НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДДТХ ДОИР ШУД

Санаи 29-уми июли соли 2025, тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, таҳти № АП – 1677, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо иштироки намояндагони Васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.
Нишасти матбуотиро муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент Аҳмадиён Шодмон Раҷаб  оғоз намуда, вобаста ба заминаи моддӣ - техникии донишгоҳ, шумораи донишҷӯён, сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ, натиҷаи имтиҳонҳои сессияи зимистона ва тобистонаи донишҷӯён, дастовардҳои илмии ҳайати профессорону омӯзгорон, иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, омодасозии кадрҳои соҳаи тиб, таҳсилоти баъдаздипломӣ, перомуни фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ, муолиҷавӣ, хоҷагидорӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар шаш моҳи соли 2025 маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Сипас, аз тарафи намояндагони ВАО оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти ДДТХ, дастовардҳои донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, шартномаи ҳамкории ДДТХ бо дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ, рафти иҷрои Консепсияи давлатии рақамикунонӣ, тартиби супоридан ба зинаи ординатура ба хатмкардагони буҷавӣ ва дигар масъалаҳои корӣ саволҳо дода шуданд.
Ба саволҳои намояндагони ВАО аз ҷониби муовини аввали ректори донишгоҳ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Хабарнигори сомона.

Please publish modules in offcanvas position.