Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

    Иқдоми нахустини   клуби сайёҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон   аз боздиди неругоҳи обии барқии Норак оғоз гардид, ки мақсади он аз наздик шинос шуда бо осори  гузаштагони  худ ва табиати нотакрори  кишварамон, тарбияи рӯҳияи хештаншиносии миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои   кишвару миллати худ  тасаввуроти  комил  доштани мо  ҷавонон мебошад. Беҳуда нест, ки Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадашон дар бораи сайёҳӣ ва туризми дохиливу хориҷӣ ва рушди ин соҳаро таъкид ва дастгирӣ мекунанд.

Зеро ки дар ватани мо, мавзеъҳои сайёҳиву туризм бениҳоят бисёр буда,  хамасола сайёҳони зиёде аз хориҷи кишвар ба тамошои ин мавзеъҳо меоянд.

     Аз ин рӯ мо як гурӯҳ донишҷӯён ва устодони донишгоҳи ДДТХ   тасмим гирифтем, ки аввалин сафари худро аз калонтарин НБО – и ҷумҳури ки 70 %-и барқи мамлакатамонро таъмин мекунад оғоз намоем. Зимни сафари худ мо аввал ба болои Сарбанд (Платина) – и нерӯгоҳ баромада аз он ҷо тамоми гӯшаву канори онро ба хубӣ  дидем. Дар рафти сафар Зардов Анвар – раиси Созмони ҷавонони нерӯгоҳ моро роҳбаладӣ намуда ба мо гуфта дод, ки баландии сарбанди нерӯгоҳ 300 м , дарозиаш 814 м ва бари болояш 20 м мебошад. Девори он бошад аз дохил хоки сафед, қум, санг ва аз боло бо бетон мустаҳкам гардонида шудааст. Ҳаҷми умумии оби обанбор 10.5 млрд м3  ташкил медиҳад, ки тибқи гуфтаи роҳбаладон то 53м каму зиёд мешавад.

      Аз боло мо тамомии роҳҳои барқро аз назар гузаронида, чи тавр ба тамоми гӯшаву канори мамлакат тақсимшавии қувваи ҷараёнро фаҳмидем. Ҳамин тавр     ба мо - устодону ҳамсабақонамон  барои фаҳмидани  аз об чӣ тавр ҳосилшавии қувваи ҷараён зарур омад, ки то аз дохили бинои нерӯгоҳ  хубтар шинос шавем.

    Моро дар дохили бино мушовири директори НБО-и Норак Салолов Давлатбек рохнамоӣ намуд, ки мо дар он ҷо бо агрегатҳои нерӯгоҳ (миқдорашон 9-то) тавоноии ҳар яки онҳо   335  Мвт/ст-ро ташкил медоданд,  шинос шудем. Боз дар дохили бино мо бо ду аёният  рӯ ба рӯ шудем, ки дар онҳо нақшаи ҳамаи нерӯгоҳҳои хурду бузурги мамлакатамон нишон дода шуда буданд. Аз ҷумла дар бораи иншооти аср НБО-и Роғун маълумот ва аз рафти сохтмони он шинос шудем. Дар чунин кору фаъолият мо бо тамоми шаҳрҳое, ки дар вақти сохтмони нерӯгоҳ ёрии худро расонидаанд шинос шудем ва дар он аз чунин навиштаҷот огоҳ шудем: “Эстафетаи коргарӣ”- зодаи дӯстии халқҳои СССР. Бо туфайли ин НБО-и Норак 15 моҳ пеш аз мӯҳлати муқарраршудааш бо иқтидори пурра ба кор дароварда шуд.

         Баъди он мо ба Пулти марказии нерӯгоҳ даромадем ва бохабар шудем, ки ҳамаи рафти корҳо дар нерӯгоҳ аз ҳамин ҷо идора карда мешудаанд. Ба мо Хоҷаев Мансур муовини директор оид ба низоми бехатарии нерӯгоҳ  маълумот дод, ки нерӯгоҳ дорои 9- гидрогенератор буда, 6-тои он дорои  500 кВт шидатнокӣ буда, шиддатнокии 3-тои дигари он дорои 220 кВт мебошад. Айни ҳол иқтидори НБО-и Норак дар як сол  3000 млрд кВт/ст-ро ташкил медиҳад.

         Чун ба бинои дигар даромадем ба мо аз рафти сохмони нерӯгоҳ сухан намуданд ва илова намуданд, ки НБО-и Норак соли 1960 маҳз бо ташаббуси сарвари Ҳизби коммунистӣ ҶШС Тоҷикистон Турсун Улҷабоев ҳусни ифтитоҳ бахшида шуда,  агрегати аввалини нерӯгоҳ пеш аз мӯҳлат 15-ноябри соли 1972 бо иштироки Котиби генералии партияи коммунистӣ  Л.И.Бережнёв ба истифода дода шуд.

      Ҳамин тавр мо устодону донишҷӯён аз тамоми корҳо ва сохту фаъолияти НБО-и Норак шинос шудем. Дар охир тамоми донишҷӯён ва устодон аз ҳайати роҳбаладон ва кормандони нерӯгоҳ сипосгузорӣ намудем ва онҳо низ дар навбати худ мо чавононро вазифадор намуданд, ки аз пайи омӯхтани илму техникаи замонавӣ  шуда, исбот созем  то мо ворисони асосии Абӯали ибни Сино ва пайравони ҳақиқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Эмомалӣ Раҳмон бошем.  Аз ин рӯ  мо донишҷуён миннатдории хешро аз самими қалб ба ректори донишгоҳ барои ташкил намудани чунин клуби сайёҳӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаро, ки аз аввал то ҳозир ба мо  дареғ надоштаанд, арзи сипос менамоем.Аз ин лиҳоз мо донишҷӯён кушиш ба харҷ менамоем, ки сазовори боварӣ ва кумаку дастгириҳои эшон бошем!!!

 

Донишҷӯёни бахши аввали  ДДТХ, гурӯҳҳои  5-8-и тиббӣ

Ҳакимов Муҳим, Шарифов Мубориз.

      Субҳи 15.04.2017 пеш аз сайёҳат баромадан ректори донишгоҳ ва аъзои раёсати  донишгоҳ бо донишҷӯёне ки ба сайёҳат мерафтанд, суҳбат гузаронида, ҳадафу мақсади ташкил намудани клуби саёҳии донишгоҳро фаҳмонданд. Боиси хушнудии бепоёни мо он буд, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон соли равонро  Соли чавонон эълон намуданд ва дар асоси дастуру супоришҳои сарвари мамлакат ташкил намудани «Клуби сайёҳӣ» дар донишгоҳи мо амри зарурӣ шуд. Нахустсафари сайёҳони донишгоҳ  рӯзи 15-уми апрели соли 2017 аз неругоҳи барқии обии Норак оғоз гардид ва бо пешниҳоду ташаббуси Ҷаноби Олӣ солҳои 2018-2028  аз ҷониби СММ «Даҳсолаи об барои рушди устувор» эълон гардид ва мо бори дигар аз ин неруи бузурги ҳаёти инсонӣ – об ва манфиати он барои инсоният огоҳӣ пайдо намудем.

       Мо -  30 нафар донишҷӯён ва бо ҳамроҳии роҳбари гурӯҳ -  Аҳадов Ш.Ф. муовини ректор оид ба хоҷагӣ,  Ғафуров Б.А. муовини ректор оид ба таълим, Қузибаева Н.К. - сардори шуъбаи таълими донишгоҳ, Мамадалиева С.А. - раиси иттифоки касабаи кормандон ва донишҷӯён, Султонмамади Гулмамад - омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ озими сафар гаштем. Кормандони БДА-и  ноҳияи Данғара лейтинанти калон Саймиддинов В.Г., нозири ГПХНЧ ШВКД дар н. Данғара Ҷомаҳмадов Ғ А. бехатарии сафари моро таъмин намуданд.

      Ҳангоми ба неругох ворид шудан раиси созмони чавонони неругох-Зардов Анвар, мушовири диретори неругоҳ -Салолов Давлатбек, муовини директор оид ба низоми бехатарии неругоҳ –Хоҷаев Мансур бо як чеҳраи кушод моро пешвоз гирифтанд ва дар рафти сайёхат ба мо дар бораи ин неругох маълумот доданд.

     Салолов Давлатбек ба мо гуфтанд ки :- Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  9-уми сентябри соли 1997 таҳти рақами 418 неругохи барқии обии Норак ба номи Турсун Улҷабоев гузошта шуд, зеро сохтмони ин неругох маҳз дар давраи сарвари Тоҷикистон будани  ин ходими сиёсӣ -  соли 1961 оғоз ёфта, гидроагрегати нахустини он соли 1972 ва охиронаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст. Дар ин неругоҳ 9 гидроагрегати иқтидорашон  300 хкВт насб шудаанд. Иқтидори умумии онхо 3000 хкВт ро ташкил медиҳад. Бо чунин як  иктидори бузург сохтани неругох ба мисли афсонае буд, аммо бо талошу кӯшишҳо ин ба хакикат табдил ёфт. Неругохи Норак бо истехсоли кувваи барқи арзон барои пешрафти саноати кишвар заминаи мусоид фарохам овард. Корхонахои бузургу саноати кишвар –заводи алюминии Турсунзода, комбинати кимиёвии Ёвон ба кор даромаданд.»

     Дар вакти муайяншудаи сайёхат мо донишчуён хеле ва хеле шод шудем. Мо аз тамошои  9 агрегати пуриқтидори неругоҳ сахт ба ҳаяҷон омадем, чунки  аз наздик дидани онҳо  на ба хар кас муяссар мегардад. Аз осорхонаи неругох дидан намуда, бо қаҳрамониву ҷонфидоии бунёдкорони ин неругоҳ шинос шудем. Ҳайратовар ин буд, ки девораи ин обанбор аз сангу  рег сохта шудааст ва бо ин хусусияти хоси худ ба китоби рекорди Гинес дохил гаштааст. Ва ҳамчунин огоҳӣ пайдо намудем, ки ҳафтод фиссади манотиқи кишвар аз неруи ин коргоҳи азими аср истифода мебурдаанд.

   Аз ин сафар бо таассуроти аҷибе ба донишгоҳ баргаштем ва ин сафари хотирмон дар қалби мо ифтихори бузурги меҳаншиносиву худшиносиро ҷойгузин намуд.

 

Донишҷӯёни бахши аввали ДДТХ, гурӯҳҳои 1-5-8-и тиббӣ

Ҳакимов Муҳим 

Шарифов Мубориз

Хушбахти Маҳмадмурод

 Азизӣ Муҳаммадфайёз

          Қабл аз ҳама мехоҳам арзи миннатдории хешро ба раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, хоса ба сарвари он      минатдории хешро ба ректори донишгох,  доктори илмхоии тиб Убайдулло Курбон ва баъдан ба хамаи сзмондиҳандагони  «Клуби сайёҳӣ»-и донишгоҳ расонам. Ростӣ, то дохил шудан ба ин донишгоҳи азизамон ман ҳатто берун аз ноҳияи худамон ба ҷойе нарафта будам , бинобар ин чунин сафар бароям хеле хотирмону таассуротовар буд. Толибилмони  ДДТХ аз   гӯшаҳои мухталифи кишвари азизамон   чамъ омада,  то кунун шояд чандон шиносоии наздике бо  табиати зебову дилкаши Точикистон надоштанд. Ман, ки худ аз вилояти дурдасти Суғд омадам, аз дидани чунин манзараҳои зебо ва табиати  нотакрору  дилкаши ин сарзамин хело хушнуд шудам. Санаи 15 апрели соли равон  «Клуби сайёҳӣ»-и донишгоҳи мо аввалин сафари худро ба сӯи Норак оғоз кард.

       Инак,мо 30 нафар донишҷӯён роҳи Норакро пеш гирифта,аз дидани манзараҳои Точикистон хело шод гаштем.Кӯҳхои баланди ҷомаи сабз ба бар кардаву обҳои софу тоза ва боду ҳавои форам гуё дилҳои моро бо худ мебурд. Дар хақиқат, чи зебост,Тоҷикистон.Бо чашми худ аз наздик дидани чунин манзарахои зебову дилкаш ба дили мо донишчуён мехри ватандустии хелло зиёд чой гирифт.Махз ин мехр маро водор сохт, ки ин чор мисраъ шеърро эчод кунам:

Точикистон мушти хокат зар дар дастони ман,

Кӯҳҳою қуллаҳоят мазраи зебои ман.

Парчамат бодо парафшон Точикистон то абад,

Меҳани ман, гулшани ман,кишвари зебои ман.

         Ногуфта намонад, ки мо донишҷӯён ба НБОН рафта, аз наздик бо он  шинос шудем. Хангоми ба неругох ворид шудан раиси созмони ҷавонони неругох Зардов Анвар, мушовири директори неругоҳ Салолов Давлатбек ва муовини директор оид ба низоми бехатарии неругоҳ Хочаев Мансур моро бо як чеҳраи кушод пешвоз гирифтанд. Мо ба корхони неругох дохил шуда, аз наздик бо асбобҳою дастгоҳҳои  он дидан намудем. Мо донишҷӯён 9-агрегати ин неругоҳи азамиро аз нзадик дидем. Ҳамчунин бо осорхонаи ин неругох ва  таърихи пайдоиши шинос шудем. Дар охир мо донишҷӯён бо устодоне, ки моро ҳамроҳӣ мекарданд, аксҳои хотиравӣ гирифтем. Бо руҳи хеле болида ва таассуроти аҷибу сурурангез  ба донишгоҳ баргаштем. Моро ректори азизамон Убайдулло курбон ва дигар намояндагони раёсати донишгоҳ пешвоз гирифтанд. Боварӣ дорем, ки ин сайёҳат ҳамчун хотироти наҷиби айёми донишҷӯӣ ҳеҷ гоҳ аз ёди мо зудуд намешавад  .

  

Донишҷӯи бахши аввали

ДДТХ, гурӯҳи  1-и тиббӣ

Мунисаи  Дилшод.

 

      Дар асоси дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба роҳ мондан ва тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, инкишоф ва рушди инфрасохтор ва дастгирии сайёҳии дохилӣ барои ҷавонон ва донишҷӯён  «Клуби сайёхӣ» дар Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон  дар мувофиқа бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ таъсис дода шудааст, ки  бо қарори Шӯрои олимони  донишгоҳ  Низомномаи он    тасдиқ шудааст.

        Ёдовар мешавем, ки зарурати таъсис додани «Клуби сайёҳӣ» -  ДДТХ пеш аз ҳама дар он аст, ки  солҳои охир  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавзеҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии он дар маркази таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳониён  қарор гирифтааст. Вобаста ба ин, ДДТХ, ки дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон ҷойгир мебошад,  аз лиҳози ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва  сайёҳӣ бой аст, метавонад дар байни ҷавонони мамлакат ва муассисаҳои олии дигар кишварҳо бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи маърифати экологӣ, шиносоӣ бо мавзеҳои таърихию фарҳагиро  ташаккул дода  ва бо ин роҳ  ба рушди сайёҳии мамлакат мусоидат намояд.

     Рӯзи 15-уми апрели соли 2017 сафари аввалини аъзои «Клуби сайёҳӣ»-и Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон   ба Неругоҳи обии барқии Норак оғоз гардид. Мақсади он шинос намудани донишҷӯён бо ин неругоҳи азими таъминоти неруи барқи Тоҷикистон мебошад. 

 

Сарбанди НОБ-и Норак

      Пеш аз ба сафар баромадани сайёҳон ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон бо кормандону донишҷӯёни шомили ин сафар суҳбат намуда, онҳоро  ба мақсаду муҳтавои он шинос намуда, зимнан қайд намуданд, ки аз чунин неругоҳи азим оғоз намудани сафари нахустини  сайёҳӣ фоли нек аст ва минбаъд ҳам тибқи нақша ба минтақаҳои гуногуни таърихию фарҳангии вилояти Хатлон сафарҳо ташкил карда мешаванд, то ин ки ҳам донишҷӯёну ҳам кормандон бо таърихи кишварамон бештар шиносоӣ пайдо намуда, рисолати меҳанпарастию худшиносии хешро таҳким бахшанд.

      Лозим ба қайд аст, ки банақшадарории лоиҳаи неругоҳи мазкур солҳои 50-уми садаи гузашта шурӯъ гардида, соли 1961 ба анҷом расид.     Ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар заводи ба номи Кирови шаҳри Харков таҳия карда шуданд.

      Сохтмони ин неругоҳи азим соли 1961 оғоз гардида, он Сохтмони умумиитифоқии зарбдори комсомолӣ эълон карда шуда буд. Неругоҳ соли 1971 ба истифода дода шуда, агрегати охирини он соли 1979 ба кор дароварда шудаст, ки иқтидори он  3 015 МВт (нуҳ агрегати иқтидори ҳар кадомашон  335  МВт) мебошад.  Баландии сарбанди неругоҳ   300 метр  (то соли  2013 сарбанди аз ҳамаи калонтарини ҷаҳон ба шумор мерафт), майдонаи равзанаи обанбор 98 км², ҳаҷмаш— 10,5 км3, дарозиаш  — қариб 70 км мебошад.

   

     Оби обанбор  на фақат ба мақсади тавлиди неруи барқ истифода мешавад, балки тавассути нақби махсус барои обёрии заминҳои кишоварзӣ равона карда мешавад.

 

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

Подкатегории