Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Ҳамкориҳо

        Дар оғози мулоқот ба намояндагони мо  профессор Яо Хуа доир ба таърихи таъсисёбии беморхонаи клиникии донишгоҳ, ки он соли 1956 сохта ва ба истифода дода шудааст, маълумоти муффасал дод. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар беморхонаи мазкур айни замон 5273 нафар корманд фаъолият менамоянд, ки аз ин теъдод 1485 нафарашонро табибон, 311 нафарашро профессорону дотсентон ва  225 нафарашро роҳбарони илмии аспирантону унвонҷӯён ташкил медиҳад. Ҳамзмон маълумот дода шуд, ки кормандони илмӣ ва табибони беморхона дар ин давом соҳиби зиёда аз 60 номгуӣ ҷоизаҳои давлатию байналмилалӣ гардидаанд. 

 

           Зимни мулоқот ректори донишгоҳи тиббӣ, профессор Убайдулло Қурбон барои қабул ва муҳтавои мулоқот изҳори сипос намуд. Баъдан  аз мақсади сафари хидматӣ сухан намуда, барои шиносоии бештар аз  фаъолияти пурмаҳсули имрӯзаи Беморхонаи клникии Донишгоҳи тиббии Синзян изҳори  ақида намуд. Ҳамзамон қайд намуд, ки гуруҳи кории ДДТХ барои омӯхтани фаъолияти корӣ ва ошно гаштан аз шароити муосири технологияи беморхона ҳадафи сафари кории худ қарор доданд, то ки дар баробари сохта ва ба истифода дода шудани Бино ва ишоотҳои таълимию клиникии ДДТХ, ин дастовардҳо  ҳамчун намуна  баҳрабардорӣ карда шавад. 

          Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо бо мақсади таҳким ва рушди ҳамкориҳои минбаъда, оид ба  масъалаҳои бозомӯзии касбии кормандони ДДТХ  ва ҳамзамон дар таҷрибаомӯзии мутахассисон ибрози ақида намуданд. Аз ҷониби роҳбарияти Беморхонаи клиникии ДТС илова карда шуд, ки дар доираи фаъолияти хеш кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамкориҳо боз ҳам ривоҷ ёфта, сатҳу сифати  ин ҳамкориҳо боз ҳам баланд бардошта шаванд.        

          Сипас, бо роҳбарии профессор Яо Хуа ва намояндагони дигари Беморхонаи клиникии лонишгоҳ як қатор сохторҳо, шуъбаи бемориҳо,  марказҳои озмоишию ташхисӣ аз қабилӣ:

  • Маркази озмоишии тибби исботшуда
  • Маркази озмоишии маводи доруворӣ
  • Маркази тадқиқотии этикӣ / кумитаи этика
  • Шуъбаи мониторинги маводҳои доруворӣ – табобатӣ
  • Шуъбаи тадқиқотии фармасевтӣ
  • Маркази тадқиқотии трансплантатсияи узвҳо
  • Маркази клиникӣ-тадқиқотии беҳисгардонӣ
  • Маркази клиникӣ-тадқиқотии ултрасадо
  • Маркази тадқиқотии гематологӣ
  • Маркази тадқиқотии ташхиси шуоӣ
  • Маркази тадқиқотии дилу рагҳо
  • Озмоишгоҳи пойгоҳии инкубатсионӣ
  • Шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ
  • Маркази тадқиқотии нефрологӣ
  • Озмоишгоҳи калидӣ доир ба эхинококкоз
  • Озмоишгоҳи калидӣ доир ба бемориҳои дилу рагҳо ва инчунин Маркази тибби фосилавии (телемедицина) беморхонаи мазкур, ки аз лиҳози технологӣ бо муосиртарин асбобҳо таҷҳизонида шудааст,  ба гурӯҳи корӣ шинос карда шуданд.

         

    Дар хотима барои муносибатҳои минбаъдаи дӯстона лаҳзаи тақдими туҳфаҳои хотиравӣ ва аксбардории якҷоя,  сурат  гирифт.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

       Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Данғара вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа бо ҳамроҳи раиси ноҳияи Данғара Сайдализода Маҳмадулло  бо  рафти сохтмони бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шинос шуда, сипас аз биноҳои таълимии он воқеъ дар кӯчаи    Исмат Шариф-3 дидан намуданд. Вазир ва дигар ҳамроҳонро ректори донишгоҳ. д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон, муовини ректор оид ба таълим Ғафуров  Б.А., муовини ректор оид ба хоҷагӣ Аҳадов Ш.Ф.,  сардори Шуъбаи таҳлилу назорат ва робита бо ҷомеа Аҳмадов Ш.Р., декани факултетҳо Саидов И.З., сардори Шуъбаи таълим Қузибоева Н.К. ва дигар аъзои раёсати донишгоҳ ҳамроҳӣ намуда, бо синфхонаҳои таълимӣ, китобхона, шуъбаву   кафедраҳо, ошхона ва дигар сохторҳои  донишгоҳ шинос намудан.  

   


    Олимзода Насим Хоҷа аз корҳои ташкилию фаъолияти ин донишгоҳи ба тозагӣ ташкилшудаи тиббии вилоят изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон аз мушкилоту дурнамои донишгоҳ пурсон шуданд. Албатта, донишгоҳи навтаъсис мушкилотҳои зиёди худро дошта метавонад,  аммо ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ибрози назар намуданд, ки бо дастгирию кӯмаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ин мушкилотҳо бо мурури замон ҳалли худро меёбанд ва дар ояндаи наздик ин таълимгоҳ ба яке аз муассисаҳои таълимии омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустии мамлакат табдил хоҳад ёфт. 

Шуъбаи таҳлил ва назорат

Шумо нуқсонҳои мавҷудаи  узвҳои баданатонро бартараф кардан мехоҳед? Ва ё ба зебо гардонидани симои зоҳирии худ эҳтиёҷ доред?

 Пас ба Шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ дар н. Данғара муроҷиат намоед!

Мутахассисони шуъба барои ниёзмандон амалиётҳои зерини ҷарроҳиро бо сифати баланд ва нархҳои дастрас анҷом медиҳанд:

  • реплантатсия (пайвандсозии андомҳои кандашуда) ва реваскуляризатсияи (барқарор кардани хунгардиш) сегментҳои кандашудаи андомҳо;
  • барқарор кардани бандакҳои рагу асабии буридашуда;
  • нигоҳ доштани сегментҳои калон ҳангоми травмаи вазнини андомҳо;
  • аутотрансплантатсияи бофтаҳо;
  • гузоштани фистулаи артерио-венозӣ барои гузаронидани гемодиализ;
  • остеосинтези усухонҳои калони андомҳо ҳангоми шикасти устухон дар якҷоягӣ бо осеби рагҳои хунгузар ва ғайра;
  • аутотрансплантатсияи (аз як мавзеъ ба мазеи дигар кӯчонидан) комплекси бофтаҳо;
  • барқарор кардани бандаки рагу асаби андомҳо ҳангоми осеби пештар гирифтаи онҳо;
  • гузоштани анастомозҳои тестикуло-илеакалии варидӣ ҳангоми бемории варикоселе;
  • траспозитсияи (ҷойивазкунии) мушакиву тендонӣ ҳангоми осеби кӯҳнашудаи асабҳои андомҳо;
  • бартараф кардани контрактураи скарии пас аз сӯхтани андом бо усулҳои пластикаи мавзеӣ;
  • амалиётҳои реконструктивӣ ҳангоми контрактураи ишемикии Фолкман;
  • реконструксияи тендонҳову мушакҳо ҳангоми дефектҳои постравматикӣ;
  • бартараф кардани ҳернияҳои вентралӣ бо технологияи абдоминопластика.
  • бартарафсозии нуқсони модарзодӣ ба мисли каҷгарданӣ;
  • сохтани гӯшҳо;
  • ислоҳи лабчокии модарзодӣ;
  • резексияи шохаи дарунии асаби ҳалқии болоӣ дар беморони диққи нафас (астмаи бронхиалӣ);
  • уретропластика ҳангоми эпи ва намудҳои гуногуни гипоспадия;
  • бартарафсозии деформатсияи модарзодии узви таносули мардона;
  • барқарорсозии найчаи бачадон ҳангоми ҳамли дохилинайчагӣ;
  • рафъи часпишҳои пурра ва нопурраи пӯсти байни ангуштон ҳангоми синдактилия;
  • бурида гирифтани холҳои калон ва невусҳои пигментӣ ва ғ. 

Амалиёти  эстетикӣ – ин истифодабарии усулҳои ҷарроҳии пластикӣ  бо мақсади беҳтарсозии  симои зоҳирӣ ва чеҳраи инсон аст. Ин амалҳо ба мардум имкон медиҳанд, ки аз баъзе мушкилоти вобаста ба саломатии  худ раҳо шаванд ва то ҳадде шакли дилхоҳи зоҳирии худро дарёфт намоянд ва аз намуди зоҳирии худ розӣ бошанд. Ҷарроҳии  эстетикӣ дар худ фарогири чунин амалиётҳост:

  • Ҷавонсозии рӯй (фейслифтинг) ҳангоми пайдоиши ожангҳои синну солӣ;
  • лифтинги мавзеи пешона;
  • пластикаи пилкҳо (блефаропластикаи болоӣ ва поёнии пилки чашмон;
  • пластикаи пилкҳо ҳангоми деформатсияҳои скарӣ ва дефектҳои посттравматикӣ;
  • пластикаи бинӣ (ринопластикаи кушода ва пушида);
  • пластикаи сӯфраи гуш (отопластика);
  • пластикаи лабҳо (хейлопластика);
  • пластикаи манаҳ (ментопластика);
  • пластикаи мавзеи гардан;
  • пластикаи шикам (абдоминопластика, липосаксия);
  • бурида гирифтани ташкилаҳои хушсифати бадан (гемангиома,

фиброма,  липома ва атерома);

  • хурду калонсозии ғадуди шир (маммопластика);
  • сохтани ғадуди шир пас аз амали ҷарроҳии мастэктомия;
  • амалиёти шинонидан ва боло бардоштани абрувон;
  • амалиёти шинонидани (трансплантатсия) мӯйи сар  ба шахсони тоссар.

Ғайр аз амалҳои микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ дар ШМҶРП ҳамчунин амалҳои ҷарроҳии умумӣ аз қабилӣ ҷоғар (зоб), тамоми намудҳои  чурраи навзодон ва калонсолон, эхинококкэктомия ва амалҳои ҷарроҳӣ дар рагҳои хунгард бо истифода аз техникаи претсизионӣ (истифодаи асбобҳои микроҷарроҳӣ, маводҳои дӯхти нозук ва калонкунии оптикӣ) иҷро карда мешаванд.

Ба ниёзмандони ин гуна хизматрасониҳо ҳамарӯза аз рӯзи душанбе то ҷумъа аз соати 16:00 то 17:30 ва рӯзи шанбе аз соати 09:00  то соати 12:00 аз тарафи доктори илмҳои тиб, узви вобастаи Академияи илмҳои тибби Ҷумҳурии   Тоҷикистон, профессор Убайдулло Қурбон  муоина ва маслиҳатҳои тиббии ройгон дода мешавад.

 Барои донишҷӯёни ниёзманди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.

АЗ ИМКОНИЯТҲОИ ШУЪБАИ МИКРОҶАРРОҲИИ РЕКОНСТРУКТИВӢ ВА ПЛАСТИКӢ САРИ ВАҚТ  ИСТИФОДА БАРЕД!

Суроға: 734003; шаҳри Душанбе, шаҳраки тиббӣ, кӯчаи Санои 33.

Маркази Ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг. Ошёнаи дуюм.

Шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикӣ.

Телефонҳо барои тамос: 907-71-51-21; 907-76-92-29; 935-27-20-23.

Почтаи электронӣ: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 Оғози  фаъолияти касбии  табиб-педиатр, корманди раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, дотсент  -  Кузибоева Наима дар шароити Беморхонаи чумхуриявии клиникии  Дангара

     Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бахши тандурустӣ бемайлон рушд ёфта, сол то сол дар заминаи таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бахши муҳим пешравиҳои назаррас рӯи кор омада истодааст. Давоми солҳои соҳибистиқлолии кишварамон  бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ технологияҳои муосири ташхисию табобатӣ, ба монанди дастгоҳҳои томографияи компютерии магнитию резонансӣ, томографияи компютерӣ, ангиограф, рентгени рақамӣ, эхокардиограф, ташхиси мамографӣ, дастгоҳи ташхиси ултрасадоии допплерӣ, дастгоҳи анализатори автоматикии озмоишӣ, плазмоферез, тасҳеҳи лазерии чашм ва гемодиализ ворид карда шуданд. Ин гуна таҷҳизоти муосир   замина фароҳам овард, ки дар муассисаҳои тиббии мамлакат роҳу усулҳои нав дар корҳои муолиҷавию табобатӣ   роҳандозӣ карда шаванд.

     Зимнан, дар баробари ба роҳ мондани ҳамкориҳои донишгоҳ бо Беморхонаи чумхуриявии клиникии  ноҳияи Дангара дар самти амалиётҳои  гуногуни ҷарроҳӣ, ҳамакнун дар бахши бемориҳои кӯдакона низ  аз аввали моҳи июни соли ҷорӣ ҳамкорӣ оғоз шуд. Ба сифати духтури кудакона дар шуъбаи дармонгох, ҳамзамон сардори шуъбаи таълими донишгоҳ – номзади илмҳои тиб, дотсент Қузибоева Наима ба фаъолият, яъне ба кори муолиҷавӣ шуруъ намуд.

     Лозим ба қайд аст, ки Қузибоева Наима факултети педиатрии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо дипломи аъло  соли 1996 хатм намуда, таҳсили баъдидипломии худро дар зинаҳои ординатура ва аспирантураи  кафедраи бемориҳои кӯдаконаи донишгоҳи номбурда  ба анҷом расонидааст. Соли 2002 мавзуи рисолаи илмии худро бо муваффақият ҳимоя намуда, аз соли 2012 то соли 2016 ба ҳайси дотсенти кафедраи бемориҳои кӯдакона фаъолият намудааст. Ихтсосаш духтур – педиатр, дорои тахассуси дараҷаи олӣ.

     Дар давоми ҳамагӣ 2 ҳафтаи фаъолияти тиббиаш номбурда, дар шароити ба тозагӣ таъсис ёфтани ДДТХ, кабули кудакони беморро ба уҳда дошта, муоина, таъиноти табобати накшавӣ ва  расонидани ёрии  аввалини тиббиро ба хубӣ  ичро намудааст. Дар ин давра тибқи муроҷиати ниёзмандон  ба  145 кудак ва наврасони  бемор аз синни 7 рӯза то 16 сола, вобаста ба  31 сохти  бемориҳои кӯдакона,  хизмати баланди касбии тиббӣ расонидааст.

    Тибқи натиҷаи маълумотҳои таҳлилӣ мушоҳида мешавад, ки аз хама зиёд ҳангоми муроҷиат ва муоинаи онҳо кудакони гирифтори беморихои системаи рудаю меъда, беморихои кирми руда, бемориҳои энсефалопатияи перинаталӣ бо фишорбаландии дохилисарӣ ба қайд гирифта шудаанд. Илова бар ин,  дар  50 дар сади  кудакони бемор зиёда аз 2  ва ё 3 беморихои хамрадиф  ба монади, бронхит + энтероколит + рахит  ва ё энсефалопатияи перинаталӣ бо фишорбаландии дохилисарӣ + рахит + бронхит муайян карда шуданд. Аз хисоби кудакони муоинашуда,  дар ин давра 10 нафарашон ба муоинаи такрори мурочиат карда, бо назардошти бехтаршудани вазъи саломатиашон чавоб дода шуданд. 4 нафари беморон барои тасдик кардани ташхис ва гузаронидани ташхиси тафриқавӣ  бо истифода аз усулхои нави ташхиси ба ш. Душанбе равона карда шуданд. 4 нафар дар якҷоягӣ бо ҷарроҳон муоина шуда, барои гузаронидани амлиёти ҷарроҳӣ тавсия дода шуданд. 4 нафари кудаке,  ки бо холати вазнин барои муоина мурчиат карда буданд, ба беморхонаи марказии н. Дангара  барои бистарӣ шудан роххат дода шудаанд. Инчунин ба нафароне,  ки ба гузаронидани усулхои иловагии ташхис ниёз доштанд, ба шуъбаи озмоишгохҳо роҳхат дода шудаанд.

     Бо назардошти корҳои гузаронидашуда дар самти  ташхису муоиличаи кӯдакони бемор  аз ҷониби духтур Қузибоева Наима барои беҳдошти саломатии қудакону наврасон,  махсусан   дар давраи гармои фасли сол тавсияҳои зерин пешниҳод карда мешавад.

 

     Кӯдакону наврасон мунтазам барои муоинаи тиббӣ аз духторони кудакона маслиҳатҳо пурсанд, гузаронидани саривақтии эмгузарониро риоя намоянд, ҳар моҳа инкишофёбӣ ва вазну қади кӯдаконро назорат баранд, қоидаҳои беҳдоти умумии санитарии кӯдак ва модарро ба ҷо оваранд,  тарзи дурусти хӯрокдиҳӣ ва тарзи дурусти нӯшонидани кӯдакони то сини 1 соларо риоя намуда, инчунин дар интихоби пӯшонидани либос, махсусан ба навзодон ба таври ҷиддӣ аҳамият дода шавад. Ҳамзамон таъкид карда мешавад, ки ҳангоми сар задани бемориҳои қайкунӣ, шикамравии дурудароз ва ҳаррорати баланд  ба худтабобаткунӣ машғул нашуда, балки сари вақт ба духтури кудакона муроҷмат намоянд.

    Роҳбарияти донишгоҳ дар доираи ҳамкориҳо бо Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара,  дар ояндаи наздик ният дорад, ки бо истифода аз потенсиали илмию тахассусии худ мактаби дараҷаи олӣ ва бисёрсоҳаеро, аз ҷумла, мактаби педиатрияро бо ташаббуси чунин олимони соҳа бунёд созад ва фардо тавонад, ки  дар тамоми самтҳои хадамоти тиббӣ ёрии тахассусноки сатҳи олиро ба аҳолӣ  пешкаш намояд, илова бар ин корҳои бузурги илмиву тадқиқотиро низ анҷом диҳад.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

Page 4 of 5

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид