӣ ва назариявӣ –Ғаниев Ш., муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ –Сайдалиев А. ба ДДТХ ташриф оварданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки бо ташаббуси ректори ин донишгоҳ д.и.ф/м, Абдулло Ҳабибулло як қатор номгӯи воситаҳои аёнии таълимӣ ба ДДТХ, аз қабили таҷҳизоти озмоишӣ барои муҷаҳасозии кафедраи физикаи биологӣ бо асосҳои информатика, маводу препаратҳои химиявӣ барои кафедраҳои химия ва биология ҳамчун тӯҳфа пешниҳод гардид.
Раёсати донишгоҳ барои чунин дастгириҳо бевосита ба ректори ДДК, Абдулло Ҳабибулло ва тамоми коллективи ин даргоҳ изҳори сипосмандӣ менамояд.
Шуъбаи таҳлил, назорат вар обита ҷомеа
БЕҲТАРИН ДАСТПАРВАРОНИ МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТИИ НОХИЯИ ДАНҒАРА БА ДДТХ ДОХИЛ ШУДАНД
Соҳаи маориф, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати самти афзалиятноки сиёсати пешгирифта эътироф шудааст, ҳамеша дар маркази диққат қарор дошта, ҷиҳати таъмини рушди бемайлони он бо ибтикори Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН иқдомоти зиёде ба сомон расидаанд. Яке аз роҳҳои вусъат бахшидани фаъолияти ин бахши муҳими ҷомеа бунёди мактабҳои замонавӣ дар сартосари кишвар маҳсуб меёбад, зеро ин омил чун такони ҷиддӣ ба тавсеаи самтҳои гуногуни хоҷагии халқ боис мешавад.
Яке аз чунин таълимгоҳҳо муассисаи таълимии давлатии Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мебошад. Дар ҳақиқат, аз соли 2012 то инҷониб муассисаи таълимии номбурда хонандагони болаёқатро тарбия менамояд. Тавре маълум гардид, дар таълимгоҳ хонандагон бо се вақт хӯроки гарм таъмин карда шуда, меъёр ва сифати хӯрокаи хонандагон зери назорати қатъии маъмурияти мактаб қарор дорад. Машғулиятҳои асосӣ дар як баст аз рӯйи ҷадвали дарсӣ гузаронида, дар басти дуюм бошад, дарсҳои иловагӣ аз рӯйи ҷадвали тасдиқшуда, гузаронида мешавад. Оид ба ҳамаи фанҳои таълимӣ барои ҳар як омӯзгор маҳфилҳо ташкил карда шудааст. Маҳфилҳо ҳар рӯз дар асоси ҷадвал аз соати 1930 то 2030 гузаронида мешаванд. Дар семоҳаи соли ҷорӣ шогирдони мактаб дар озмунҳои вилоятӣ иштирок намуда, шаш нафар соҳиби медали тилло, ҳашт нафар медали нуқра, бисту се нафар соҳиби медали биринҷӣ гардида, як нафар ҷойи ифтихориро ишғол намудааст. Ногуфта намонад, ки алҳол, хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, ҳафт ҷойи ифтихорӣ низ ба даст овардаанд. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки омӯзгорони ин даргоҳ соҳиби дониши баланд мебошанд. Аз шумораи 90 нафар хатмкунандагони мактаб, 38 нафар ба мактабҳои олии хориҷи кишвар ва 52 нафар ба макотиби олии кишвар дохил шудаанд. Заминаи моддӣ - техникиии ин муассиса дар сатҳи хуб қарор дошта, аз ҷумла, мактаб дорои 23 синфхонаи таълимӣ, 2 кабинети лингафонӣ, 2 кабинети технологияи иттилоотӣ, кабинетҳои математика, физика, химия, биология, география, китобхона ва толори китобхонӣ мебошад. Дар соли 2015-ум бошад, боз 3 синфхонаи забону адабиёти тоҷик, 2 синфхонаи математика ва 1 синфхонаи химия кушода шуда, бо ҷиҳозҳои таълимии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Лозим ба қайд аст, ки соли равон Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро имконият пайдо шуд, ки бо ҳайати омӯзгорони мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат шинос гарданд. Бо кӯмаку дастгириҳои директори муассисаи таълимии номбурда Абдуллоев Қ., Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон тавонист имтиҳоноти нахустини дохилшавии довталабонро, ки рӯзҳои 02 –юми май ва 07 – уми майи соли ҷорӣ баргузор гардида буд, бомуваффаққият гузаронад. Боиси тазаккур аст, ки 16 нафар аз хатмкунандагони мактаби мазкур ба ДДТХ ҳуҷҷат супорида, аз ин 12 нафарашон имтиҳонҳои қабулро бо натиҷаҳои баланд ҷамъбаст намуда, сазовори номи донишҷӯи ДДТХ шудаанд. Чунончӣ, Қаюмов Сино аз имтиҳони тестӣ бо гирифтани 161 хол ва Ҷобири Қурбоналӣ 147 хол натиҷаҳои беҳтарин нишон доданд.
Зимнан, маълум менамоем, ки дастпарварони ин мактаб, Ҷ. Қурбоналӣ ва Қаюмов С. иштирокчии фаъоли олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дар солҳои 2015 ва 2016 буда, соҳиби медалҳои тилло аз фанҳои физика ва химия мебошанд.
Албатта, ба чунин дастовардҳои назаррас ноил шудани мактаби Президентӣ заҳматҳои шабонарӯзии омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ мебошанд. Аз ин лихоз, Раёсати ДДТХ ба роҳбарият ва муҳасилини мактаби Президентӣ барои кӯмаку ҳамкориҳояшон ва тайёр намудани хонандагони болаёқат изҳори миннатдорӣ менамояд. Умедворем, ки натиҷаҳои назаррасӣ фаъолияти мактаби Президентӣ дар ноҳияи Данғара дар дигар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ гашта, барои омода намудани довталабони болаёқат барои ДДТХ дар оянда замина мегузоранд.
Саидова М. – мутахассиси шуъбаи таҳлил,
назорат ва робита бо ҷомеа
Конгресси байналмиллалии EUROMEDICA- 2016
Иштироки сардори шуъбаи таълими ДДТХ, дотсент
Кузибоева Н.К. дар Конгресси байналмиллалии EUROMEDICA- 2016, шаҳри Ганновер, Ҷумҳурии Федералии Олмон
Ҳамасола Конгресси байналмилалии EUROMEDICA дар шаҳри Ганновери Ҷумҳурии Федералии Олмон дар мавзуҳои мухталифи соҳаи тиб, аз ҷумла дир мавзуъҳои роҳҳои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии табибони чаҳон гузаронида мешавад, ки дар он табибони зиёд аз кишварҳои ҷаҳон ширкат меварзанд. Конгресс рузи 24 майи соли равон оғоз шуда то санаи 29 май давом ёфт. Кушодашавии конгрес бо чаласаи пленарӣ огоз гардида, пас аз он чаласахои сексионӣ, мастер классҳо, ва бо гузаронидани мактабхои такмили ихтисос ва семинарҳо кори худро идома дод. Чаласаҳои сексионӣ аз рӯйи ихтисосҳо тақсим шуда, ҳамагӣ дар кори конгресс 150 нафар профессорону номзадони илми тиб ширкат варзида, доир ба мавзӯъҳои гунонгуи тиб ва дастовардҳои муосири соҳа маърузаҳо намуданд. Инчунин, бояд қайд намуд, ки дар доираи кори конгрес профессорони Донишгоҳи тиббии Берлин ва Академияи Аврупоии илми тиб дар мавзуъҳои актуалии илми тиби муосир барои ҳозирин лексияҳо доир намуданд. Дотсенти Донишгоҳи давлатии тибби Хатлон дар мавзӯи “Структура инфицированности внутриутробными инфекциями у детей раннего возраста с врожденными пороками сердца” бо маърузаи ҷолиб баромад намуд.
Дар ҷамъбасти кори конгресс, маърузачиёни беҳтарин бо медалу дипломҳои конгрес мукофотонида шуданд. Аз ҷумла барои маърӯзаи беҳтарин дар соҳаи педиатрия, дотсент Қузибоева Н. низ бо медали Александр Вон Гамбольт, диплом ва сертификат мукофотонида щуд.
Роҳбарияти Донишгоҳ муваффақиятҳои кормандони донишгоҳро, ки обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд пазироӣ намуда, ҷиҳати тавсеа бахшидани ширкати кормандон ва донишҷӯёнро дар ин самт ҳамеша дастгирӣ хоҳад намуд.
Шуъбаи таҳлил, назорат
ва робита бо ҷомеа
Имтиҳонҳои қабули довталабон ба ДДТХ анҷом ёфт
Аз 01.04.2016 то 30.04.2016 ба комиссияи қабул ҳамагӣ 1633 нафар ҳуҷҷат супорид, ки дар маҷмуъ нисбат ба шумораи ҷойҳои тибқи нақша ҷудогардида 4,5 маротиба зиёд буда, инчунин дар таносуби ҷойҳои буҷавӣ, махсусан дар факултети тиббӣ теъдоди доталабон 10:1 - ро ташкил медод. Маълум менамоем, ки аз миқдори умумӣ - 1097 нафар (67, 2% ) ба таври буҷавӣ ва 536 нафар (32, 8%) ба тариқи шартномавӣ ҳуҷҷат супоридааст.
Аз шумораи умумӣ довталабон - 1146 нафар (70,2%) аз вилояти Хатлон, аз вилояти Суғд -188 нафар (11,5%), аз вилояти ВКМБ - 10 нафар (0,6%), НТҶ - 137 нафар (8,4%) ва аз шаҳри Душанбе - 152 нафар ё худ 9, 3% - ро ташкил медиҳад.
Зимнан тибқи қарори Раёсати донишгоҳ аз 220 холи максималии саволҳои тестӣ, холи гузариш ба имтиҳони дуюм аз 60 хол ва зиёда аз он муқаррар гардида буд.
Имтиҳони тестӣ рўзи 02 – юми майи соли равон дар мактаби Президентии н.Данғара баргузор шуд, ки аз 1633 нафар довтаб ба имтиҳон 1540 нафар ё худ 94, 3% ҳозир шуд. Теъдоди ҳозирнашудагон бошад 93 нафарро ташкил медод. Аз шумораи нафарони имтиҳонсупорида 519 нафар (33%) соҳиби аз 60 хол ва зиёда аз он гаштанд, ки барои иштирок ба даври дуюми имтиҳон иҷозат дода шуданд. Даври дуюми имтиҳони хаттӣ рўзи 07 – юми майи соли ҷорӣ доир гашт, ки аз 519 нафари ба имтиҳон роҳёфта, 476 нафар (91,7%) дар имтиҳон иштирок намуд. Теъдоди довталабон нокомгашта аз кори хаттӣ 42 нафарро ташкил дод.
Мутобиқи Қоидаҳои қабул, санаҳои 4 – ум ва 8 - уми майи соли 2016 Комиссияи апеллятсионӣ вобаста ба натиҷаи имтиҳонҳои тестӣ ва кори хаттӣ фаъолият намуда, аризаи 42 нафар довталабонро дар ҳузури волидайнашон баррасӣ намуд. Дар натиҷа дар 2 ҳолат ба холҳои гирифтаи довталабон ба миқдори 3 хол зиёд карда шуд.
Натиҷаи ҷамъбастии имтиҳонҳо дар соли таҳсили 2016-2017 маълум намуд, ки 352 нафар довталаб (150 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 202 нафар ба тариқи шартномавӣ) ҳуқуқи ба донишгоҳ қабул шуданро пайдо намуданд. Аз ин теъдод - 72,5 - ро аз вилояти Хатлон, - 14,2% аз вилояти Суғд, - 0,6% аз вилояти ВМКБ, - 6,8% аз ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва - 5,9% аз шаҳри Душанбе ташкил медиҳад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон довталабони комёбгаштаро табрику таҳният гуфта, дар оғози соли нави хониш барояшон бурдбори ва дастовардҳои нав ба навро орзуманд аст.
Вақте ки шаффофият меъёри санҷиш қарор дорад…
Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт, аз аввали моҳи марти соли 2016 ба фаъолият шуруъ намуд.
Тавре ки Сарвари давлат дар Паёми имсола таъкид намуданд, то ҳанўз нарасидани мутахассисони соҳаи тиб дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба мушоҳида мерасад. Вазъи таъминот бо кадрҳои тиббӣ, хусусан, дар вилояти Хатлон нигаронкунанда аст. Дар ин вилоят, ки аҳолиаш беш аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 11,3 нафар табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар вилояту шаҳрҳои кишварамон нишондиҳандаи хеле паст мебошад.
Ҳамин тавр, бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ва қонеъ намудани талаботи кишвар ба мутахассисони соҳаи тиб, боз як муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ дар вилояти Хатлон таъсис дода шуд.
Ин боварии сарвари давлатро Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бомасъулият ба уҳда гирифта, бо истифода аз таҷрибаи васеи кормандон, барои омода намудани мутахассисони сатҳи олии соҳаи тибби кишвар, талош меварзад.
Бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони нисбатан қобилиятноку соҳибистеъдод Комиссияи қабули довталабон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон фаъолияти худро аз авали моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз намуд. Лозим ба қайд аст, ки ҳамагӣ ба факултетҳои донишгоҳ 1633 нафар довталаб аз тамоми гушаю канори ватани азизамон ҳуҷҷат супорида, рўзҳои 2 – юм ва 7 – уми майи соли 2016 имтиҳони қабул бо муваффақият доир гардид.
Инак, имтиҳоноти қабул паси сар гаштанд нахустин донишҷўёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо теъдоди 352 нафар ташнагони илму маърифат ба курси аввали донишҷўёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шомил шуданд. Суҳбатҳои зиёде, ки дар рўзҳои натиҷагирии имтиҳонҳои қабул мо бо довталабон анҷом додем, далели он аст, ки имтиҳоноти нахустин ва ҳатто таърихӣ, дар сатҳи баланд анҷом пазируфта, беҳтарин довталабон тавассути дониши қавӣ ва омодагиҳои пурраи хеш ба мақсад расиданд. Ва ин ҷо месазад, ки исми бархе аз онҳоро ба хонандагон маълум намоем:
- Қаюмов Сино – дастпарвари мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба факултети тиббӣ ҳуҷҷат супорида, соҳиби 161 хол гардидааст;
- Галиев Меҳроҷиддин - дастпарвари Литсей интернати физикӣ – математикии «Орёно» ш. Қурғонтеппа, истиқоматкунандаи н. Дўстӣ ба факултети тиббӣ ҳуҷҷат супорида, соҳиби 158 хол гардидааст;
- Ҷобири Қурбоналӣ - дастпарвари мактаби Президентӣ дар н. Данғара, истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод ба факултети тиббӣ ҳуҷҷат супорида, соҳиби 157 хол гардидааст;
- Нарзуллоев Шамсиддин – дастпарвари гимназияи №2 н. Деваштиҷ, истиқоматкунандаи Зафаробод ба факултети тиббӣ ҳуҷҷат супорида, соҳиби 153 гардидааст:
- Хоҷаназаров Давлатбек – дастпарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, н. Ҳисор, истиқоматкунандаи ноҳияи Хисор ба факултети педиатрӣ ҳуҷҷат супорида, соҳиби 152 хол гардидааст;
- Нуров Маъруфҷон - дастпарвари Литсейи давлатии №1 н. Ёвон, истиқоматкунандаи н. Ёвон ба факултети тибби ҳуҷҷат супорида, соҳиби 145 хол гардидааст:
- Туробова Зарина - дастпарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, ш. Қайроқум, истиқоматкунандаи ш. Қайроқум ба факултети педиатрӣ ҳуҷҷат супорида, соҳиби 144 хол гардидааст:
- Ҳафизов Фаррух – дастпарвари мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар н. Данғара, истиқоматкунандаи н. Данғара ба факултети тиббӣ ҳуҷҷат супорида, соҳиби 137 хол гардидааст.
- Самадов Саддамҷон – дастпарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 н. Восеъ, истиқоматкунандаи н. Восеъ ба факултети педиатрӣ ҳуҷҷат супорида, соҳиби 130 хол гардидааст:
- Алиев Алиҷон – дастпарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 ш. Душанбе, истиқоматкунандаи н. Шўрообод ба факултети стоматологӣ ҳуҷҷат супорида соҳиби 128 хол гардидааст.
Пас аз маълум гардидани натиҷаи имтиҳонот довталабони зиёде бо як эҳсосоти наҷиб ҳисси қаноатмандии хешро аз натиҷаҳои имтиҳоноти қабул ба кормандони Комиссияи қабул ва роҳбарияти донишгоҳ иброз медоштанд. Дар навбати худ, Раёсати донишгоҳ ҳамаи онҳоеро, ки имсол ҳамчун аввалин донишҷўён ба курси якум ба Донишгоҳи даввлатии тиббии Хатлон дохил шудаанд табрику муборакбод намуда, хоҳони он аст, ки дар шоҳроҳи мушкил, вале пуршарафи илмомўзӣ ҳамеша муваффақ бошанду бо хониши аълою интизоми намунавӣ дар баланд бардоштани мақому манзалати Донишгоҳи навтаъсиси тиббии Хатлон саҳми босазои худро гузоранд.
Раёсати ДДТХ
Имтиҳонҳои қабули довталабон ба ДДТХ анҷом ёфт
Аз 01.04.2016 то 30.04.2016 ба комиссияи қабул ҳамагӣ 1633 нафар ҳуҷҷат супорид, ки дар маҷмуъ нисбат ба шумораи ҷойҳои тибқи нақша ҷудогардида 4,5 маротиба зиёд буда, инчунин дар таносуби ҷойҳои буҷавӣ, махсусан дар факултети тиббӣ теъдоди доталабон 10:1 - ро ташкил медод. Маълум менамоем, ки аз миқдори умумӣ - 1097 нафар (67, 2% ) ба таври буҷавӣ ва 536 нафар (32, 8%) ба тариқи шартномавӣ ҳуҷҷат супоридааст.
Аз шумораи умумӣ довталабон - 1146 нафар (70,2%) аз вилояти Хатлон, аз вилояти Суғд -188 нафар (11,5%), аз вилояти ВКМБ - 10 нафар (0,6%), НТҶ - 137 нафар (8,4%) ва аз шаҳри Душанбе - 152 нафар ё худ 9, 3% - ро ташкил медиҳад.
Зимнан тибқи қарори Раёсати донишгоҳ аз 220 холи максималии саволҳои тестӣ, холи гузариш ба имтиҳони дуюм аз 60 хол ва зиёда аз он муқаррар гардида буд.
Имтиҳони тестӣ рўзи 02 – юми майи соли равон дар мактаби Президентии н.Данғара баргузор шуд, ки аз 1633 нафар довтаб ба имтиҳон 1540 нафар ё худ 94, 3% ҳозир шуд. Теъдоди ҳозирнашудагон бошад 93 нафарро ташкил медод. Аз шумораи нафарони имтиҳонсупорида 519 нафар (33%) соҳиби аз 60 хол ва зиёда аз он гаштанд, ки барои иштирок ба даври дуюми имтиҳон иҷозат дода шуданд. Даври дуюми имтиҳони хаттӣ рўзи 07 – юми майи соли ҷорӣ доир гашт, ки аз 519 нафари ба имтиҳон роҳёфта, 476 нафар (91,7%) дар имтиҳон иштирок намуд. Теъдоди довталабон нокомгашта аз кори хаттӣ 42 нафарро ташкил дод.
Мутобиқи Қоидаҳои қабул, санаҳои 4 – ум ва 8 - уми майи соли 2016 Комиссияи апеллятсионӣ вобаста ба натиҷаи имтиҳонҳои тестӣ ва кори хаттӣ фаъолият намуда, аризаи 42 нафар довталабонро дар ҳузури волидайнашон баррасӣ намуд. Дар натиҷа дар 2 ҳолат ба холҳои гирифтаи довталабон ба миқдори 3 хол зиёд карда шуд.
Натиҷаи ҷамъбастии имтиҳонҳо дар соли таҳсили 2016-2017 маълум намуд, ки 352 нафар довталаб (150 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 202 нафар ба тариқи шартномавӣ) ҳуқуқи ба донишгоҳ қабул шуданро пайдо намуданд. Аз ин теъдод - 72,5 - ро аз вилояти Хатлон, - 14,2% аз вилояти Суғд, - 0,6% аз вилояти ВМКБ, - 6,8% аз ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва - 5,9% аз шаҳри Душанбе ташкил медиҳад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон довталабони комёбгаштаро табрику таҳният гуфта, дар оғози соли нави хониш барояшон бурдбори ва дастовардҳои нав ба навро орзуманд аст.