Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Дастовардҳо

 Аз Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд, ки гулдухтарони ДДТХ дар озмуни ноҳиявии “Кадбонуи беҳтарин” ғолиб гардида, ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

        Тамоми аъзоёни Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ иштирокчиёни ин озмунро барои ғолибият табрик намуда, таманно доранд, ки дар оянда қуллаҳои баландтари ғолибиятро ба даст оварда, номбардор ва ифтихори Донишгоҳи хеш гарданд.   

Раиси Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ н.и.х.Усмонова У.Х.

  Дар асоси низомнома ва нақша-чорабиниҳои варзишӣ, ки аз тарафи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара бахшида ба эълон гаштани “Соли 2017-Соли ҷавонон” роҳҳандозӣ гардидааст, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ин чорабиниҳои варзишӣ иштирок намуданд.

 Дар таърихи 11.02.2017с. дар Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара мусобиқа аз рӯи намуди “Гуштини миллӣ” баргузор гардид.

Дар вазни 65кг донишҷӯи курси 1-уми факултаи тиббӣ Азизӣ Муҳаммадалӣ аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода,бо усули зебои ба худ хос,усули сари зону, 3-ҳарифи хешро ба тахтапушт афтонд ва ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт. Дар даври нимниҳоӣ ҳарифи вай аз ҷамоати “Саргазон”,ки бениҳоят паҳлавони пуртаҷриба буд, ба майдон баромад. Дар ин сабқат Азизӣ Муҳаммадалӣ аз худ маҳорати баланд нишон дод,аммо доварон фаъолнокиро ба ҳарифи ӯ мансуб донистанд.

Ҳамин тариқ, дар вазни 65кг,аз шумораи 48-нафар Азизӣ Муҳаммадалӣ сазовори ҷои 3-юм гардид.

       Дар саннаи 17-18.02.2017с мусобиқа аз рӯи намуди “Волейбол” байни дастаҳои писарона ва духтаронаи ташкилот ва муассисаҳои ҷамоатҳои н. Данғара тибқи “Низомнома”-и бахши ҷавонон,варзиш ва сайёҳии н.Данғара бахшида ба”Соли ҷавонон” баргузор гардид.

Дастаи писарона ва духтаронаи ДДТХ дар ин мусобиқа ширкат варзиданд. Дастаи писаронаи ДДТХ дар бозии аввал бар дастаи ҷамоати “Оқсу”, дар бозии дуввум бар дастаи “Коллеҷи тиббӣ” пирӯзӣ ба даст оварданд ва ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.Мутаассифона,дар даври нимниҳоӣ аз дастаи ҷамоати “Шаҳрак” мағлуб шуда, сазовори ҷои 3-юм гардиданд.

Дастаи духтаронаи ДДТХ бошад,дар даври аввал озод буда,дар даври дуюм бар дастаи “Беморхонаи клиникии Ҷумҳуриявӣ” ғолибият ба даст оварданд ва ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.Дастаи духтаронаи ДДТХ дар даври нимниҳоӣ бо дастаи “Мактаби варзишӣ”вохӯрда,дар натиҷа, сазовори ҷои 3-юм гардиданд.

Ин дастовардҳои нахустин дар соҳаи варзиш аз тарафи донишҷӯёни ДДТХ дар “Соли ҷавонон” фоли нек буда, боварӣ дорем,ки дар оянда дар дигар мусобиқаҳои варзишӣ баромад намуда, бонишондодҳои хуб ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд.

Мудири кафедраи “Ҷомеашиносӣ”                     Гулов.А.А

         Санаи 11.02.2017с. дар маркази ноҳияи Данғара даври аввали озмуни “Кадбонуи беҳтарин” гузаронида шуд, ки дар он Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ бо омодагии сатҳи баланд  фаъолона иштирок намуданд. Барои омодагӣ дидан ба озмун занон ва тамоми духтарони донишгоҳ саҳми арзандаи худро гузоштанд.  

Боиси хушнудист, ки дар озмун донишгоҳи моро донишҷӯи гурӯҳи 9, факултети тиббӣ, Раиси духтарони ДДТХ Баҳоваддинова Шоиста муаррифӣ карда, бо ҳунари кадбонуии худ хотири ҳакамон ва иштирокчиёнро тасхир намуд.

Дар охир, аъзои ҳакамон иброз доштанд, ки натиҷаи озмуни “Кадбонуи беҳтарин”- ро дар арафаи иди “Наврӯз” эълон хоҳанд кард.

Раиси занон ва духтарони ДДТХ н.и.х.Усмонова У.Х.

    Камолов Муҳамадҷон  Мирзосафарович донишҷӯи бахши якуми факултети стоматологии ДДТХ дар чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба намуди варзиши Ҷиу-Ҷитсу, ки 20-21 августи соли равон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид иштирок намуда, дар байни ҷавонони синну соли 15-17 бо вазни 65 кг сазовори ҷои 2–юм гардид.

Зимнан, то ба имрӯз Муҳаммад дар 8 мусобиқаи ҷумҳуриявии намуди Ҷиу-Ҷитсу  иштирок намуда, 5 маротиба ғолиби ҷойи якум шуда, инчунин аз ҷониби Кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ унвони номзади устоди варзиши Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба Ҷиу-Ҷитсу дода шудааст.

Камолов Муҳаммадҷон ба намуди дзюдо  ва самбо низ шавқ дошта дар чандин мусобиқаҳои Ҷумҳуриявӣ иштирок намуда ғолибият ба даст овардааст. Дар оянда умед дорем, ки дар ҳайати дастаи варзишгарони ДДТХ  соҳиби ҷойҳои намоён, чи дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он мегардад.

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯёни ДДТХ бори дигар Камолов Муҳаммадҷонро бо сазовор гаштани ҷои ифтихорӣ муборакбод гуфта ва ба ӯ дар роҳи фатҳи қуллаҳои баландтари варзиш муваффақиятҳо таманно дорад.

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯёни ДДТХ

Page 7 of 8

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид