Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Thursday, 17 April 2025 00:00

ДАР ДДТХ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “РУШДИ ҶАРРОҲИИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН” ДОИР ШУД

           Санаи 15-уми апрели соли 2025 дар Донишгоҳии давлатии тиббии Хатлон конференсияи ҷумҳуриявии ҷарроҳони кишвар таҳти унвони “Рушди ҷарроҳии инноватсионӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар кори он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода,  ректори  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  Убайдулло  Қурбон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Нуриддин Муҳиддин, роҳбарони як қатор муассисаҳои тиббию табобатии ҷумҳуриявӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва доираи васеи донишҷӯёни донишгоҳи мазкур иштирок намуданд.

           Пас ас садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сухани ифтитоҳӣ, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон конференсияро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонони олиқадр, иштирокчиёни ин ҳамоиши сатҳи баланди илмиро ба ин даргоҳ хайрамақдам гуфт. Дар идомаи баромад, ректори донишгоҳ густариш додани равобити илмию амалии олимони ватаниро бо ташкил ва баргузор намудани чунин конференсияҳои сатҳи баланд таъкид намуд.

          Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.т., профессор Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суханронии хеш иброз дошт, ки ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии кишвар ба ҳисоб рафта, баргузории конфронси имрӯза низ баҳри табодули таҷриба ва омухтани навгониҳои соҳа миёни мутахассисони соҳа ва устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур ба шумор меравад. Дар ин замина, қайд карда шуд, ки бо фароҳам гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ давоми солҳои охир бахши ҷарроҳии инноватсионӣ дар мамлакат ба маротиб рушду пешрафт намуда, ба дастовард ва муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.


         Дар идомаи конференсия, тибқи барнома, аз тарафи олимону ҷарроҳон ва мутахассисони соҳа вобаста ба самтҳои дигари ҷарроҳии инноватсионӣ ба аҳли иштирокдорон маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод карда шуда, дар баррасии мавзуъ саволу ҷавоб ва муҳокимаронӣ байни иштирокчиён ва маърузакунандагон сурат гирифт.



Хабарнигори сомона.

Хондан 79 times

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners 
 
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид