Скачать шаблон Joomla с JooMix.org

Санаи 29-уми июни соли 2024 ҷаласаи навбатии Шурои олимони ДДТХ, ки дар соли таҳсили 2023-2024 ҷаласаи охирон ба ҳисоб мерафт, баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси Шурои олимон д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ҳусни оғоз бахшида, нахуст ҳозиринро бо ҷашни “Ваҳдати миллӣ” табрику таҳният намуд. Сипас аъзоро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, бо дарназардошти тағйиру илова рӯзномаи ҷаласаро тасдиқ намуд.

Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома “Маълумот оид ба иҷроиши сметаи даромад ва хароҷотии маблағҳои буҷетӣ ва хусусии ДДТХ дар  шаш моҷи соли 2024” сармуҳосиби донишгоҳ  Шарипов Ғ. маълумотномаро ба самъи аъзо расонид.

Сардори ШТН ва РҶ Ҳомидзода И.Ҷ. доир ба вазъи коргузорӣ ва натиҷаи иҷроиши дастуру супоришҳои ректор, қарорҳои раёсат ва шурои олимон маълумот дода, иҷрои мактубҳоро дар ҳар як муовинат ва сохторҳои донишгоҳ таҳлил намуд.

Дар масъалаи сеюм фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии донишгоҳ: КИКК ва Д., шурои занон ва духтарон, шуъбаи кор бо ҷавонон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Масъалаи чоруми рӯзномаро ваколатдори сардори шуъбаи таълим н.и.х. Назаров З.С. пешниҳоди аъзо намуда, оид ба иҷрои сарбории таълимӣ ва натиҷаи ҳисоботи инфиродии омӯзгорони кафедраҳо дар соли таҳсили 2023-2024-ро таҳлилу баррасӣ намуд.

Масъалаи панҷуми рӯзномаро “Фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар шаш моҳи соли 2024  ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024” ташкил дода, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ дотсент Аҳмадиён Ш.Р. оид ба фаъолияти донишгоҳ ҳисобот пешниҳод намуд.

Дар масъалаҳои гуногун Раиси шурои олимон вобаста ба ҷамъбасти соли таҳсил ва омодагӣ ба соли нави таҳсил, дида баромадани фаъолияти озмоишгоҳҳо, истифодаи таҷҳизотҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарраро таҳлил намуд. Ҳамзамон, вобаста ба масъалаҳои рӯзнома ба масъулон ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ, муолиҷавӣ ва хоҷагидории донишгоҳ супоришҳои мушаххас дод.

Хабарнигори сомона.

Санаи 26-уми июни соли 2024 дар майдони назди Парчами ноҳияи Данғара бахшида ба ҷашни “Ваҳдати миллӣ” роҳпаймоии оммавӣ ва барномаи адабӣ-мусиқии аҳли ҳунари ноҳия баргузор гардид.

Раёсати ДДТХ низ бо иштироки васеи ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён бо шиору расм ва парчамҳо дар роҳпаймоии мазкур ширкат варзид. Пас аз анҷоми роҳпаймоӣ дар майдони назди Парчами ноҳия барномаи консертии аҳли ҳунар бахшида ба ин санаи мубораку фархунда доир гардид, ки ба чорабинии мазкур шукуҳу шаҳомати хосаро зам намуд.

 

Хабарнигори сомона.

Санаи 25-уми июни соли 2024 дар донишгоҳ ҳамоиши илмӣ-адабӣ бахшида ба “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон баргузор гардид. Ҳамоишро мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои фалсафа Гулов А.А. ҳусни оғоз бахшид ва ҷиҳати ташаккули ҳувияти миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ доир гардидани чунин ҳамоишҳоро муҳим арзёбӣ намуд.

Аз номи Раёсати донишгоҳ муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг дотсент Қурбонмамадов С.Х. баромад намуда, ба муовинати илм ва нашрия, кафедраҳои масъул ва маърузачиён барои баргузории ин ҳамоиш изҳори сипос намуд. Ҳамзамон, қайд дошт, ки ваҳдати миллии мо ин нодиртарин ганҷи даврони соҳибистиқлолии кишвар аст, ки мову шуморо лозим аст, ки аз ҳарвақта дида онро чун гавҳараки чашм нигоҳубин намоем ва муҳиммияти ваҳдату ягонагиро ба насли нав пайваста ҳушдор диҳем.

Сипас маърузаҳои омӯзгорон: омӯзгори кафедраи ҷомеашиносӣ – Мардонова Н., омӯзгорони кафедраи анатомияи нормалӣ – Муминова Р. ва Ғайратова Н., омӯзгори кафедраи беҳдошт ва эпидемиология Ашурзода Р., мудири кафедраи фармакология ва микробиология Ҷулаев А.А. перомуни ваҳдату ягонагӣ, муҳиммияти ваҳдат, шукуҳмандии ваҳдат, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва дигар паҳлуҳои он шунида шуданд.

Дар фарҷом, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг бори дигар аз номи Раёсати донишгоҳ ба ташкилкунандагони ҳамоиш миннатдорӣ баён намуда, ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми мардуми кишвари азизро бо ҷашни Ваҳдат табрику таҳният намуд.

Хабарнигори сомона.

Аз санаи 16-ум то 23-юми майи соли 2024 тибқи фармоиши Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода М.С. санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” баргузор гардид.

Ҳайати комиссияи санҷишӣ бо роҳбарии Раиси комиссия Олимзода Шоҳин – сардори шуъбаи баҳодиҳӣ ва мониторинги сифати таҳсилот дар ин муддат фаъолияти донишгоҳ, сатҳу сифати таҳсилотро мавриди санҷиш қарор доданд.

Санаи 21-уми июни соли 2024 натиҷаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар донишгоҳ аз ҷониби Раиси комиссия Олимзода Ш. – сардори шуъбаи баҳодиҳӣ ва мониторинги сифати таҳсилот, бо иштироки аъзои Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорон баррасӣ карда шуд.

 

Раиси комиссия Олимзода Ш. муваффақият ва дастовардҳои донишгоҳ, таъминнокии кадрҳо, иштирок дар олимпиадаю конфронсҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, нақша ва барномаҳои таълимӣ, технологияи ҳозиразамони таълимӣ, сифати таълим дар давоми ду соли охир, давомоти донишҷӯён ба дарсҳо ва дигар паҳлуҳои фаъолияти донишгоҳро баррасӣ намуда, ҳамзамон, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷузъӣ, ки дар рафти санҷиш ба мушоҳида расида будаанд, тавсияҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Раёсати донишгоҳ пешниҳод намуд.

Дар маҷмуъ, сатҳи сифати таҳсилот дар донишгоҳ аз ҷониби  комиссияи санҷишӣ қаноатбахш арзёбӣ карда шуд.

 Муовинати таълим.

Санаи 22-юми июни соли 2024 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике ва котиби якуми сафорат ҷаноби Ниши Кишор Синҳа ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ташриф оварданд. Роҳбарият ва аъзои Раёсати донишгоҳ меҳмононро пазироӣ намуда, нахуст бо имкониятҳои мавҷудаи донишгоҳ, шароитҳои муосири таълим, таҷҳизотҳои замонавии тиббӣ барои омӯзиш ва азхудкунии нозукиҳои илми тиб, ҳамзамон, толору синфхонаҳои барҳаво ва бо маркази омӯзиши стимулятсионӣ меҳмононро шинос намуданд.

Сипас,  Ректори ДДТХ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике ва котиби якуми сафорат ҷаноби Ниши Кишор Синҳаро ба ҳузур пазируфта, аз ташрифи меҳмонон ба донишгоҳ изҳори хушнудӣ намуд.

Дар навбати худ сафири тозаинтихоби Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Раҷеш Уике барои пазироии гарму истиқболи самимӣ ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуд. Инчунин, дар идомаи суҳбат аз ҳамкориҳои тарафайн, муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон, аз донишгоҳҳоии тиббии Ҳиндустон, табодули таҷриба ва такмили ихтисоси ҲПО, ҷалб намудани донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Ҳиндустон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ бо донишгоҳҳо ва ташкилотҳои пешқадами Ҷумҳурии Ҳиндустон дар самти илм, маориф ва тандурустӣ сухан намуд.

 

Дар фарҷоми суҳбат сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи илму маориф ва тандурустиро саривақтӣ ҳисобида, омода будани Ҷумҳурии Ҳиндустон барои ҳамкориҳои судманд, бахусус, дар соҳаи  тандурустиро изҳор намуд.

Шуъбаи равобити байналмилалӣ.

Санаи 18-уми июни соли 2024 таҳти роҳбарии муовини аввали ректор дотсент Аҳмадиён Ш.Р. дар ҳудуди донишгоҳ бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон “Аксияи тозагӣ” доир гардид. Аксияи мазкур аз соати 18:00 оғоз ёфта, то 20:00 идома ёфт. Омӯзгорону кормандон гирду атрофи донишгоҳро тоза намуда, алафҳои дарунро дарав намуданд, ҳамзамон, дарахт ва гулҳои ороиширо об дода, ба ин васила дар кабудизоркунии донишгоҳ ва тозаву озода намудани гирду атроф саҳмгузорӣ намуданд.

Раёсати донишгоҳ иқдом гирифт, ки чунин аксияҳоро минбаъд низ пайваста доир менамояд.

Муовинати хоҷагидорӣ.  

Page 1 of 130

Таърихи ДДТХ

Our partners
 

Тамос бо мо

МТД "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон"

  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Исмат Шариф - 3
  • Телефон: +992 3312 21034
  • Факс: +992 3312 21035
  • Email: info@khatmedun.tj
  • Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа: +992 3312 21029

Маводҳои муфид