• Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал

ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В ТОРГАХ

 

Республика Таджикистан

ПРОЕКТ РАЗВИТИЯ ВЫСШЕГО ОБРАЗОВАНИЯ

 

Контракт: На закупку компьютерного оборудования

 

Номер Контракта: ХГМУ/SH/03

 

Дата: 14 декабря 2020г.

 

Правительство Республики Таджикистан получило грант от Всемирного Банка на реализацию проекта «Центр симуляционного обучения» и намеревается использовать часть средств на закупку компьютерного оборудования для оснащения рабочих мест (Центра симуляционного обучения) Хатлонского государственного медицинского университета (г. Дангара).

 

Хатлонский государственный медицинский университет приглашает правомочных и квалифицированных поставщиков подать выражение заинтересованности на закупку компьютерного оборудования для оснащения рабочих мест (Центра симуляционного обучения)  Хатлонского государственного медицинского университета:

 

Торги будут проводиться согласно процедурам Всемирного Банка - Закупка в розничной сети (шопинг).

 

Заинтересованные правомочные участники могут получить дополнительную информацию по указанному ниже адресу в рабочие часы с 08:00 до 16:00.

 

Выражения заинтересованности должны быть представлены по указанному ниже адресу до 08 января 2021 года.

 

Хатлонский государственный медицинский университет

Г-ну Курбон У.А., ректор

г. Дангара, ул. Исмата Шарифа 3

Республика Таджикистан

Тел./Факс: +992 918 20 33 88

Эл.почта: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

 

23 ноябри соли равон дар кафедраи анатомияи нормалӣ, анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ, забони лотинӣ маҳфили  навбатии “Анатомҳои ҷавон” баргузор гардид.  Маҳфилро сардори он - донишҷӯи курси панҷуми факултети тиббӣ  Фозилов Н.С. ифтитоҳ намуд.        

Аз рӯи нақшаи маҳфил иштирокчиёни гурӯҳи  “Травматологҳои ҷавон” донишҷӯёни курси 2-юми факултети педиатрӣ Абдулҳамидова Ҳ. ва Зоирова Д. бо забони тоҷикӣ  дар мавзӯи “Узви босира” ва                 Эргашев И. бо забони русӣ дар мавзӯи “Возрастные особенности черепа” маърӯза намуданд. Сипас, барои шавқовар намудани маҳфил ва боз ҳам мустаҳкам кардани дониши иштирокчиён оид ба мавзӯи мазкур сардори маҳфил Фозилов Н.С., викторина бо номи “Як савол ва як ҷавоб” гузаронид. Гурӯҳҳо супоришҳоро фаъолона иҷро карда, ба саволҳои додашуда ҷавоб гардониданд. Мудири кафедра Зарипов И.А. натиҷаи викторинаро эълон намуд, ки дар ин давр гурӯҳи “Урологҳои ҷавон” бо гирифтани 13 хол  ғолибияти  асосии МИД-ро ба даст оварданд.                                    Барои ҳусни хотима бахшидан ба кори маҳфил мудири кафедра Зарипов И.А. баромад карда, фаъолияти гурӯҳҳоро мусбат арзёбӣ намуд ва барои боз ҳам шавқовартар гардидани маҳфил ба иштирокчиён тавсияҳои муфид дод.

Кафедраи анатомияи нормалӣ,

анатомияи    топографӣ    

  ва  амалияи ҷарроҳӣ,

забони лотинӣ

         Бо мақсади таҷлили шоистаи Иди байналмилалии Наврӯз, рӯзи 17ҳуми марти соли равон дар ДДТХ шанбегӣ баргузор гардид. Хайати кормандон, омӯзгорон ва муҳассилини донишгоҳ гирду атрофи маҷмааҳои таълимиро аз ифлосиҳо тоза намуданд. Шанбегӣ бо ташаббуси раёсати донишгоҳ баргузор гардида, донишҷӯён ва устодон аз субҳ то нисфирӯзӣ тамоми гирду атрофи биноҳои таълимӣ, маишӣ ва майдони варзишии донишгоҳро тоза намуданд. Хамзамон дар гирду атроф зиёда аз 1000 адад гулҳо шинонданд. Дар шанбегӣ декани факултетҳо – Боронов Х., муовини декан – Асоев С.П., Э.О. Омонов, кормандони хоҷагӣ ва зиёда аз 100 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

Деканати факултетҳо

    Тибқи нақша чорабиниҳои донишгоҳ санаи   01.12.2018  дар ҳудуди  ДДТХ  шанбегӣ гузаронида шуд. Дар ин шанбегӣ донишҷӯёни курси 1, факултаи тиббӣ гуруҳи 106 , факултаи педиатрӣ гуруҳи 104 ва донишҷӯёни курси 2, факултаи тиббӣ гуруҳи 205 бо сарварии омӯзгорон  Омонов Э, Қурбоналиев Ҷ, раиси кумитаи  иттифоқи касабаи донишҷӯён Камолов Д, фаъолона иштирок намуданд. Гузаронидани чунин шанбегиҳо дар тарбияи насли ҷавон,  ватандустӣ  ва тарбияи меҳнатдустии ҷавонон саҳми арзанда дорад. 

    

   Дар шанбегӣ ҳамагӣ 104 нафар донишҷӯён иштирок намуда, дар ободонии  донишгоҳи азизи  худ, нақши  боризе  гузоштанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин  чорабинҳои ободкорӣ дар  ДДТХ  мунтазам   гузаронида  мешаванд. Натиҷаву  таҳлили  чунин корҳо  собит месозанд, ки ҷавонони  имрӯзаи  мо,ба таъкидҳои  Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон, ки онҳоро  ояндаи  бунёдкорони миллати  тоҷик мешуморад, ҳақиқатан ҳам ойин  ва  номуси баланду ифтихори  ватандӯстии худро  дар  ҳама ҷабҳаҳо нишон медиҳанд. Мо аз  чунин  донишҷӯён ифтихор  менамоем.

Муовини декан  оид ба тарбия.                                 Омонов Э.О.