Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ ДАР ДДТХ

01 Феврал 2021 Муаллиф :  

      Рӯ овардан ба варзиш - ин ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, ташаккули қобилияти зеҳнӣ, инкишофи муътадили ҷисмонӣ, барқарории шакл ва обутобёбии ҷисм мебошад.

  Дар давраи таътили зимистонаи донишҷӯён тибқи нақшаи Раёсати донишгоҳ байни ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ аз санаи 18 - ум то 28 - уми январ мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи баланд баргузор гардиданд. Мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди шоҳмот, шашка, тенниси рӯимизии занона ва мардона, ҳамчунин футболи хурд байни омӯзгорони кафедраҳо доир гардида, аз ҷониби омӯзгорони варзиш - сардоварон натиҷагирӣ гардид ва ғолибони мусобиқаҳо муайян карда шуданд.

 Аз рӯйи бозии шоҳмот байни мардҳо мудири кафедраи физика ва информатика - Ситамов Саъдулло ҷои аввал, ассистенти кафедраи фанҳои муолиҷавӣ - Ҳасанов Ҳ. ҷои дуюм, директори МКМА - Насруллоев С. ҷойи сеюм ва  байни занҳо ассистенти кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ - Аюбджанова Ш. ҷои якум ва профессори фахрии кафедраи забонҳо - Должикова В.А. ҷои дуюмро ишғол намуданд.

  Дар бозии шашка байни мардон ғолибият насиби  мудири кафедраи анатомияи нормалӣ - Зарипов И. гардид. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро омӯзгори кафедраи тибби ҳарбӣ - Сафарализода Г. ва ассистенти кафедраи фанҳои муолиҷавӣ - Раҷабзода Б. соҳиб шуданд.

  Аз байни занон дар намуди бозии шашка ғолибиятро ассистенти кафедраи забонҳо - Набиева А. ба даст овард. Сардоварон ҷои дуюм ба лаборанти кафедраи тибби ҳарбӣ - Худойбердиева З. ва ҷои сеюмро ба лаборанти кафедраи беҳдошт, эпидемиология - Раҳимова Н.  лоиқ донистанд.

 Дар намуди бозии тенниси рӯимизӣ байни мардҳо Қурбонмамадов С. - дотсенти кафедраи забонҳо ғалабаи комилро ба даст оварда, сазовори ҷои якум гардид. Ассистенти кафедраи анатомияи патологӣ – Ғоибов А. ҷои дуюм, ассистенти кафедраи фармакология ва микробиология - Қурбонзода Д. ва ассистенти кафедраи химия ва биологияи тиббӣ - Ҳошимов И. ҷои сеюмро ишғол намуданд.

 Аз байни занон нозири шуъбаи кадрҳо Халифаева Ф. маҳорати фавқулоддаро зоҳир намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид. Азизуллоева Ф. - лаборанти кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика  ҷои дуюм ва Кавракова С. - сарвари қисми махфии кафедраи тиббӣ ҳарбӣ ҷои сеюмро ишғол намуданд.

 Аз рӯи намуди бозии футболи хурд байни кафедраҳо ҷои авалро дастаи мунтахаби кафедраи ҷарроҳӣ ба даст овард. Кафедраи фармакология ва беҳдошт дар ҷои дуюм, кафедраи ҷомеашиносӣ  ва кафедраи муолиҷавӣ дар ҷои сеюм қарор гирифтанд.

Ғолибони мусобиқаҳо бо Ифтихорномаи Ректори донишгоҳ ва мукофотҳои пулии КИКК ҳавасманд ва қадрдонӣ карда шуданд.

МУОВИНАТИ ТАРБИЯ,

ОМӮЗГОРОНИ ВАРЗИШ

0 Шарҳ 1284 нафар мутолиа намуданд
ADMIN

Назари худро гузоред

Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти заруриро (*) ворид созед. Коди HTML иҷозат дода намешавад.

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид