Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Варзиш

   Тибқи нақша - чорабиниҳои Раёсати донишгоҳ оид ба тарғибу ташвиқ ва пеш бурдани тарзи ҳаёти солим байни кормандон ва омӯзгорон аз рӯи намуди “футболи хурд” мусобиқа баргузор гардид.
   Барои иштирок дар мусобиқа ҳар як сохтори донишгоҳ дастаҳои хешро ташкил намуд. Теъдоди дастаҳо аз 8 - адад иборат буда, ба ду гурӯҳ тақсим шуданд.
  Дар гурӯҳи “А” дастаҳои “Муовинати таълим”, “Муовинати хоҷагӣ”, “Раёсати донишгоҳ”, “Эскулап” ва дар гурӯҳи “Б” дастаҳои “Деканат”, “Кафедраҳои ҳарбӣ ва стоматологӣ”, “Кафедраи забонҳо” ва “Волонтёрҳо -кормандон” шомил буданд. Мусобиқа санаи 27 - уми март оғоз шуда, то 10 - уми апрели соли 2020 давом мекунад.
Ҳайати дастаҳо аз бозингарони синну соли гуногун иборат буданд.
   Лозим ба қайд аст, ки бозингарони синну солашон бузургтар, ба мисли Қурбонов Х, Ғарибмамадов М, Камолов А, Ҷулаев ва дигарон дар баробари ҷавонон бозӣ намуда, маҳорати хуби варзишӣ нишон доданд ва диққати мухлисонро ба худ ҷалб менамуданд.
   Ҳар як даста дар гурӯҳи худ се бозиро анҷом дода, ғолибон ба даври нимниҳоӣ баромаданд.
Дастаи “Муовинати таълим” бо ду ғалаба ва як мусовӣ (бо 7 - имтиёз) дар мақоми аввал ва дастаи “Муовинати хоҷагӣ” низ бо ду ғалаба ва як мусовӣ (бо 7-имтиёз) аз сабаби мутаносибии тӯбҳо дар мақоми дуюм ҷой гирифта, дар гурӯҳи “А” роҳхати даври нимниҳоиро ба даст оварданд.
  Аз гурӯхи “Б” дастаи “Деканат” бо се ғалаба ва 9 - имтиёз дар ҷои якум ва дастаи “Волонтёрҳо - кормандон” бо ду ғалаба ва як бохт (бо 6 - имтиёз) дар мақоми дуюм ҷой гирифта, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтанд.
6 - уми апрел бозиҳои даври нимниҳоӣ сурат гирифтанд. Дастаи “Деканат” бо дастаи “Муовинати хоҷагӣ” вохӯрда, бо ҳисоби 1:0 дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ баромад. Дастаи “Муовинати таълим” бар дастаи “Волонтёрҳо - кормандон” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, роҳхати даври ниҳоиро ба даст овард.
   Санаи 10 - уми апрел бозии ниҳоӣ барои дарёфти “Ҷоми ДДТХ” байни дастаҳои “Деканат” ва “Муовинати таълим” баргузор хоҳад гашт.

С. Ф. САМИЕВ,
Ҷ. М. ҚУРБОНАЛИЕВ,
омӯзгорони варзиши ДДТХ

    Дар замони муосир нигоҳдорӣ ва мустаҳкамкунии солимии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба ташаккули ҷисмонию рӯҳии ҷавонон вобастагӣ дошта, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ яке аз вазифаҳои афзалиятноки тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба шумор меравад.
    Дар ин росто, омӯзгорони варзиши Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар асоси нақша-чорабиниҳои кафедра мусобиқаи варзиширо аз рӯи намуди “Футзал” бахшида ба таҷлили рӯзи “Артиши миллӣ” ва эълон шудани соли 2020 аз тарафи федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон - соли «Рушди футзал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни донишҷӯёни курсҳои 1-ум ва 2-юми факултаҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ баргузор намуданд.

     Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ тарғибу ташвиқи ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва аз ҳар гуна корҳои ношояму одатҳои бад дур намудани онҳо мебошад.
     Мусобиқа аз санаи 12-ум то 22-юми феврал давом карда, дар он 25 дастаи донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
     Ҳамаи дастаҳо маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, барои муваффақ гаштан ва мақоми махсусро ноил шудан ҷаҳду кӯшиш намуданд.
    Аз ҷумла, дастаи гурӯҳҳои 203-и стоматологӣ, 212-и тиббӣ, 201-и тиббӣ, 208-и педиатрӣ пешсафони мусобиқа ҳисоб гардиданд.
    Ба даври финалӣ гурӯҳҳои 203-и стоматологӣ ва 208-и педиатрӣ роҳхат ёфтанд. Сабқати ин ду даста бисёр ҷолибу тамошобоб сурат гирифта, бозингарони ҳар ду даста ба тамошобинон маҳорати баланди варзишии хешро аз ҷиҳатҳои фикрию ҷисмонӣ ва техникию тактикӣ нишон доданд.
    Дар натиҷа дастаи гурӯҳи 203-и стоматологӣ бо ҳисоби 9:7 бар дастаи гурӯҳи 208-и педиатрӣ дастболо шуда, ғолиби мусобиқа гардид.
    Ќайд кардан зарур аст, ки гарчанде дастаи гурӯҳи 212-и тиббӣ дар даври нимниҳоӣ ҳуќуќи иштирок намудан дар мусобиқа аз даст дода буд, вале бозингари ин даста Шафиев Аминҷон бо задани 20 тӯб ба дарвозаи ҳарифон, нишонзани беҳтарини мусобиқа эълон гардид.
    Омӯзгорони варзиши Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар оянда низ кӯшиш менамоянд, ки бо баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд.

С.Ф.Самиев,
Ҷ.М.Қурбоналиев,
омӯзгорони варзиши ДДТХ

ПИРӮЗӢ МУБОРАК БОД!

   Аз санаи 13-ум то 15-уми моҳи декабри соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди байналмилалии Осиёи Миёнагӣ оид ба «TAEKWONDO WTF» баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ Шарифов Х. ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гардид.
    Раёсати донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Шарифов Хуршедро бо ин пирӯзӣ табрик намуда, барояш дар таҳсил ва баромадҳои минбаъдааш дар соҳаи варзиш комёбиҳои нав ба навро орзу менамоянд.

ДЕКАНАТ

ПАРЧАМИ МИЛЛАТ ПАРАФШОН БОД!

    Бахшида ба таҷлили рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон тибқи нақша-чорабиниҳои солонаи кафедраи Физикаи тиббӣ ва информатика дар байни донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ аз рӯи намуди волейбол мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид.
    Мусобиқа 12 ноябри соли равон оғоз гардида, аз рӯи системаи олимпӣ гузаронида шуд ва дар он 22-дастаи донишҷӯёни курсҳои 1-4 дар он ширкат варзиданд.Дастаҳои ғолиб ба даври минбаъда роҳхат гирифтанд.
    Ҳамаи дастаҳои ширкатдошта маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, хотири мухлисони хешро шод намуданд.
   Ҳамин тариқ, ба бозии финалӣ дастаи донишҷӯёни гурӯҳи 310-и тиббӣ ва гурӯҳи 207-и тиббӣ роҳхат ёфтанд. Бозии финалӣ 23-юми ноябр баргузор гардида, бо пирӯзии дастаи донишҷӯёни гурӯҳи 310-и тиббӣ бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфт.

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Page 3 of 8

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид