Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Thursday, 10 April 2025 00:00

ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОБ” ДАР ДДТХ

Дар доираи иҷрои “Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон корҳои назаррасе ба анҷом расидаанд. Санаи 28-уми марти соли равон дар доираи амалишавии Барномаи мазкур ва “Рӯзи умумиҷаҳонии Об” дар донишгоҳ ҳамоиши  илмӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Ҳамоиш таҳти унвони “Об унсури асосии мавҷудияти ҳаёт аст, аз ин рӯ обро бояд гиромӣ дошт” баргузор гашта, дар он маърузаи ассистенти кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика ба номи  С. Ситамов - Саъдуллоев Ҳ,С. дар мавзӯи “Об манбаи ҳаёт”, маърузаи  мудири кафедраи химияи тиббӣ ва экология Султонмамади Гулмамад дар мавзуи “Об барои рушди устувор”, маърузаи мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, дотсент Гулов А.А. дар мавзуи “Нақш ва мавқеи об дар “Захираи Хоразмшоҳӣ”-и И. Ҷурҷонӣ”, маърузаи ассистенти кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология  Баҳодуров Қ.А. дар мавзуи “Тоҷикистон - ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об”, маърузаи мудири кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология н.и.т., Исаева Б.И. дар мавзуи “Инфекции передающие водным путем”, маърузаи  мудири кафедраи биохимия ва биологияи тиббӣ Султонов Р.А. дар мавзуи “Муҳофизати пиряхҳо ва обҳои ошомиданӣ ба манфиати  ҷомеаи ҷаҳонӣ” ва маърузаи мудири кафедраи забонҳо н.и.п., Шарипов А.Ф. дар мавзуи “Ҳифзи пиряхҳо ва моҳияти асосии он” шунида шуд.



Дар ҷамъбасти ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва нашрия, н.и.т., дотсент Абдуллозода Ҳ.А. ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани ҳамоиш ва пешниҳоди маърузаҳои ҷолиб ба масъулон изҳори сипос ва миннатдорӣ намуд.



Хабарнигори сомона.

Хондан 302 times Last modified on Thursday, 10 April 2025 05:52

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners 
 
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид