Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Saturday, 17 August 2024 00:00

РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ДДТХ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Санаи 16-уми августи соли 2024 дар толори бошукуҳи фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, бо иштироки раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин “Рӯзи кормандони соҳаи тиб” таҷлил гардид.

 

Нахуст Раиси ноҳия бо иди касбӣ тамоми кормандони соҳаи тибби ноҳияро табрику таҳният намуд. Қайд намуд, ки ҳамасола ҷашни кормандони соҳаи тиб дар арафаи таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зодрӯзи нобиғаи тиб - Абуалӣ ибни Сино қайд карда мешавад, ки басо рамзӣ ва боиси ифтихор мебошад. Боварӣ дорам, ки Шумо – табибон вазифаи пурмасъули табибиро, ки ҳаёти ҳазорҳо инсонҳо дар дасти Шумост, бо дасту дили пок, маҳорату малака, ҳунару истеъдод, донишу масъулият ва сифати баланди хизматрасонии тиббӣ ба иҷро расонида, тамоми фаъолияти касбии хешро содиқона барои халқ сафарбар менамоед.

 

Қобили қайд аст, ки давлату ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати рушди бомароми соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд, ки самараи неки он имрӯзҳо баръало мушоҳида карда мешавад.  Кормандони соҳаи тиб имрӯз таҳти таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳою комёбиҳои беназир ноил гардида, ворисони ҳақиқии Абуали ибни Сино будани худро бо ақлу заковат ва дастони моҳирашон дар таъмини саломатии аҳолӣ исбот намуда истодаанд.

Сипас ба як қатор кормандони соҳаи тиб, табибон ва ҳамшираҳои шафқат сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара супорида шуд.

   

Барномаи консертии аҳли ҳунари ноҳия, бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, анҷомбахши чорабинии мазкур гардид.

 

 

Хабарнигори сомона.

Хондан 182 times Last modified on Saturday, 17 August 2024 06:27

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Our partners 
 
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид