Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     

     Имрӯз 22 - апрели соли 2017   ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоxикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба корҳои сохмонии Бинои маъмурии ДДТХ  ҳусни оғоз бахшида шуд.  Дар маросими тантанавии оғози корҳои сохтмонӣ - мушовири    Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Асадулло Раҳмон, роҳбари Дирексияи сохмонии иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Сайдвализода, раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдализода, намояндагони Кумитаи меъмории назди Ҳукумати ҶТ, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, инчунин  ректори  ДДТХ, профессор Убайдулло Қурбон ва дигар аъзои раёсати донишгоҳ  иштирок доштанд.

       Ёдовар мешавем, ки 30 – юми августи соли гузашта, аз ҷониби  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи заминҳои барои  сохтмони иншооти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷудогашта,  нома ба наслҳои оянда ва  санги асоси ин маҳзани илму маърифат  гузошта шуда буд.  

    Бояд гуфт, ки масоҳати замини аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои сохтмони иншоотҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷудошуда,  тақрибан аз 7 гектар иборат мебошад.  Дар ҳудуди он имкони пурра сохта ба истифода додани биноҳои таълимию маишии  Донишгоҳ  мавҷуд аст, ки дар ояндаи наздик метавонад ин мавзеъ ба як шаҳраки хубу зебои тиббии ҷавобгӯ ба меъёрҳои   байналмилалӣ мубаддал гардад.

     Дар сохтмони муассисаи таҳсилоти олии тиббӣ, ки дар ноҳияи Данғара  барои фарогирии беш аз  4000 ҳазор донишҷӯ бунёд мегардад, аз рӯи талаботи меъёрҳо дар нақшаи генералии он  мақсади фаъолияти бахшҳои гуногуни донишгоҳ ва хусусияти минтақабандии функсионалии он  ба эътибор гирифта шудаанд. 

    Мавриди зикр аст, ки бинои маъмурии донишгоҳ, ки мувофиқи тарҳи меъмории муосир аз ду қисмати ба ҳам пайваст иборат мебошад, қисмати марказии он дорои  9 ошёна буда,  қисматҳои паҳлуии он ҳафтошёна мебошад.   

    Раёсати ДДТХ ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллатро нисбати рушду таҳкими соҳаи тандурустии кишвари азизамон ҷонибдорӣ намуда, омодааст, ки  бо истифода аз   имконоти васеи зеҳнӣ ва таҷрибаи андӯхта,  фаъолияти бемайлони  Донишгоҳи  давлатии тиббии  Хатлонро   таъмин намояд.

 

 Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

       

       

     Рӯзи 21-уми апрели соли 2017 дарси кушоди доктори илмҳои таърих, профессор Абдуназаров Х. оид ба муаррифи китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих»  дар гурӯҳҳои 7-10-уми факултети тиббӣ, 7-10-уми факултети педиатрӣ, 3-4-уми факултети стоматологӣ баргузор  гардид. Дар дарс сармутахассиси назорати сифати таълим Одинаев С.П., саромӯзгори кафедраи забонҳо Қурбонов Х.Ш., омӯзгори кафедраи химия ва биологияи тиббӣ Иброҳимов Р. иштирок намуданд. Профессор Абдуназаров Х. оид ба китоби мазкур сарвари давлат маълумот дода, аҳамияти махсуси илмиву таърихӣ, нақши онро дар худшиносӣ, ҳуввияти миллии мардуми тоҷик қайд намуданд. Аз рӯи слайдҳои пешниҳодшуда маълум гардид, ки бо пешниҳоди профессор Абдуназаров Х. чоргонаи китобҳои машҳури илмиву таърихии дар тӯли таърихи илму маданияти тоҷикон аҳамияти калондошта эътироф гардиданд. Ба ин чоргона китобҳои зерин шомил гардиданд: 1. Китоби муқаддаси ойини зардуштиён «Авесто»; 2.  Шоҳасари Аблуқосим Фирдавсӣ – «Шоҳнома»; 3. Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров; 4) Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Сипас дар бораи аҳамияти таърихии ҳар яке аз ин шоҳасарҳо сухан ронда, нақши ҳар яке аз онҳоро дар муаррифии тамаддуну маднияти мардуми эронинажод қайд намуданд.

 

Шуъбаи таълим

     Рӯзи 19-уми апрели соли 2017 дарси кушоди омӯзгори кафедраи химия ва биологияи ДДТХ Султонмади Гулмамад дар гурӯҳҳои 1-2-юми факултети стоматологӣ дар мавзӯи «Синфи паҳнкирмҳо» гузаронида шуд. Дарс бо истифодаи айёният, аз ҷумла намоиши слайдҳо гузаронида шуда, дар он сармутахассиси назорати сифати таълим Одинаев С.П., мудири кафедраи химия ва биологияи тиббӣ н.и.б. Чориев С.А., омӯзгори кафедраи мазкур н.и.х. Усмонова У.Х., мудири кафедраи анатомияи одам ва гистология Зарипов И., мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика дотсент Ситамов С., мудири кафедраи ҷомеашиносӣ н.и.ф. Гулов А.А., омӯзгори фанни гистология н.и.т. Бустонов М.О., саромӯзгори кафедраи забонҳо Қурбонов Х.Ш., омӯзгори кафедраи биологияи тиббӣ ва химия Шарипова Ҳ. иштирок намуданд.

     Қайд кардан зарур аст, ки мақсад аз гузаронидани дарсҳои кушод ин муайян намудани ҳусну қубҳи дарси омӯзгор ва муҳокимаву пешниҳоди маслиҳатҳои методӣ мебошад.   Дотсент Ситамов С.,    н.и.х. Усмонова У.Х.,  н.и.б. Чориев С.А., н.и.ф. Гулов А.А., сармутахассиси назорати сифати таълим Одинаев С.П. дарсро таҳлил намуда, ба омӯзгори ҷавон Султонмади Гулмамад барои беҳтар шудани маҳорати омӯзгориаш маслиҳатҳои методӣ дода,  зимнан қайд намуданд, ки мақсад аз таълими фанҳои гуногун дар донишгоҳӣ тиббӣ пеш аз ҳама алоқаманд намудани онҳо бо ихтисоси донишҷӯён – илми тиб мебошад. Аз ин рӯ, ҳангоми тадриси чи фанни биология, чи физика, чи забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ ин нуктаро фаромӯш намудан лозим нест.

Шуъбаи таълим

           

        Санаи  20-уми апрели соли равон маъмурияти Китобхона дар якҷоягӣ бо деканати факултетҳо дар байни донишҷӯён оид ба рафти вазъи китобдорӣ рейдҳо гузарониданд. Мақсад аз баргузории ин гуна рейдҳо санҷидани ҳолатии китобдории донишҷӯёни Донишгоҳ мебошад.

       Қайд кардан бамаврид аст, ки гузаронидани ин гуна рейдҳоро кормандони Китобхона тибқи нақшаи корӣ бори чандум аст, ки гузаронида истодаанд.  Бояд гуфт, ҳолати китобдорӣ  дар вазъияти хуб қарор дошта, маъмурияти Китобхона кӯшиш бар он дорад, ки дар ҷамъбасти соли таҳсили  2016-2017 адабиёти  таълимии ба донишҷӯён додаро бо сифати хуб ҷамъ  карда,  барои истифодаи  донишҷӯёни солҳои оянда  супоранд.

Маъмурияти Китобхона

Подкатегории