Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

      Бо ташаббуси Ташкилоти  байналмиллалии  тандурустӣ, санаи  7 апрель ҳамчун рузи умумиҷаҳонии тандурустӣ  қайд карда шуда буд. Соли ҷорӣ ин рӯз  аз тарафи Ташкилоти байналмиллалии тандурустӣ ҳамчун рӯзи  беморони гирифтори депрессия бахшида шуда буд. Бахшида ба ин рӯз дар ДДТХ  бо донишҷӯён семинар оид ба мавзӯи «Депрессия чист?» гузаронида шуд. Семинар аз тарафи шӯъбаи таълим омода гардида, онро сардори шуъбаи таълим  Кузибоева Н.К.  бо маъруза барраси  намуд. Донишҷӯён аз маълумоти гирифтаашон оид ба депрессия қаноатманд гардида, таассуроти онҳо доир ба соҳаи тиб васеътар гардид.

 

Шӯъбаи таълим

 

    Санаи 01-уми апрели соли ҷорӣ дар ДДТХ аз ҳисоби донишҷӯён маъракаи навбатии гузаронидани корҳои ободонӣ ва тозаю озода кардани гирду атрофи Донишгоҳ доир гардид. Бояд гуфт, ки шанбегӣ бо ташаббуси худи донишҷӯён сурат гирифта, гирду атрофи Донишгоҳ рубучин карда шуда, аз ҷониби донишҷӯёни гурӯҳҳои 3-4 педиатрӣ дар заминҳои назди биноҳои таълимӣ дарахтони мевадиҳанда аз қабили олуча, себ, нок ва ғ. шинонда шудаанд.  

   Дар маҷмӯъ бо қувваи донишҷӯён гирду атрофи донишгоҳ ва минтақаи ҷудокардаи ҳокимияти маҳаллии н.Данғара ба тамиз дароварда шуд. Бояд қайд кард, ки донишҷӯён маъракаи ободониро бо як руҳи баланди ватандустӣ гузарониданд.

 

Ассистенти кафедраи анатомияи одам ва гистология Наботова О.З.

     Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Данғара вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа бо ҳамроҳи раиси ноҳияи Данғара Сайдализода Маҳмадулло  бо  рафти сохтмони бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шинос шуда, сипас аз биноҳои таълимии он воқеъ дар кӯчаи    Исмат Шариф-3 дидан намуданд. Вазир ва дигар ҳамроҳонро ректори донишгоҳ. д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон, муовини ректор оид ба таълим Ғафуров  Б.А., муовини ректор оид ба хоҷагӣ Аҳадов Ш.Ф.,  сардори Шуъбаи таҳлилу назорат ва робита бо ҷомеа Аҳмадов Ш.Р., декани факултетҳо Саидов И.З., сардори Шуъбаи таълим Қузибоева Н.К. ва дигар аъзои раёсати донишгоҳ ҳамроҳӣ намуда, бо синфхонаҳои таълимӣ, китобхона, шуъбаву   кафедраҳо, ошхона ва дигар сохторҳои  донишгоҳ шинос намуданд.

 

            

    Олимзода Насим Хоҷа аз корҳои ташкилию фаъолияти ин донишгоҳи ба тозагӣ ташкилшудаи тиббии вилоят изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон аз мушкилоту дурнамои донишгоҳ пурсон шуданд. Албатта, донишгоҳи навтаъсис мушкилотҳои зиёди худро дошта метавонад,  аммо ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон ибрози назар намуданд, ки бо дастгирию кӯмаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ин мушкилотҳо бо мурури замон ҳалли худро меёбанд ва дар ояндаи наздик ин таълимгоҳ ба яке аз муассисаҳои таълимии омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустии мамлакат табдил хоҳад ёфт. 

       

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шуъбаи таҳлил ва назорат

 

Санаи 28.03.2017 ҷаласаи ғайринавбатии Шуъбаи кор бо ҷавонон вобаста ба риояи қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, инчунин риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзим ва ҷашну маросимҳо баргузор гардид. Дар ҷаласа, аъзои секторҳои тартиботӣ ва варзишӣ ширкат варзиданд.

        Дар рафти ҷаласа аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо ҷавонон вобаста ба мавзуи ҷаласа суханронӣ карда шуда, ба сардорони секторон барои пешбурди корҳо, аз ҷумла риояи тартиботи дохилидонишгоҳӣ сару либоси донишҷӯӣ, сари вақт омода будан ба дарсҳо фаъолона ширкат варзидан дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ,ва пешгири намудани истифодаи телефонҳои мобилӣ дар раванди дарсҳо ва бо мошини шахсӣба дарс ҳозир нашудан, дастурҳои мушаххас дода шуд.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҳимов Х.С.

Подкатегории