Дар ДДТХ дарсҳои кушод барои табодули таҷриба, истифодабарии усулҳои фаъоли таълим, ғанӣ гардонидани маҳорати педагогии омӯзгорон ва омода намудани мутахассисони варзидаи соҳавӣ гузаронида мешаванд. Боиси хушнудист, ки омӯзгорони ҷавон барои ғанӣ гардондани маҳорати педагогӣ ва сайқал додани дониши касбии худ пайваста худомӯзӣ мекунанд.
Санаи 12-уми апрели соли 2025 дар кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ дарси кушоди омӯзгор Халилова Г.Б. аз фанни физиологияи патологӣ дар гурӯҳи 305-и факултети педиатрӣ дар мавзуи “ Физиологияи патологии ҷигар” ва санаи 15-уми апрели соли 2025 дарси кушоди омӯзгор Давлатова Ш.С. аз фанни физиологияи нормалӣ дар гурӯҳи 205-факултети педиатрӣ дар мавзуи “Тавсифи анализатори шунавоӣ” баргузор гардид. Мавзуи дарсҳои амалӣ актуалӣ ва ба вазъи имрӯза ва ояндаи илму фан мувофиқ буданд. Дар ҷараёни дарс омӯзгорон аз воситаҳои таълимии техникӣ, видеороликҳои таълимӣ ва презентатсияҳо истифода бурданд. Донишҷӯён дар дарс фаъолияти хуб нишон доданд. Ба саволҳои омӯзгорон ва таҳлилгарон ҷавобҳои саҳеҳ мегардонданд. Дарсҳои амалӣ ба мубоҳиса (дискуссия) мубадал гаштанд. Ҳамзамон дар равиши дарс аз ҷониби донишҷӯёни гурӯҳи 305 факултети педиатрӣ кори мустақилона ҷиҳати дар хун муайян кардани билирубин (пигменти талха) ва вируси гепатити В иҷро карда шуд. Донишҷӯён кори мустқилонаро бомуваффақият ба анҷом расониданд, ки аз ҷониби таҳлилгарон ва омӯзгорони таҷрибадор - мудири кафедраи анатомияи патологӣ, тибби судӣ ва гистология Алиев А.А. ва мудири кафедраи анатомияи нормалӣ Зарипов И.А. ба кори анҷомдодашуда баҳои баланд дода шуд.
Дарсҳои кушодро сардори БИСТ Қурбонов Х.Ш, ваколатдори сардори шуъбаи таълим Эргашев Х.Ю. ва мутахассиси БИСТ Шарипов А.Ф. ҷамъбаст намуда, таъкид карданд, ки омӯзгорони ҷавон Халилова Г.Б. ва Давлатова Ш.С. дар ташаккули сифатҳои шахсӣ ва касбии донишҷӯён саҳм гузошта метавонанд. Ба омӯзгорони ҷавон Халилова Г.Б. ва Давлатова Ш.С. аз тарафи масъулини муовинати таълим ҷиҳати ташаккули маҳорати педагогӣ ва боз ҳам босифат баргузор намудани машғулиятҳои амалӣ тавсия ва маслиҳатҳои методӣ дода шуданд. Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки баргузории дарсҳои кушод ва таҳлили онҳо ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот дар донишгоҳ ва савияи дониши омӯзгорону донишҷӯён таъсири мусбат расонида метавонад.
Бахши идоракунии сифати таҳсилот дар ДДТХ.