Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Thursday, 20 March 2025 00:00

БЕҲТАРИН АНАТОМИ ҶАВОН ДАР СОЛИ 2025 МУАЙЯН ГАРДИД

         Санаи 12-уми марти соли 2025, дар доираи баргузории озмунҳои дохилидонишгоҳӣ бахшида ба идҳои баҳорӣ, озмуни “Беҳтарин Анатоми ҷавон дар соли 2025” байни донишҷӯён  ташкил ва баргузор карда шуд.

       Зикр бояд кард, ки озмуни мазкур дар се давр доир карда шуда, даври аввали он 24-уми феврал баргузор карда шуд. Дра озмуни мазкур беҳтарин донандагони фанни Анатомияи нормалӣ ширкат варзида, дар се давр донишу савод ва маҳорату малакаи хешро санҷиданд.

        Ҳайати ҳакамон хеле нозукона маҳорати довталабонро дар се давр баҳогузорӣ намуда, ба даври сеюм танҳо 5 нафар беҳтаринҳо роҳхат гирифтанд. Пас аз натиҷагирӣ кардани даври охирини озмун, бо гирифтани холи баландтарин, донишҷуйи курси 3-юми факултети тиббӣ - Анушервони Ориф “Беҳтарин Анатоми ҷавон дар соли 2025” ҳисобида шуд.

        Раёсати донишгоҳ мавсуфро барои ғолиб омадан дар ин озмун табрику таҳният гуфта, барояшон дар оянда ҷиҳати аз худ намудани нозукиҳои илми тиб ва чун табиби ҳозиқ ба камол расидан муваффақияту комёбиҳои беҳтарину нодиртаринро таманно менамояд.

                                                

                                                                                                                                                    Хабарнигори сомона.

Хондан 114 times Last modified on Wednesday, 26 March 2025 02:32

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners 
 
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид