Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

Бо мақсади шиносоӣ аз таърихи таъсисёбӣ, фаъолияти дирӯза ва имрӯза, инчунин аз  анъанаҳои  Донишгоҳи тиббии Синзян субҳи 05 –уми апрели соли 2017 гуруҳи корӣ аз Осорхонаи донишгоҳ дидан ба амал оварданд. 

         Пеш аз ҳама таваҷҷӯҳи гурӯҳи кориро  усули ҷамъоварӣ ва тартиби нигаҳдории маводҳо, инчунин бо санъати хос  ба намоиш гузошта шудани маводҳои таърихии донишгоҳ ҷалб намуд. Дар осорхона аз рӯзи сохта ва ба истифода дода шудани биноҳои таълимию озмоишӣ ва клиникии донишгоҳ нигораҳо ва дигар ашёҳо ба таври хронологӣ ҷой ба ҷо карда шудааст, ки барои ошноӣ пайдо кардан аз таърихи он ҳар нафар маълумоти амиқ пайдо карда метавонад. Инчунин дар Осорхона барои дастовардҳои назири кормандони донишгоҳ дар соҳаҳои илму техника ва кашфу ҷорӣ намудани усулҳои муолиҷа гӯшаи махсус таъсис дода шудааст, ки ифтихори донишгоҳ маҳсуб меёбад.  Чизи дигаре, ки боиси таваҷҷуҳи намояндагони ДДТХ гардид ин ҳам бошад, гушаи махсус доир ба хизматҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар давлатҳои собиқ Итиҳоди Шӯравӣ оид ба  рафти корҳои сохтмонӣ ва ташкилдиҳии ин маҷмааи бузурги таълимию муолиҷавӣ,  иттилооти махсус ва аксҳои таърихӣ ҷойгир карда шудааст.  

         

         Мавриди зикр аст, ки доир ба тамоми инфрасохтори имрӯзаи донишгоҳ гӯшаи махсус  дар шакли қолаб (макет) омода карда шудааст.

 

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

 

Дар доираи барномаи сафари корӣ, санаи  07 – уми апрели соли равон (пас аз нисфирӯзӣ)  ректори ДДТХ, профессор Убайдулло Қурбон ва  ҳайати намояндагии ДДТХ –ро  намояндагони Беморхонаи клиникии тибби суннатии чинӣ (традиционная китайская медицина) ба ҳузур пазируфтанд.

 

           Маълум карда мешавад, ки Беморхонаи клиникии тибби суннатии  чинӣ   дар сохтори Донишгоҳи тиббии Синзян ҳамчун ягона беморхонаи тибби суннатӣ дар алоқаманди бо тибби муосир аз соли 1959 инҷониб фаъолият менамояд.  Имрӯз дар беморхонаи мазкур 2600 кат, 70 адад шуъбаҳои тиббӣ – технологӣ, 5 институтҳои илмӣ – тадқиқотӣ, 2 филиал, 2 амбулатория, 4 маркази омодасозии доруҳои гиёҳӣ, 1 маркази маҳалии хизматрасонии тиббӣ ва 1 нуқтаи мубориза бо бемориҳои нашъамандӣ аз рӯи 68 намуди муолиҷаи тибби суннатӣ аз қабили сӯзандармонӣ, маҳси табобатӣ, диетотерапия ва ғ. фаъолият менамояд. Ҳамзамон дар фаъолияти тиббии беморхонаи мазкур  амалиётҳои гуногуни ҷарроҳӣ ва муолиҷаи як қатор бемориҳо дар ҳамбастагӣ бо тибби суннатии чинӣ ба роҳ монда шудааст.

 

           Лозим ба қайд аст, ки тарҳи бинои Беморхонаи клиникии   тибби суннатии чинӣ муосир буда, аз 24 ошёна иборат аст,  аз лиҳози таҷҳизоти навтарин  ва дигар шароити муосир ба пуррагӣ таъмин карда шудааст. Бинои мазкур яке аз зеботарин бино дар миқёси ҷумҳурӣ ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад.  

 

           Зимни боздид ҳайати гуруҳи кории ДДТХ барои дар Тоҷикистон ворид намудани таҷрибаи чунин усулҳои ташхису табобати беморон, ба роҳ мондани корҳои илмӣ – тадқиқотии хос ва  дар ҳамбастагӣ аз рӯи тибби суннатӣ ва тибби муосир, ҷиҳати боз ҳам рушд намудани  соҳаи тандурустии кишварро мувофиқи мақсад шуморида, дар охир  бо  таасуроти хеле  зиёд  барномаи корӣ дар беморхонаи мазкур  ба анҷом расид.

                   

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

Санаи  07 – уми апрели соли равон  ректори ДДТХ, профессор Убайдулло Қурбон ва  ҳайати намояндагии ДДТХ –ро   Узви Комитети ҳизбии  Донишгоҳи тиббии Синзян, муовини котиби комитети ҳизбии Клиникаи саратоншиносии донишгоҳи мазкур, А. Мардон  ба ҳузур пазируфт.

          Ташрифи меҳмононро ҷаноби А.Мардон ба хушнудӣ қабул намуда, аввалан доир ба фаъолияти кории клиникаи мазкур ба таври муффасал гузориш дода, аз ҷумла қайд намуд, ки Клиникаи саратоншиносии донишгоҳ соли 1989 сохта ба истифода дода шудааст, ки дар он 1500 адад кат барои беморон мавҷуд аст.  Имрӯз дар клиника 33 шуъбаи бемориҳо, 15 шуъбаи тиббӣ – технологӣ ва 38 ҳуҷраҳои фунсионалӣ амал мекунад, ки дар онҳо 2058 нафар корманд фаъолият  менамоянд. Дар беморхона дар давоми 4 соли охир 109 лоиҳаҳои илмӣ – тадқиқотӣ ба маблағи умумии 17 миллион юан таҳия гардида  ва дар амал имрӯзҳо табиқ шуда истодаанд. Дар солҳои охир аз ҷониби кормандони клиника 497 фишурда ва мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмии Хитой ва дигар мамолики хориҷ ба нашр расидааст. Инчунин дар як сол 222 000 беморон бистарӣ гардида, аз ин зиёда аз 18 000 амалиёти ҷарроҳи гузаронида шудааст. Ба таври амбулаторӣ  бошад 41 000 нафар бемор муолиҷа карда шудаанд.

         Ректори ДДТХ, профессор Убайдулло Қурбон аз рафти  пазироӣ ва шиносоӣ аз фаъолияти беморхонаи клиникии саратоншиносии донишгоҳи мазкур изҳори  миннаторӣ намуда, зимни мулоқот доир ба масъалаҳои дастовардҳои илмӣ, корҳои ташхисӣ – табобатӣ, таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва дигар муҳассилини баъдидипломӣ, инчунин оид ба муҷаҳҳазгардонии технологияи навини тиббӣ ва озмоишӣ ҳусни таваҷҷуҳ намуд.

         Пас аз анҷоми мулоқот меҳмононро аз синфхонаҳои мултимедӣ ва  синфхонаҳои  омӯзиши малакаҳои амалӣ, ки маҳз барои омузиши бемориҳои онкологӣ барои донишҷӯён  муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ошно сохтанд. Илова бар ин, аз озмоишгоҳи онкологӣ, иммунологӣ ва радиологӣ ҳайати меҳмононро шинос намуда, аз натиҷаи дастовардҳои бузурги илмии ин озмоишгоҳ  ва дар маҷмуъ аз корҳои муолиҷавӣ ва шароитҳои муосири беморхонаи мазкур аз наздик  шинос намуданд.

           Дар хотима барои ба роҳ мондани муносибатҳои  дӯстона ва ташкилу баргузор намудани корҳои илмию  муолиҷавии муштарак  як чанд  пешниҳоду ақидаҳои ба ҳам мувофиқ ироа гардиданд.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамокриҳои судманд бо муассисаҳои олии тиббӣ ва Марказҳои бонуфузи илмӣ ва клиникии кишварҳои хориҷӣ   аз 04 – уми апрел то 12 – уми апрели  соли равон бо роҳбарии ректори ДДТХ, профессор Убайдулло Қурбон, дар ҳайати муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ ва маъмурӣ –Аҳамдов Ш., сарвари шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа – Аҳмедов Ш., сарвари Маркази  технологияи иттилоотӣ – Мардонзода Қ ва ду нафар аз Институти лоиҳакашии «САНИОСП» - и Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи  Президенти ҶТ – Алиназаров Д. ва Саломова С.  ба   Донишгоҳи тиббии Синзяни Ҷумҳурии Халқии Хитой  сафари хидматӣ анҷом дода шуд.

 Дар доираи барномаи сафари хидматӣ барои ҳайати намояндагони ДДТХ, ҷиҳати шиносоӣ ва омӯзиш аз рӯи нақша сохторҳои зерини Донишгоҳи тиббии Синзян  аз қабили; Осорхонаи донишгоҳ, Китобхона, Маркази малакаҳои амалӣ, Маркази технологияи иттилоотӣ, Биноҳои таълимӣ, маъмурӣ, маишӣ,    Беморхонаи якуми клиникии донишгоҳӣ, беморхонаи клиникии бемориҳои онкологӣ, Беморхонаи  тибби суннатии чинӣ, Озмоишгоҳи марказии илмӣ – тадқиқотӣ ва озмоишгоҳҳои микорбиологӣ, имуннологӣ, онкологӣ, эпидемиологӣ, анатомӣ, биологияи малекулавӣ, биологӣ – ҳуҷайравӣ, биобанк, бемориҳои метоболикӣ,   озмоишгоҳи таҷрибавии ҳайвонот,   як қатор Марказҳои ташхисию озмоишӣ, инчунин маҷмааи варзишӣ ва фарҳангӣ муқаррар гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи   тиббии Синзян – яке аз махзанҳои бузурги тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой аз соли 1956 инҷониб фаъолияти пурсамар намуда истодааст.  Таъсис ёфтани Донишгоҳи   тиббии Синзян  дар  таърихи миллати Чин, бахусус дар музофоти Синзян    дурахшонтарин саҳифаи ташаккул ва таҳаввули илми тиб, таҳсилоти олии тиббӣ ва хадамоти нигоҳдории тандурустӣ арзёбӣ мегардад. Тамоми дастовардҳои системаи тандурустии ин музофот бо фаъолияти самараноку пурмаҳсули кормандони ин донишгоҳ алоқаманд мебошад.

  Дар давоми фаъолияти зиёда аз 60 соли худ, ҳамчун як маҷмааи бузург ва ташакулёфта,  беҳтарин мутахассисони соҳаи тандурустиро тайёр намудааст. Масоҳати умумии ҳамаи заминҳои  ба донишгоҳ таъалуқдошта  1 796 000, м2 ташкил медиҳад, ки аз ин шумора масоҳати заминҳое, ки дар он  биноҳои маъмурӣ, таълимӣ, озмоишгоҳҳо, маишӣ ва беморхонаҳо сохта шудаанд  1 303 000м2 – ро ташкил додааст. Масоҳати умумии ҳамаи биноҳояш бошад 1 187 800м2  -ро ташкил медиҳад. 

  Дар донишгоҳ ҳамагӣ 1983 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд, ки унвононкии ин ҳайат 57% - ро ташкил медиҳад. Теъдоди муҳассилини донишгоҳ наздик ба 20 ҳазор нафар буда, аз ин миқдор  2335 нафар магистр, 215 нафар доктарант ва  зиёда аз  600 нафар донишҷӯёни хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

  Шуруъ аз соли 1998 инҷониб давраи рушди илмӣ - техникии донишгоҳ ба қайд гирифта мешавад, ки дар давоми ин солҳо дар зиёда аз 1795 лоиҳаҳои илмӣ тадқиқотӣ кормандони илмии донишгоҳ ширкат варзида ва  дар амалияи тиб ин дастовардҳоро татбиқ намудаанд. 

  Донишгоҳи тиббии Синзян дар худ 6 клиникаҳои махсусгардонидашударо доро мебошад, ки дар онҳо наздики 10 000 кат мавҷуд мебошад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки имрӯз донишгоҳ бо донишгоҳҳои тиббии кишварҳои Аврупо, Осиё, Амрико ва Давлатҳои муштаракулманофеъ, аз ҷумла бо Фаронса, Швейтсария, Британияи Кабир, Австрия, Россия, Украина,   Ҳиндустон,  Покистон ва Тоҷкистон робитаи ҳамкорӣ дорад.

 Бояд зикр намуд, ки   робитаҳои байналмилалии донишгоҳи мазкур бо Тоҷикистон аҳамияти махсусро доро мебошад, зеро  аз соли 2005 инҷониб бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷкистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  равобиту ҳамкориҳои дуҷониба  бо ташаббуси ректори имрӯзаи ДДТХ, профессор У. Қурбон  ба роҳ монда шуда буд. Боварӣ аст, ки дар баробари ба  имзо расидани шартномаи навбатӣ бо ДДТХ    ҳамкориҳои нав байни ин ду донишгоҳ боз ҳам тавсеа меёбанд

Дар доираи барномаи сафари корӣ гуруҳи меҳмононро намояндагони Раёсати донишгоҳ, роҳбарони  шабакаи клиникаҳо ва дигар нафарони масъули Донишгоҳи тиббии Синзян ҳамроҳӣ намуданд.

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

Подкатегории