Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

        Тибқи нақшаи муовинати таълим аз санаи 17-ум то 19-уми январи соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Тадбиқи низоми кредитии таҳсилот: таҳлил ва баҳисобгирии маводи маркази бақайдгирӣ ва машварат”барои ҳайати профессорону омӯзгорон баргузор карда шуд. Бо ибтикори Раёсати донишгоҳ мутахассисон - мушовири ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сангинов Назрулло Сангинович ва декани факултети муносибатҳои иқтисоди байналмиллалӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои физика-математика, дотсент Салимов Назаралӣ Сафарович даъват карда шуданд.

    Семинари омӯзишӣ се руз давом ёфта, аз ҷониби мутахассисони соҳа тамоми нозукиҳо ва паҳлуҳои низоми кредитии таҳсилот ба омӯзгорон фаҳмонда дода шуда, дар охир иштирокдорон ба ҳамаи саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

  Иштирокчиёни семинар, ки дар ҳаҷми 18 соат омӯзиш доштанд, аз ҷониби Раёсати донишгоҳ бо “Сертификат” сарфароз гардонида шуданд.

Шуъбаи таълим.

     

   “Варзиш - гарави саломатист” - чунин аст шиори занон ва духтарони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон. Ҳамчунин, аз осудагию оромии кишвар ва Истиқлолият, ки имрӯз ҳама шароитҳои замонавии муфид баҳрашон  муҳайёст, бениҳоят шукргузоранд. Боиси хушҳолист, ки баҳри саломатӣ ва зебогӣ ба тамрин машғуланд.                                                          

      Бо мақсади иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба солимгардонӣ ва нақшаи кории Шӯрои занон ва духтарон санаи 09.01.соли 2019 бо ҳамоҳангии устодони варзиши кафедраи Физикаи тиббӣ ва информатика Қурбоналиев Ҷ.М. ва Самиев С.Ф. дар толори варзишии донишгоҳ байни бонувон мусобиқаи варзишӣ баргузор карда шуд.                 

     

   Устодони варзиш бо тариқи интихоби бастачаҳои пӯшида бонувонро ба ду гурӯҳ ҷудо намуда, гурӯҳи якумро “Рахш” ва гурӯҳи дуюмро “Саманд” номгузорӣ намуданд.                                                               

     Дастаҳо аз чанд намуди бозиҳои шавқовар аз ҷумла шоҳмот, шашка, бандпарак, тенниси рӯимизӣ ва волейбол қувваозмоӣ намуданд. Дар рафти мусобиқаҳои варзишӣ бонувон чусту чолокӣ ва маҳорати баланд нишон доданд, ки ин натиҷаҳои машғулиятҳои пайвастаашон ба варзиш аст. Дар бозии шашка лаборанти калони кафедраи “Морфология ва физиологияи одам” Маҳмадавлатова М. С., дар бозии тенниси рӯи мизӣ бошад, омӯзгор аз кафедраи “Фармакология ” Сафарова Д.Ҳ. ва омӯзгори кафедраи забонҳо Набиева А.А. хеле хуб ҳунарнамоӣ намуданд.                  

    Ҳакамон ҳамаи холҳои ба даст овардаи ҳар ду гурӯҳро ҳисоб намуданд, ки дар натиҷа дастаи “Саманд” ғолиби мусобиқа дониста шуд.

Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ                                  

 

  Риштаи умри  ҷавони донишҷӯдухтари гурӯҳи 201-уми факултети тиббӣ Маҳмадалиева Сабзагул Ҷамахоновна рӯзи 9-уми январи соли 2019 ба таври ногаҳонӣ канда шуд.

     Сабзагул 15-уми декабри соли 1999 дар ноҳияи Бохтори вилояти Хатлон чашм ба олами ҳастӣ кушода буд. Баъди хатми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ноҳияи Бохтар бо сад орзую умед ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ супорида соли 2017 ба сафи донишҷӯёни соли аввали факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    шомил гардид. Чун орзую омоли деринаи вай ҷомаи амал пушида буд, бо тамоми саъю кушиши ҷавононаи худ ба таҳсил фаро гирифта шуда, имтиҳонҳоро бо баҳои хубу аъло месупорид.

   Сад дареғ, ки нахли умри ҷавони ин донишҷӯдухтар дар айни камолот канда шуд. Марги нобаҳангом аз байни мо ҷавонеро даррабуд, ки қалби саршор аз умеду орзуи ҷавонӣ дошт ва дар пайраҳаи пурпечутоби зиндагӣ ормонҳои зиёде дар қалби кучакаш мепарварид.

  Аз номи раёсати донишгоҳ, деканати факултетҳо, шуъбаи кор ба ҷавонон ва умуман кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба марги нобаҳангоми ин гулдухтари дар айни ҷавонӣ хазонгашта таъзияи амиқи худро баён намуда, ба наздикону пайвандони Сабзагули ҷавонмарг сабри ҷамил хоҳонем.

Руҳат шоду охиратат обод бодо!

Бо ҳама ҳусни зоҳиру ботин

Ҳар кӣ яктост, ҳар кӣ беҳамтост,

Маргаш аз зиндагиш номитар,

Мурданаш низ чун худаш зебост.

        Экзамен по русскому языку состоялся 8-января 2019 года. Присутствовали все студенты второго курса. Экзамен проводился в форме тестирования. Принимали экзамен преподаватели кафедры языков:

   1.Должикова В.А-доцент кафедры языков

   2.Курбонов Х.Ш-ст. преподаватель

   3.Салихов Б.К-ассистент кафедры

        Первый этап экзамена по русскому языку в ХГМУ в форме диктанта был проведён от 17 до 21 декабря 2018 года. Результаты представлены вовремя. Проведена апелляция, студентам объявлены оценки, переведённые в баллы.            Второй этап экзамена –тестирование. В целом экзамен прошёл на должном соответствующем вузовском уровне: прозрачно объективно  высококультурно этично.

 Кафедры языков

Подкатегории