Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Дар доираи иҷрои нақша-чорабинии донишгоҳӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби шуъбаи кор бо ҷавонон байни донишҷӯён мусобиқаи варзишии “Тенниси рӯйимизӣ” ташкил ва баргузор карда шуд.

Мусобиқа аз санаи 13-уми ноябри соли 2023 оғоз ёфта, донишҷӯёни ҳамаи курсҳои се факултет дар он ширкат варзиданд. Мусобиқа дар руҳияи худшиносиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ифтихори миллӣ баргузор шуда, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар натиҷа Абдураҳмонов П. - донишҷӯи курси 3-юми факултети стоматологӣ ба гирифтани ҷои аввал, Усмонзода А. -донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ ба гирифтани ҷои дуюм ва Раҳимзода Б. -донишҷӯи курси 4-уми факултети тиббӣ ба гирифтани ҷои 3-юм сазовор гардиданд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон.

 Дар асоси нақша-чорабинии муовинати илм ва нашрия баҳри иҷрои супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз 7 -ум то 14-уми ноябри соли 2023 силсилаҳамоишҳои илмӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба нақша гирифта шуда буд.

Дар доираи ни нақша, санаи 9-уми ноябри соли 2023 аз ҷониби кафедра забонҳо, кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология, кафедраи акушерӣ-гинекологӣ ҳамоиши навбатии илмӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро мудири кафедраи забонҳо Одинаев С.П. ифтитоҳ бахшида, ҳамзамон қайд намуд, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори дурандешу хирадманд дар пойдории давлатии тоҷикон, эътибору мақоми хоса пайдо намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байнадхалқӣ, бесобиқа аст.

Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, дотсенти кафедраи забонҳо Қурбонмамадов С.Х дар мавзуи “Президенти кишвар сутуни мустаҳками миллат”, профессори фахрии донишгоҳ Должикова В.А. дар мавзуи “Корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат”, донишҷӯи курси панҷуми факултети тиббӣ - Алиев Мунавваршоҳ  дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар пойдории давлати навини тоҷикон” маърӯза намуданд. Гурӯҳи донишҷӯдухтарони гурӯҳи 106 тиббӣ оид ба бузургдошти Сарвари муаззами миллат ва васфи бузургии Пешво шеърҳо қироат намуда, презентатсияҳои худро пешкаши ҳозирин намуданд.

Кафедраи забонҳо,

кафедраи бемориҳои сироятӣ ва дерматовенерология,

кафедраи акушерӣ-гинекологӣ.

Санаи 10-уми ноябри 2023, дар доираи Барномаи баргузории Ҳамоиши ҷавонони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо таҳти унвони «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сураҷ Чоршанбезода ва муовини раиси ноҳияи Данғара – Садриддин Сайдализода зиёда аз 100 нафар ҷавонони идораву муассисаҳои ҷумхуриявӣ аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон боздид ба амал оварданд.

Меҳмононро муовини аввали ректор, дотсент Аҳмадиён Ш.Р. ва дигар аъзои Раёсати донишгоҳ пешвоз гирифтанд ва бо имконияту шароитҳои донишгоҳ меҳмононро аз наздик шинос намуданд. Дар саҳни Китобхона дастовардҳои илмӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва варзишии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён ба намоиш гузошта шуда буд, ки аз ҷониби меҳмонон хуш пазируфта шуд. Ҳамзамон, меҳмонон аз имкониятҳои Маркази омӯзиши стимулятсионӣ дидан намуда, аз корҳои илмӣ, амалӣ ва таълимии донишҷӯён, ки тавассути таҷҳизоти замонавии тиббӣ намоиш дода шуд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сипас, дар толори Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид, ки дар он маъруза ва баромадҳои муовини раиси Кумита кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Чоршанбезода С., муовини раиси ноҳияи Данғара –Сайдализода С., шоира – Раънои Мубориз, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" дар соли 2023 ва гирандаи аввалин “Шоҳҷоиза”-и озмун – Дадоҷонов Ҷ.Ю, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанги ДДТХ – Қурбонмамадов С.Х. шунида шуданд. Дар анҷом ба як қатор ҷавонони фаъол Ифтихорномаи Иттифоқи ҷавонон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд, ки аз донишгоҳ Қурбонзода Д.А.- мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, Дадаҷонов Ҷ.Ю. –ассистенти кафедраи Ҷарроҳии №1, Қосимова Ф.С. – мудири кафедраи стоматологӣ, Саидова М.Р. – омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ ва Ошурбекова Ф.С. – донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ қадрдонӣ гардиданд.

Суруду тарона ва рақсҳои мавзуни аҳли ҳунар ва адаб анҷомбахши ҳамоиши мазкури бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

Хабарнигори сомона.

Санаи 4-уми ноябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба 29-умин солгарди қабули қонуни асосӣ ва сарнавиштсози давлату миллат - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро муовини ректор оид ба илм ва нашрия дотсент Боронов Ҳ.А. ҳусни оғоз бахшида, нутқи табрикотии Ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбонро қироат намуд.

Сипас мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, н.и.ф., Гулов А.А., омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ н.и.с. Давлатова Г. аз муҳиммияти ин қонун, таърихи қабул ва тағйиру илова ба Конститутсияи ҶТ, нақши он дар давлатдорӣ ва дигар паҳлуҳои он маъруза намуданд. Донишҷӯён порчаҳои насриву назмиро дар ситоиши ватану меҳан, аҳаммияти қонун, рисолати Конститутсия қироат намуданд.

Аъзои дастаи ҳунарии “Дурахшон”-и донишгоҳ бо суруду таронаҳои диловез ва саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, Тоҷикистони азиз, ба чорабинӣ ҳусни тозатар бахшиданд.

Бо сухани ҷамъбастӣ, муовини ректор оид ба илм ва нашрия дотсент Боронов Ҳ.А. аз номи Раёсати донишгоҳ ба масъулини чорабинӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани он изҳори сипос намуда, аҳли нишастро дигарбора бо Рузи Конститутсияи ҶТ табрику таҳният намуд.

Кафедраи ҷомеашиносӣ.

 

 Дар асоси Нақша-чорабиниҳои муовинати тарбия ва фарҳанги ДДТХ оид ба баргузории мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи ҶТ байни донишҷӯёни факултети тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди “Футболи хурд” ташкил ва баргузор карда шуд.

Мусобиқа аз санаи 03.10.2023 оғоз шуда, аз рӯйи қоида ва талаботҳои  амалкунандаи намуди варзиши футболи хурд ва ҷадвали  даврии дастаҳо гузаронида шуд. Ташкил ва назорат намудани  раванди мусобиқаро бевосита шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар ҳамоҳангӣ бо деканати факултетҳо, шуъбаи тарбия ва фарҳанг ва КИКК ва Д ба зимма гирифта буд.

Санаи 31.10.2023. даври ниҳоии мусобиқа ҷамъбаст гардида, дар натиҷа дастаи футболбозони гурӯҳи 401-и факултети стоматолгӣ сазовори ҷойи аввал, дастаи футболбозони гурӯҳи 507-и факултети педиатрӣ сазовори ҷойи дуюм ва дастаи футболбозони гурӯҳи 402-и факултети тиббӣ сазовори ҷойи 3-юм гардиданд. Ғолибон аз тарафи намояндагони Раёсати донишгоҳ бо медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ.

 

Панҷшанбе, 02 Ноябр 2023 00:00

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН

 

Санаи 28-уми октбяри соли 2023 ҷаласаи навбатии Шурои олимон доир гардид. Тибқи рӯзнома дар ҷаласа масъалаҳои ҳисобот оид ба фаъолияти муовинати тарбия ва фарҳанг дар соли таҳсили 2022-2023, маълумот оид ба амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар ДДТХ, ахбор оид ба фаъолияти Комиссияи доимамалкунандаи дохилиидоравӣ оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар ДДТХ шунида ва мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг, н.и.ф., дотсент Қурбонмамадов С.Х. оид ба фаъолияти муовинати тарбия ва фарҳанг дар соли таҳсили 2022-2023, корҳои дар ин самт иҷрошуда ва камбудиҳои ҷойдошта ҳисобот дода, вазифа ва дурнамои муовинатро пешниҳод намуд.

Муовини раиси Комиссияи донишгоҳӣ Одинаве С.П. оид ба амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар донишгоҳ маълумот дода, ҷиҳати назорат ва беҳтар ба роҳ мондани кори комиссия, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва тозаву беолоши нигоҳ доштани забони давлатӣ минбаъд низ чораҳои амалӣ андешиданро таъкид намуд.

Вобаста ба масъалаи фаъолияти Комиссияи доимамалкунандаи дохилиидоравӣ оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар ДДТХ мушовири ректор Азизуллоев А.А. ахбор пешниҳод намуда, қайд намуд, ки минбаъд низ суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт зиёдтар карда шаванд.

Дар масъалаҳои гуногун мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ дар мактабҳои олӣ” низ корбарӣ гардида, инчунин, “Дар бораи тасдиқи мавзуи унвонҷӯи кафедраи фанҳои ҷарроҳӣ №1, Сангов Муҳаммад Бегиҳмадович ва “Дар бораи тасдиқи мавзуи унвонҷӯи кафедраи акушерӣ-гинекологӣ ва тибби оилавӣ Қурбонова Парвина Қурбоналиевна қарори Шурои олимон қабул карда шуд.

Раиси Шурои олимон масъалаҳои дар ҷаласа баррасишударо таҳлилу хулосабарорӣ намуда, барои иҷрои босифати корҳо дар самтҳои зикршуда ба масъулон дастури мушаххас дод.

Хабарнигори сомона.

 

Page 6 of 127

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид