Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Дастовардҳо

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон оид ба баргузории идҳои баҳорӣ санаи 15-уми марти соли 2019 дар кафедраи забонҳо озмуни “Гулбазми наврузӣ” баргузор карда шуд. Дар озмун 5 нафар донишҷӯён: Аминова Шабнам - донишҷӯи курси якуми гурӯҳи 105-и педиатрӣ, Ҳусейнова Шоҳсана - донишҷӯи курси дуюми гурӯҳи 203-и тиббӣ, Давлатова Нилуфар - донишҷӯи курси дуюми гурӯҳи 204-и тиббӣ, Шукронаи Рамазон - донишҷӯи курси сеюми гурӯҳи 301-и педиатрӣ ва Эмомова Муборак - донишҷӯи курси сеюми гурӯҳи 305-и педиатрӣ иштирок намуда, вобаста ба шартҳои озмун маҳорат ва ҳунару истеъдоди худро нишон доданд.

    Мақсади асосии баргузор намудани озмуни “Гулбазми наврӯзӣ” ин бошукӯҳ ҷашн гирифтани иди Наврӯз ва ҳамзамон дарёфт кардани истеъдодҳо ва чеҳраҳои нави ҳунар, ки маҳорати баланди суханварӣ, шеърхонӣ ва рақсу сурудхонӣ доранд, мебошад.

      Озмун бо сухани ифтитоҳии аъзои кумитаи тадорукот оғоз гардид. Иштирокчиён тавонистанд шартҳои озмуни мазкурро дар сатҳи баланд иҷро намоянд. Ҳайати ҳакамон таҳти роҳбарии Сарвари китобхонаи ДДТХ - Саидова М. Р. тамоми ҳусну қубҳи баромади иштирокчиёнро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ғолиби озмунро муайян намуданд. Эмомова Муборак - донишҷӯи курси сеюми гурӯҳи 305-и педиатрӣ бо гирифтани 72 хол соҳиби ҷои аввал гардид.

     Озмун дар як фазои дӯстиву хурсандӣ баргузор гардида, барои боз ҳам тақвият додани донишу маҳорат ва истеъдоду малака ба донишҷӯён таъсири мусбии худро расонид.

Кафедраи забонҳо

ҒОЛИБИ ОЗМУНИ «ТАБИБИ БЕҲТАРИНИ СОЛ»

   Дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар дар ҷамъбасти соли 2018 озмуни навбатии натиҷагирӣ аз сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ  баргузор гардид. Аз ҷониби Кумитаи тадорукот дар номинатсияи «Табиби беҳтарини сол» ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, доктори илмҳои тиб, профессор, ҷарроҳи варзида ва табиби ҳозиқ Убайдулло Қурбон ғолиб дониста шуда, бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуд. Албатта, боиси ифтихору сарбаландии дуюмин таълимгоҳи тиббии ҷумҳурӣ – ДДТХ мебошад, ки сарвари   кордону дар ҷумҳурӣ шинохтаи онҳо ба чунин ғолибият мушараф гардидааст. Ин бори дигар собит месозад, ки саъю кушишҳои пайвастаи ин родмарди сарсупурдаи тиби ҷумҳурӣ ҳам дар фатҳи қуллаҳои нави илми тиб ва ҳам тайёр намудани кадрҳои ояндаи соҳибихтисос барабас нарафтааст. Аз номи тамоми аҳли ин донишгоҳи навбунёд роҳбари ғамхору дилсӯз ва кордони худро барои чунин ғолибият аз самими қалб табрику муборакбод намуда, дар шоҳроҳи зиндагӣ ба Убайдулло Қурбон комёбиҳои нав ба нави эҷодию меҳнатиро таманно дорем.

Бо он фурӯтаниву бо он шикастанафсӣ

Фарди бузургвори даврони мо ту ҳастӣ,

Кашшофи ақлу фитрат, ёбандаи маҳорат,

Андар ҷаҳони дилҳо кишваркушо ту ҳастӣ.

Раёсат, коллективӣ меҳнатӣ ва донишҷӯёни  ДДТХ

     Раёсат, созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ  аз хушхабари дар арафаи соли нави мелодӣ гирифтаи худ – ҳимояи номзадии сарвари китобхона Саидова Моҳшариф Раҳмоналиевна изҳори хушнудӣ намуда, мафсуфро бо ҳимояи бомувафаққияти рисолаи номзадӣ тибрику муборакбод менамоянд. Саидова М.Р. рӯзи 28-уми декабри соли 2018 дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Амалҳои сиёсии суъбъект дар давраи таҳвили ҷамъият» таҳти роҳбарии доктори илмҳои фалсафа, профессор, мудири шуъбаи философияи иҷтимоии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Баҳовиддинов рисолаи номзадии худро ҳимоя намуданд.

Раёсати ДДТХ

ДАР ҶАВОНӢ САЪЙ КУН…!

     Рӯзи 23-уми декабри соли 2017 дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа  озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол» баргузор гардид. Боиси ифтихори сарбаландии  мост, ки донишҷӯи соли дуюми факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Комилова Бибисоро сазовори ҷойи аввал гардид.

        Қобили қайд аст, ки дар соли тахсили гузашта Бибисоро дар Олимпиадаи байни мактабҳои олии ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуда буд, аз фанни забону адабиёти тоҷик сазовори ҷойи дуюм гардида буд. Албатта, чунин мувафаққиятҳои  ин донишҷӯдухтар бесабаб нестанд, зеро бо камоли неруву заковати ҷавононааш ҳамеша барои фатҳи қуллаҳои дониш саъю кӯшиш дорад. Ин талошҳо вай албатта барабас намераванд. Тамоми сифатҳои варзидаву ҳамидаи инсонӣ, дониши амиқу ташаббусҳои пайвастааш ӯро дар байни ҳам омӯзгорону ҳам донишҷӯёни  донишгоҳ ангуштнамо гардондааст.

        Рӯзи 25-уми декабри соли 2017 бошад дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол» баргузор гардид ва донишҷӯи соли дуюми донишгоҳи мо Ҳамроев Муҳаммадзамон ба гирифтани ҷойи сеюм дар байни тамоми макотиби олии ҷумҳурӣ мушарраф гардид.       

       Ҳамзамон қайд кардан зарур аст, ки ин ду нафар донишҷӯёни соҳибистеъдоди моро дар арафаи соли нави мелодӣ пайки дигаре низ интизор буд. Яъне онҳо ба гирифтани стипендияи раиси вилояти Хатлон (Ҳамроев Муҳаммадзамон) ва стипендияи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Комилова Бибисоро) сазовор дониста шуданд. 

       Албатта, комёбиҳои ин ду толибилми донишгоҳ боиси таҳсину офарин аст ва мо боварӣ дорем, ки минбаъд низ онҳо тамоми неру ғайрати созандаи ҷавониашонро барои сайқалу такмил додани донишу маҳорати касби интихобкардаашон сарф хоҳанд кард.

      Аз номи раёсати донишгоҳ, ҳайаати профессорону омӯзгорон ин ду нафар донишҷӯи маҳбуби худро бо дастоварди намоён дар арафаи Соли нави мелодӣ табрик намуда, таманнои онро дорем, ки соли навин комёбиҳои нав ба навро барояш арзонӣ фармояд.

Page 5 of 8

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид