Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Сешанбе, 07 Март 2023 00:00

НУТҚИ табрикотии ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон бахшида ба «Рўзи Модарон» 07.03.2023.

Устодони арҷманд, бонувони гиромӣ ва шогирдони азиз!

Имрўз мо бо як фараҳмандӣ ва нишоту сурури даҳчанд зиёд иди басо зебою ҳумоюн, иди меҳру садоқат, раҳму шафқат, латофату нафосат, муҳаббату иффат - Рўзи Модаронро ҷашн гирифта истодаем. Таҷлили Рӯзи Модар, ки ба мавсими эҳёи табиат рост меояд, басо рамзист, зеро ки мафҳумҳои Баҳор, Зан, Модар-Ватан бо ҳам тавъам буда, ҳаётро таровату фараҳмандӣ ва шаҳомати нав мебахшанд.

Бешак модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидааст. Ӯ дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад. Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қиммат ва эҳтирому иззати модарону занон қарзи фарзандии  ҳар як инсони соҳибхирад аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд ки: «Мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад. Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ ва пос медорад».

Дар ҳошияи ин суханҳо ва такя ба суннату анъанаҳои неки миллати тоҷик бо мақсади эҳтиром гузоштан ба Зан-Модар, ба офарандаи ҳаёту тарбиятгари наслҳо, соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми март – Рўзи Модар эълон гардид, ки он дар оғози марҳилаи сифатан нави давлатдории тоҷикон, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну арзишҳои миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард. Занон-бонувон дар баробари тарбияи насли нав ва дар руҳияи ватандўстиву меҳанпарастӣ ба камол расонидани фарзандон, ҳамзамон вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаро ҳам ба дўш гирифтаву дар рушду нумуи кишвари азизамон саҳмгузор гардиданд.

Дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои муаззами миллат аз нақши Зан-Модар дар ҷомеаи кунунӣ андешаронӣ намуда, иброз дошта буданд, ки: Модари тоҷик имрўз бонуест, ҳамидаю меҳрубон, нексиришту ботамкин ва қавииродаю шуҷоатманд, ки рисолати модарию қарзи шаҳрвандиашро дар назди Ватан бо ҳисси масъулиятшиносӣ адо намуда, сазовори эҳтиром ва иззати аҳли ҷомеа гардидааст».

Ҳамаи ин шаҳодат аз он медиҳад, ки дар ҳама давру замонҳо қадру манзалати Модар дар тамоми қишри ҷомеа ҷойгоҳи махсуси худро дошт ва сифоту васфи он беинтиҳову беохир боқӣ хоҳад монд. Ва бешак ҳамовоз мешавем бо сухани орифонаи Лоиқ Шералӣ, ки фармудаанд:

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,

Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.

Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ

Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар.

Ман як нафас набошам бе ёди зоти қудсаш,

Аз сарсупурдагонам, ҷонам фидои модар.

Аз сатвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,

Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.

Хира бар он касонам, к-аз хештан ризоянд,

Як бор ношунида ҳарфи ризои модар.

 

Ҳозирини гиромӣ!

Қобили қайд аст, ки бо андешидани тадбирҳои судманд ва саривақтӣ имрўз 25 фоизи шумораи хизматчиёни давлатии кишвар ва 20 фоизи кадрҳои роҳбарикунандаи Ҳукумати мамлакатро занону бонувон ташкил медиҳанд, ки барои фаъолияти муназзами онҳо тамоми шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ нақши занону бонувон назаррас ва шоистаи таҳсин мебошад. Аз шумораи умумии кормандони асосии донишгоҳ 137 нафар ё худ 40,7 фоизро занон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, дар ҳайати профессорону омўзгорон  30 фоиз ё худ 42 нафар бонувон фаъолият карда истодаанд. Аз шумораи умумии омўзгорони соҳибунвон бошад 23 фоизро занон - олимон ташкил медиҳанд, ки дар маҷмуъ, занону бонувон дар рушду нумуи донишгоҳ ва тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Лозим ба қайд аст, ки аз 2251 нафар донишҷўи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 601 нафар ё худ 26,7 фоизро духтарон ташкил медиҳанд, ки аз тамоми гӯшаю канори мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва итминонам комил аст, ки дар оянда чун модарони ѓамхору оқилу доно ва табибони ҳозиқу мушфиқ ба камол хоҳанд расид.

Дарвоқеъ, зан оинаи оила ва миллат аст. Қалби пурэҳсоси зан саршори меҳру сафост. Ва набзи имрӯзи замон тақозои онро дорад, ки аз даричаи сабзи қалбҳо ба ҳама гирумони зиндагӣ нигоҳи тозае дошта, дар эъмори ҷомеаи навин нақши созандае гузорад.

Дар фароварди сухан, бори дигар Шумо – занону бонувони гиромӣ, донишҷўдухтарони азиз ва тамоми ҳозирини арҷмандро бо ин санаи мубораку фархунда, бо Рўзи Модар самимона ва бо як ҷаҳон муҳаббату эҳтиром табрику таҳният намуда, бароятон пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри хуш, хотири шод ва зиндагии шоистаро таманно менамоям.

Рўзи Модарон муборак!

Саодатманду хушрузгор бимонед!

Хондан 194 times

Leave a comment

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид