Скачать шаблон Joomla с JooMix.org
Ҷумъа, 04 Ноябр 2016 00:00

Сугворӣ

Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,

Шамъ чун хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад.

    Боиси таассуф ва андӯҳи бузурги устодони  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва кулли мардуми Тоҷикистон аст, ки марг рӯзи 31-ми октябр аз миёни мо фардеро рабуд, ки аз барозандагони тоҷу тахти бартарӣ ва сафороёни маъракаи давлату раиятпарварӣ буд ва ниҳоли бахташ аз тарбияти баҳори камолот тарбия ёфтаву арсаи тӯлу арзи қаламрави ахлоқу одоб ва фурӯтаниву хоксорияш аз сарҳади тасаввур фаротар гардан мекашид.

   Шахсе рӯ ба ниқоби хок кашид, ки ганҷинаи табъи салимаш аз зару сими хираду дониш ба он ҳад  саршор буд, ки агар тӯтии нутқро дар шакаристони маҳфил мутакаллим месохт, аз резиши найсони каломаш садафи ҳушу равони гавҳарсанҷони ҳар маҳфил моломоли дурру марворили обдори балоғату фасоҳат мегардид ва агар ҳумои отифату насиҳаташ бар ҳар саре сояи боли иноят меафканд, дар маъракаи арҷмандӣ сарфароз мегашту ба манзили мақсуд мерасид.

    Номваре аз байни мо рафт, ки офтоби оламтоби вуҷуди масъудаш машриқорои сипеҳри ҳастӣ буд ва дар арсаи ҳар диле, ки партави хуршеди ҷонбахшаш метофт, анвори таҷаллиёти фуюзоти ҷовидониро дармеёфт ва агар насими панду андарзаш гулшани ҳар дилеро хуррамӣ мебахшид, аз осебу зиёни ҳеҷ хазоне хиҷолати зардрӯӣ намекашид.

Ба дигар сухан:

                        Китоби фазли варо оби баҳр кофӣ нест,

Ки тар кунӣ сари ангушту сафҳа бишморӣ.

 

    Ин ганҷури хизонаи хираду доноӣ ва ғаввоси баҳри басорату биноӣ, ки аз партави назари кимиёасари нурфизои соҳати саодатмандӣ баҳравар гашта буд, РАМАЗОН ҒОЗИЕВ (1. 08. 1946 - 31. 10. 2016) буд. Номбурда, ки  солиёни зиёд бо шаҳди нигоҳу гуфтори хеш коми ташнаи шогирдон ва ҳамсуҳбатони хешро дар ҷумҳурӣ, ба вижа дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, шодоб месохт, кунун дар байни мо нест.

   РАМАЗОН ҒОЗИЕВ, бо назардошти соҳибтаҷрибаву огоҳдил буданаш, ҳар куҷо, ки ба фаъолият мепардохт, дар мақоми иззу эҳтиром ва мулотифату икром қарор дошт. Аз сабаби он ки фаъолияти ин абармард бисёрҷабҳаву гуногуннавъ аст, баррасии ҳамаи онҳо фароғи хотир ва фурсати бештареро тақозо мекунад, ки ин таъзиянома маҷоли бардошти ҳамаи онҳоро надорад. Ин ҷо бо истифода ва такя ба мақоли «Мушт намунаи хирвор аст» фақат ба таври иҷмол арз медорем, ки марҳум ҳангоми дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон фаъолият карданаш , аз соли 2011 то соли 2016, мушовири собиқ ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино - Убайдулло Қурбон - роҷеъ ба масъалаҳои тарбиявӣ буда, дар ин замина бо ибтикороти хеш ба роҳандозӣ ва таъсиси китобхонае таҳти унвони «Асрори дониш» дар ноҳияи Муъминобод муваффақ шуд. Ҳамчунин ташкили маҳфилҳое таҳти номҳои «Масъалаҳои равонӣ бо донишҷӯён»,  «21 сифати роҳбар» ва «Зан - роҳбар»  дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ибтикороти ӯст. Вазифаи раиси Шӯрои мураббёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бар дӯши вай гузошта шуда буд.

   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хидматҳои шоиста ва бенуқсони Рамазон Ғозиевро дар самту соҳаҳои гуногун ба эътибор гирифта, ӯро бо як қатор мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардондааст.

   Раёсат, ҳайати профессорону устодон, шогирдон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва кулли кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз фавти ин шахсияти оқилу фарзона, устоди сахтгиру меҳрубон, масъулиятшиноси камназир ва фарди хоксору накусияр – РАМАЗОН ҒОЗИЕВ сахт андӯҳгин буда, ба хешу табор ва кулли пайвандони марҳум шикебоии зеборо таманно доранд ва якдилона аз забони шоир мегӯянд:

Кай нутқи марди маърака вассофи қадри ӯст,

Берун бувад сифоти вай аз маркази қиёс.

Дар остони қадри ҷалолаш намерасад,

Гар сад ҳазор сол парад тоири қиёс.

Сармашқи тозарӯии фирдавси роҳат аст,

Ҳар дил, ки нақди бандагияш кард иқтибос.

Ҳар чини ӯ ба номаи озодагӣ хатест,

Пешоние, ки хоки суҷудаш бувад масос.

Мақбули коиноту сазовори ҷаннат аст,

Ҳар муқбиле, ки бар дари ӯ гашт рӯшинос.

 

Раёсати ДДТХ

Душанбе, 14 Ноябр 2016 00:00

Дар ҷисми солим руҳи солим аст

Written by

    Ҳар як инсон ба ду навъи ғизо зарурат дорад - ғизои моддӣ ва ғизои маънавӣ. Барои ғизои маънавӣ донишҷуён паси курсӣ дар китобхона  ва дар  дарсҳо нишаста сабақ мегиранд, барои ғизои моддӣ бошад, солим гардонидани руҳу ҷисми онҳо зарур аст, яъне ба қавли Ибни Сино:«Агар хоҳед, ки шуморо ба табиб зарурат набошад, ба варзиш машғул шавед». Дар ин росто мувофиқи супориши раёсати донишгоҳ бахшида ба рӯзи Конститутсияи ҶТ, мусобиқаи варзишӣ аз рӯи  намуди футбол  байни донишҷӯёни факултаҳои ДДТХ ба нақша гирифта шуд.

      Низомнома ва тартиби гузаронидани бозии футбол таҳия карда шуда, аз 24-уми октябр то 7-уми ноябри соли 2016 мусобиқаи футбол байни дастаҳои факултетҳо дар майдони варзишии ДДТХ баргузор гардид. Дар мусобиқа 12 дастаи факултаҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ иштирок намуданд.  Ба бозии финалӣ дастаҳои гурӯҳҳои 7-8-уми тиббӣ ва 3-4уми тиббӣ роҳ ёфтанд. Баъди баргузории бозии финалӣ дастаи гурӯҳҳои 7-8-уми тиббӣ ҷойи якум, дастаи гуруҳҳои  3-4уми тиббӣ ҷойи дуюм ва дастаҳои гурӯҳҳои 5-6-уми тиббӣ ва 1-2-и тиббӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа муовини ректор оид ба таълим Ғафуров Б.А., раиси иттифоқҳои касабаи кормандону донишҷӯён Мамадалиева С.А. иштирок намуда, ғолибони мусобиқаро бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорнома сарфароз намуданд.

   Мақсади   ташкили  бозиҳо  дар байни донишҷӯён  бедор намудани ҳисси масъулият, ҳамдигарфаҳмӣ ва пурқувваттар намудани  дӯстию бародарӣ дар байни онҳо мебошад. Ҳамзамон донишҷӯён   варзиш, ҳаёти солим, муҳити солимро пайгирӣ   намуда, аз амалҳои ғайриахлоқӣ дурӣ ҷӯянд. Дар оянда низ дар ҷамъият  адои вазифа намуда, мутахасисони хубу солим  ба воя бирасанд, дар байни ҷомеа соҳиби обрӯю мартабаи баланд гарданд ва ба давлату миллати худ хизмати сазовор намоянд.

Нуров Маъруф – донишҷӯи гурӯҳи 10-уми факултети тиббии ДДТХ

Чоршанбе, 05 Октябр 2016 00:00

Забон пояи миллат!

Written by

Рӯзи 5-уми октябри соли 2016 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи муаллимон маҳфили илмию адабӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани табрикӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳусни оғоз бахшиданд.

Сипас мудири кафедраи забонҳо, доктори илмҳои филология Тағоймуродов Р. дар мавзӯи «Назаре ба мафҳуми «забон»  ва таърифи он», муаллими калони кафедраи забонҳо Қурбонов Х.Ш. дар мавзӯи «Забон – муқаддасоти миллӣ» баромад намуданд.      

 

Базми шеър    оид ба забон ва  муаллим дар иҷрои донишҷуён Ғайратова Н. (гурӯхи 8-и педиатрӣ), Валиева Ш. (гурӯҳи 7 педиатрӣ), Ҳабибова Зуҳал (гурӯҳи 10-и тиббӣ), Раҷабов Н. (гурӯхи 8-педиатрӣ), Ҳамроев М. (гурӯҳи 10-и тиббӣ),  Абдуллоев М. садо дод. Донишҷӯи гурӯҳи 8-уми тиббӣӣ Қодирова Нигора ва донишҷӯи гурӯҳи 1-уми стоматологӣ бо суруд хотири иштирокчиёнро болида намуданд. Ба чорабинии мазкур ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ҳусни хотима бахшид.

Барандагии маҳфилро донишҷӯи гурӯҳи 8-уми педиатрӣ Ғайратова Наврӯза ва донишҷӯи гурӯҳи 1-уми стоматологӣ Зикиров Икромиддин ба уҳда доштанд.

 

   Рӯзи 12-уми октябри соли 2016 ҷаласаи навбатии муовинати таълимии ДДТХ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини ректор оид ба таълим д.и.х Ғафуров Б.А., сардори Шуъбаи таълим н.и.т. Қузибоева Н.К., сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С.П., сардори шуъбаи кадрҳо Шоев Ҳ., декани факултетҳо н.и.т. Саидов И.З., мудирони кафедраҳо ва ҳайати омӯзгорон ширкат доштанд. Масъалаҳои иҷроиши нақшаи таълимӣ, таҳлили сифати таълим ва роҳҳои баланд бардоштани он, вазъи ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедраҳо, интизоми кории ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ баррасӣ карда шуданд. Муовини ректор оид ба таълим д.и.х Ғафуров Б.А. оид ба рафти иҷроиши нақшаҳои таълимӣ ахбор  дода, қайд намуданд, ки раванди таълим дар ДДТХ ба низоми муайяне даромада истодааст ва бо назардошти  таклифу  пешниҳодҳои мудирони кафедраҳо Низомномаи сабақгардонии донишҷӯ            ён аз фанҳои таълимӣ таҳия карда шуда, барои тасдиқ ба Шӯрои олимони донишгоҳ пешниҳод карда мешавад. Дигар мушкилоти раванди таълим, роҳҳои бартараф намудани онҳо, иштироки донишҷӯён дар дарсҳо, дараҷаи дарсазхудкунии онҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд. Ҳамчунин масъалаи аз тарафи кормандони кафедраҳо омода намудани дастуру коркардҳои методӣ аз фанҳои гуногуни таълимӣ ва нашри онҳо баррасӣ карда шуд.

    Сармутахассис оид ба назорати  сифати таълим Одинаев С.П. оид ба сифати таълим дар донишгоҳ маълумот дода қайд намуд, ки мониторинги назорати сифати таълим дар моҳи сентябр гузаронида шуда, аз рӯи он натиҷагирӣ карда шуд. Натиҷаи таҳлили сифати дарсазхудкунии донишҷқён нишон медиҳад, ки  чун анъана сифати дарсазхудкунӣ аз фанҳои назариявӣ (забони тоҷикӣ, русӣ, хориҷӣ, таърихи халқи тоҷик, фарҳангшиносӣ) дар муқоиса бо фанҳои дақиқ (анатомияи одам, биология, химия, информатика) баландтар мебошад.

   Сардори шуъбаи таълим н.и.т. Қузибоева Н.К. оид ба масъалаҳои ҳуҷҷатгузории кафедраҳо, аз ҷумла Низомномаҳои кафедраҳо, барномаҳои таълимӣ,  нақшаҳои корӣ ва инфиродии кафедраҳо, сарбории таълим баромад карданд.

    Ҳамчунин декани факултетҳо н.и.т. Саидов И.З., мудири  кафедраи забонҳо, д.и.т. Тағоймуроводов Р. Ҳ. оид ба масъалаҳои интизоми меҳнат ва дигар масъалаҳои дахлдор баромад карданд.

Имрӯз дар маркази вилояти Хатлон, ш.Қурғон-теппа  ҷаласа оид ба ташкил шудани шурои созмони ҷавонони вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раисони ноҳияҳои вилояти Хатлон, муовинон, раисони шӯъбаҳои кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳии ноҳияҳо, ректорони донишгоҳҳои вилояти Хатлон, сардорони шӯъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳҳо ва 10 нафар намояндагон аз қатори донишҷӯёни донишгоҳҳо  иштирок карданд. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро сардори шӯъбаи таълим, дотсент Кузибоева Н.К, сардори шӯъбаи кор бо ҷавонон донишҷӯи курси 1-уми факултети тиббӣ Раҳимов Х., 10 нафар донишҷӯёни курси 1 факултетҳо муаррифӣ намуданд. Дар ин ҷамъомад масъалаҳои иштироки донишҷӯён дар фаъолияти ҳаррузаи донишгоҳ, ҳаёти ҷамъиятии ҷумҳурӣ, дохил шудани онҳо ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, пешгирӣ кардани онҳо ва ба роҳи дуруст мондани фикру ақидаҳои онҳо  баррасӣ шуд. Раиси вилояти Хатлон, Гулаҳмадзода Д.Қ ба маърӯзаи ҷаласа ифтитоҳ бахшид, баъдан дар рафти ҷаласа толибилмон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳҳо оид ба масъалҳои мубрами ҷавонон ва ҷаҳон баромад карда фикру ақидаҳо ва пешниҳодҳои худро манзур карданд. Дар хотима, раис бо назардошти пешниҳодҳо нақшаи кори шӯроро дар давраи аз моҳи сентябри соли 2016 то моҳи декабри соли 2016 барои тасдиқ пешниҳод намуд, ки аз ҷониби шӯро бо як овоз нақшаи кори шӯро тасдиқ шуд.

Шуъбаи таълим

 

                      Имрӯз дар ДДТХ дар асоси Нақша чорабиниҳои оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҶТ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ҷараёни сафари кориашон ба вилояти Хатлон дар моҳи август – сентябр баён доштанд, вохӯрии донишҷӯёну омӯзгорон бо роҳбарияти мақомоти қудратии ноҳия  дар  мавзуи   сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу  ҳаракатҳои ифротӣ, оқибатҳои терроризму  экстримизм ва роҳҳои пешгирии он доир гардид.   Дар чорабинии мазкур  Ҳикматуллозода А.  – прокурори ноҳияи Данғара, Ҳусейнов М.  –сардори шуъбаи амнияти давлатии миллии ноҳияи  Данғара,  Неъмаптзода А.  - сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара ва намояндагони Раёсати кор бо ноболиғон  ва наврасону  ҷавонон ширкат доштанд.

                   Сараввал мушовири ректор А. Азизуллоев  аз номи роҳбарияти донишгоҳ меҳмоноро барои ташрифашон ба донишгоҳи тибби  хайрамақдам гуфта, сипас оид ба мавзуи вохӯри баромад карда, аз ҷумла  чунин қайд намуд. «Имрӯз, дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзӯр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст. Бинобар ин, ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои илмию  дунявӣ  ва ҳамчунин донишҳои динӣ дар чаҳорчӯбаи мазҳаби суннатии мо - ҳанафия мебошад. Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад».

                     Сипас прокурори ноҳия Ҳикматуллозода А. ба сухан баромада, чнин изҳори назар кард. « Имрӯз дар дунё вазъият назар ба солҳои қаблӣ хеле печида, хеле хатарнок ва хеле нозук аст. Ҷангҳои харобовар   як қатор кишварҳои ободу зебо ва муқтадири  мамолики арабро  ба чӣ ҳоле овардааст,  дар ҳар рӯзу ҳар соат қатлу ғорат ва таркишҳои ҷонрабо, дар Афғонистону Покистон авҷ гирифтани террор, афзудани миқдори ҷавонони маргталаб, тарғибу ташвиқи ғояҳои ифротӣ - ҳамаи ин ҳолатҳо нигаронкунанда буда, аҳли ҷомеаро ба ташвиши ҷиддӣ овардааст ва  мутаассифона кишвари тозаистиқлолу озоду биҳиштосои мо низ  аз ин хатарҳо эмин нест. Аз ин хотир, дар ин лаҳзаҳои ҳассос, мардуми Тоҷикистон бояд ҳушёрии сиёсӣ, ватандӯстӣ ва муқаддас донистани арзишҳои миллиро аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ ва мазҳабӣ боло гузоранд».  Инчунин сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия Данғара Ҳусейнов М. низ баромад намуда, дар хусуси пайдоиши ҳар гуна ифроту тафритҳо ва ақидаҳои тундгароӣ  ва зуҳуру фаъолгардии гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро, ки ба  халқу миллати мо бегона мебашанд маълумот дод.

                  Лозим ба қайд аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо  ҳайати профессорону омӯзгорони  муассисаҳои олии дар ноҳия қарордошта ва  бо  донишҷӯёни   ин  мактабҳои  олию мсиёнаи касбӣ   таъкид  намуда буданд, ки соҳаи маориф дар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалу бартарро дорад ва минбаъд низ ин мақомро аз даст нахоҳад дод, зеро бе пуштибонӣ аз ин соҳа мо ба рушду пешрафти ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ дастрасӣ пайдо нахоҳем кард. Илова бар ин, ба ҷавонони кишвар муроҷиат намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки имрӯзҳо вазъи гаравидани ҷавонон ба равияву созмонҳои иртиҷоӣ бисёр ташвишовар аст. Аз ин лиҳоз, мо бояд барои пешгирӣ кардани ин раванд чораҳои мушаххас андешем. Ҳамчунин ба ҷавонон омӯзонидани касбу кори гуногун, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст мебошад.

                   Оре, бо такя бо суханони Ҷаноби олӣ мутмаинем, ки донишҷӯёни  умедбахши мо вазифаҳои дар пеши худ гузоштаро содиқона иҷро намуда, баҳри дар оянда ба ҳайси табиби варзида ба воя расидан ва минбаъд дар самти солимгардонии ҷомеа нақши сазовор мегузоранд. 

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид