Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Санаи 24-уми сентябри соли 2023 бахшида ба гиромидошти ду нобиғаи бузурги адабиёти тоҷик – Сардафтари адбиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва орифи бузурги Машриқзамин Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо ибтикори кафедраи забонҳо маҳфили адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани табрикотӣ муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Қурбонмамадов С.Х. ифтитоҳ бахшида, ҳамзамон, нутқи табрикотии Ректори ДДТХ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбонро бахшида ба гиромидошти ин ду абармарди адабиёти форсу тоҷикро ба самъи ҳозирин расонид.  Қайд карда шуд, ки қофиласолори назми калиссикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳ Рудакӣ ва шоири шаҳири давронҳову замонҳо Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар адабиёту фарҳанги тамоми форсизабону ориёнажодони ҷаҳон мақому манзалати хосае дошта, онро машҳуру оламгир гардонидаанд.

Мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П. дар мавзуи «Орифи бузурги Машриқзамин», профессори фахрии донишгоҳ Должикова В.А дар мавзуи «Рудаки-светоч и величие таджикской литературы», саромӯзгори кафедраи забонҳо Қурбонов Х.Ш. дар мавзуи «Рудакӣ - асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик», донишҷӯи гурӯҳи 101-и тиббӣ Давлатова М. дар мавзуи «Рӯдакӣ ва Сомониён», донишҷӯи гурӯҳи 106-и педиатрӣ Сатторова Р. дар мавзуи «Зодгоҳ ва айёми ҷавонии Рудакӣ» маърузаҳои пурмуҳтаворо пешниҳод намуданд.

Гурӯҳе аз донишҷӯён аз ашъори оламгири Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ шеърҳо қироат намуданд. Аз тарафи аъзои дастаи «Дурахшон»-и донишгоҳ шеърҳои Рӯдакӣ ва Балхӣ бо оҳанг суруда шуданд, ҳамзамон рақсҳои марғуб баҳри болидахотирии ҳозирин пешкаш карда шуд.

Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг н.и.ф.  дотсент Қурбонмамадов С.Х. ҳусни анҷом бахшида, бори дигар таъкид намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои тақвияти ҳисси худшиносии миллӣ ва бархурдор будан аз фарҳангу маданияти қадимаи мардуми тоҷик муосидат хоҳад намуд.

Кафедраи забонҳо

 

     Санаи 16-уми сентябри соли 2023, чун анъана, Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон бо донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ вохӯрӣ доир намуд. Мақсади асосии вохӯриро шинос намудани донишҷӯёни курси аввал бо қоидахои дохилидонишгоҳӣ, риояи қонуну талаботҳои донишгоҳӣ, шароитҳои мусоиди таълим, аз худ намудани нозукиҳои илми тиб, пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нангин, такмили худшиносиву худогоҳии миллӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таълиму тарбия ташкил дод.

     Ректори донишгоҳ зимни суханронӣ қайд намуд, ки шумо – навшогирдони азиз, аз байни садҳо, балки ҳазорҳо довталабони донишгоҳҳои тиббӣ беҳтаринҳо будед, ки ба номи пуршарафи донишҷӯӣ сарфароз гардид. Аз як тараф ин боиси таҳсину офарин агар бошад, аз тарафи дигар минбаъд аз Шумо масъулияти даҳчанд зиёдро талаб менамояд. Аз ин рӯ, ҳар як дақиқаву лаҳзаи умрро босамар истифода баред ва ба андӯхтани донишҳои замонавӣ камари ҳиммат бибандед. Танҳо ба ин васила метавонед дар оняда чун табиб ҳозиқу дармонбахши маризон ба воя бирасед.

Вохӯрӣ дар доираи сӯҳбати озод идома ёфта, аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба саволҳои донишҷӯён посухҳои мушаххас дода шуданд.

 

Муовинати тарбия ва фарҳанг,

деканати факултетҳо.

1-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Рӯзи дониш” ва дарси сулҳ бинои асосӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд. Бинои бошукуҳ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, дорои шароити муосири илмомӯзӣ мебошад. Бинои асосии донишгоҳ дар масоҳати 1,8 гектар қомат афрохта, масоҳати умумии он 25 ҳазору 956 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки аз ин 13 ҳазору 787 метри мураббаъ  масоҳати муфиди таълимӣ аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити фароҳамгардида дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва фаъолони вилоят мулоқоти самимӣ ва судмандро доир намуд. Пешвои муззами миллат таъкид намуд, ки бо истифода аз шароити муҳайёгардида дар ин боргоҳи таълимӣ ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Дар қисми маъмурӣ раёсати донишгоҳ, китобхонаи марказӣ бо толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, толори калони маҷлисӣ-фарҳангӣ, осорхонаи марказӣ, марказу шуъбаҳо, садорати факултетҳо ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир аст.

Дар ошёнаҳои аз 4-ум то 6-уми бино кафедраҳои умумитаълимии донишгоҳ, аз ҷумла кафедраи забонҳо, ҷомеашиносӣ, химия ва биологияи тиббӣ, физикаи тиббӣ ва информатика, фармакология ва микробиология, беҳдошт ва вогиршиносӣ мавҷуд мебошад.

Дар бинои навбунёд 194 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорону кормандон ва 80 синфхонаи таълимӣ, дар умум беш аз 2000 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Толорҳои маҷлисӣ ва лексионӣ бошад, 12 ададро ташкил медиҳад.

Толори бошукуҳи маҷлисӣ ва фарҳангии донишгоҳ дорои 1100 ҷойи нишаст буда, бо мизу курсӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногун муҷаҳҳаз гардидааст. Масоҳати умумии толори мазкур  1 ҳазору 164 метри мураббаъро дар бар мегирад. Минбаъд тамоми чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва маърифатии донишгоҳ дар ин толори муҳташам баргузор карда мешаванд.

Дар шафати Бинои асосӣ инчунин бинои таълимии рақами 1, ки аз таҳхона ва шаш ошёна иборат аст, дар масоҳати 0,5 гектар сохта ба истифода дода шуд. Масоҳати умумии бинои нави таълимӣ 3 ҳазору 814 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки масоҳати муфиди он 2 ҳазору 451 метри мураббаъ мебошад. Дар бинои таълимӣ 16 синфхона, 6 озмоишгоҳи илмию фаннӣ бо 318 ҷои нишаст ва як толори барҳавои лексионӣ бо 100 ҷои нишаст барои таълими донишҷӯён мавҷуд аст.

Дар бино кафедраҳои тибби назариявӣ: анатомияи нормалӣ, физиологияи нормалӣ ва патологӣ, анатомияи патологӣ, гистология ва тибби судӣ, ки асосан донишҷӯёни курсҳои 1 ва 3-юм дар онҳо таълим мегиранд, ҷойгир карда шудааст.

Ҳамзамон, дар шафати бинои асосӣ ва таълимии донишгоҳ дар масоҳати 1083 метри мураббаъ ошхонаи барҳаво бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст. Дар ошхона имкон аст, дар як вақт ба 300 нафар хизмат расонида шавад. Ошхона бо таҷҳизоти нонпазӣ, омода кардани хӯрок ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ ҷиҳозонида шудааст. Илова бар ин, дар таҳхонаи бино низ дар масоҳати 600 метри мураббаъ барои 200 ҷои нишаст ошхона сохта шудааст. 

 

Имконияти муосири илму касбомӯзӣ дар донишгоҳ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба хотири аз бар намудани донишҳои замони имрӯза, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ ва пешрафти илми тибби тоҷик фароҳам оварда шудааст.

Мувофиқи нақшаи генералӣ бунёди маҷмааи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар 2 марҳила амалӣ мешавад. Дар марҳилаи якум бинои хобгоҳи донишҷӯён, бинои асосӣ, бинои таълимии №1 ва бинои охшона имрӯз пурра татбиқ шуд.

Дар марҳилаи дуюм бошад, сохтани биноҳои таълимии №2 ва 3, манзили истиқоматӣ барои омӯзгорон, хобгоҳи донишҷӯён, Озмоишгоҳи марказии илмӣ – тадқиқотӣ, бинои виварий, майдони варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ, толори лексионӣ ва бинои клиникаи донишгоҳӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, ин бинои муҳташами замонавиро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш ва дар арафаи таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Устодони донишгоҳ изҳор доштанд, ки барои таъмини солимии ҷомеа аз тамоми дониш ва маҳорати касбнамудаи хеш босамар истифода менамоянд.

30 - юми июни соли 2023 ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  баргузор гардид.

Тибқи рӯзнома дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби директори Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара Баротзода А.Х. ва директори Коллеҷи тиббии ДДТХ дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик Сафаров З.   оид ба фаъолияти коллеҷҳои мазкур дар соли таҳсили 2022 - 2023 ба таври муфассал маълумот дода шуд. 

Дар идомаи ҷаласа ахбори раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯён  Камолов Д.Ғ. оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии донишгоҳ  шунида шуд.

Ҳамзамон, сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа Ҳомидзода И.Ҷ. доир ба вазъи коргузорӣ ва натиҷаи иҷрои супоришҳои ректор, қарорҳои раёсат ва шӯрои олимон маълумот дод.

Сармуҳосиби донишгоҳ Шарипов Ғ. оид ба иҷроиши сметаи даромад ва хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва хусусии ДДТХ маълумоти муфассал дод.

Дар ҷаласа қарори шӯрои олимон “Дар бораи тасдиқи барномаҳои таълимии ординатураи клиникӣ” қабул гардид.

Ректори донишгоҳ, муҳтарам Убайдулло Қурбон масъалаҳои дар боло зикргардидаро мавриди таҳлил қарор дода, бо мақсади рафъи камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани кору фаъолият ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.

 

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

30-юми  июни соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи Комиссияи байникафедравии проблемавӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа мавзуъҳои рисолаҳои номзадии унвонҷӯёни кафедраи фанҳои ҷарроҳии № 1  Сангов М. Б. ва унвонҷӯи кафедраи акушерӣ-гинекологӣ ва тибби оилавии ДДТХ Қурбонова П. Қ. аз рӯи ихтисоси 14.01.01. - Акушерӣ ва гинекология тасдиқ гардиданд.

Раёсат, ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ унвонҷӯёнро барои тасдиқи мавзуъҳои рисолаҳои номзадӣ табрик ва таҳният намуда, барояшон дар ҷодаи илм комёбиҳо таманно менамоянд.

 

ХАБАРНИГОРИ СОМОНА

Page 8 of 127

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид