Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

              

          Субҳи 26 – уми апрели соли 2017 мулоқоти ректори ДДТХ, профессор Убайдулло Қурбон дар доираи нақшаи корӣ  бо донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо  баргузор гардид.  Мавзуи мулоқот беш аз 15 масъалаҳои таалуқ ба кору таҳсил ва ҳаёти донишҷӯёнро дар бар мегирифт. Қаблан ректори  донишгоҳ  иширокчиёни Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявиро, ки дар рӯзҳои наздик дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб доир гардида буд, барои иштироки фаъолашон миннатдорӣ намуда,  инчунин донишҷӯёне, ки ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд, табрик намуд.  Инчунин дар рафти мулоқот доир ба қоидаҳои   муроҷиати донишҷӯён ба роҳбарияти донишгоҳ, реҷаи намунавии донишҷӯён, қоидаҳои ҳамзистӣ дар хобгоҳ, риояи  беҳдошти санитарии шахсӣ,  вазъи саломатии донишҷӯён, ҳолати китобдорӣ ва истифодабарии адабиётҳои таълимии донишҷӯён баррасӣ гардид. Зимни мулоқот ректори донишгоҳ аз қоидаҳои   оинномавии донишгоҳ, усулҳои низоми таълим ва аз ҳуқуқу масъулиятҳои донишҷӯён бори дигар  ёдовар шуд.

 

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

      Тибқи қарори Шӯрои Олимон, барои шинос намудани донишҷӯён аз корҳои табобатӣ,  бо ин мақсад баланд бардоштани маърифати тиббӣ, омӯзондани қоидаҳои муоширати табибон бо беморон, дар семестри баҳорӣ таҷрибаи таълимии донишҷӯён ворид карда шудааст. Таҷрибаи таълимии донишҷӯён дар Беморхонаи клиникии Ҷумҳуриявии н. Данғара таҳти роҳбарии дотсентон ва омӯзгорони ботаҷрибаи  кафедра  гузаронида мешавад. Қадамҳои аввалини омӯзиши илми тиб дар донишҷӯён аз омӯхтани мақсади хизматрасонии аввалини тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, силсилаи беморхона, аз ворид шудани бемор ба беморхона, муошират, муоина, ташхис ва табобати бемор мебошад. Табобати дурусти бемор аз гузоштани ташхиси дуруст мебошад. ташхиси дуруст дар навбати худ  бошад ин 50% анамнези дуруст  ҷамъ кардаи табиб аст. Азбаски тибки накшаи таълимӣ дар курси 2-юм донишҷӯён дарсҳои амалии курси малакаҳои амалиро меомӯзанд, аз ҳозир шиносои бо беморхона ва кори табобатӣ барои донишҷӯён саривақти ва ба маврид мебошад.

 

 

Сардори ШТ, Н.К.Кузибоева

Даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, технологияи информатсионӣ, таърихи халқи тоҷик, математика, физика, химия, биология-экология  21-22 апрели соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ баргузор гардид. Аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон муовини ректор оид ба таълим ­Ғафуров Б. А., мудири кафедраи фанҳои ҷомеъашиносӣ н.и.ф.,дотсент Гулов А.А., мудири кафедраи забонҳо д.и.ф.,дотсент Тағоймуродов Р.Ҳ, мудири кафедраи химия ва биологияи тиббӣ н.и.б.,дотсент Чориев С.А, мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика н.и.ф-м.,дотсент Ситамов С, омӯзгори фанни забони русӣ дотсент Должикова В.А., Омӯзгори фанни забони англисӣ Мамадалиева С.А ва донишҷӯён Комилова Бибисоро аз фанни   забон ва адабиёти тоҷик, Тоҷибоева Наима аз фанни   забони русӣ, Ҳамроев Муҳаммадзамон аз фанни   забони англисӣ, Тоатов Шаҳром аз  фанни   таърихи  халқи тоҷик, Абдуллоев Муҳибулло аз  фанни  биология ва экология, Абдуқаюмов Отаҷон аз фанни  химия,  Ҷобири Қурбоналӣ аз фанни  физика,Ҳомидов Хайём аз фанни  математика, Сафаров Ҳусейн аз фанни   технологияи информатсионӣ барои шитрок дар олимпиада сафарбар карда шуданд.  Қайд кардан зарур аст, ки дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни зиёда аз 30 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.  Санҷиши натиҷаи дониши донишҷӯён ба тариқи тестӣ аз фанҳои химия, биология ва экология, физика, математика, таърихи халқи тоҷик, назарияи иҷқтисодӣ, технологияи информатсионӣ ва эссе аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик,забони англисӣ ва забони русӣ гузаронида шуд. Баъди санҷиши натиҷаи онҳо ва ҷамъбасти озмун ғолибони зерин аз донишгоҳи мо муқаррар гардиданд:

  1. Комилова Бибисоро – ҷойи дуюм аз фанни забону адабиёти тоҷик.
  2. Абдуллоев Муҳибулло - ҷойи чорум аз фанни биология
  3. Ҷобири Қурбоналӣ - ҷойи чорум аз фанни физика

 

Дар ҷаласаи ҷамъбастии олимпиада Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид иштирок намуда, ғолибонро табрик намуда, ҳамзамон ҳадафу дурнамои баргузории олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Дар охир ба ғолибони озмунҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

 

Шуъбаи таълим

Рӯзҳои 21-22 апрели соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, технологияи информатсионӣ, таърихи халқи тоҷик, математика, физика, химия, биология-экология баргузор гардид.

Аз фанни забону адабиёти тоҷик донишҷӯи гурӯҳи 1—уми тиббӣ Комилова Бибисоро ширкат намуд. Дар олимпиада намояндагони зиёда аз 30 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд, ки рақобат бо чунин рақибони пурзӯр албатта, аз ҳар як донишҷӯ амиқ донистани фанни марбутаро талаб менамуд. Ин аст, ки қалби Бибисороро як ҳаяҷону ларзиши сабӯке фаро гирифта бошад ҳам, бо ғайрату азми гурдофаридӣ ба иҷрои шарти асосии озмун- навиштани эссе дар мавзӯи “Истиқбол аз Истиқлол” шурӯъ намуд. То фаҳмидани натиҷаи кори хаттӣ  изтироби қалбаш паст намешуд, чунки рақибон арзанда ва аксаран аз факултетҳои филологии муассисаҳои таълимӣ буданд, аммо аз навиштаҳои хеш сахт боварӣ дошт. Ниҳоят натиҷаи тафтиши корҳои хаттиро эълон намудан. Се нафар – Саидова Матлуба аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, Саидов Мирҳодоятулло аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва Комилова Бибисоро аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон сазовори баҳои “аъло” шуданд.  Албатта, ин мувафақияти бузурге буд ва аз рӯи шартҳои иловагии озмун Бибисоро сазовори ҷойи дуюм гардид. Аз хурсандӣ ҷойи нишаст намеёфт, зеро дар байни чунин рақибони пурзӯру арзанда сазовор гаштан ба ҷойи дуюм дар ҳақиқат ғолибияти наҷибе буд.

Аз номи кулли ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳассилини донишгоҳ Бибисоро Комиловаро барои ғолияташ дар даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, дар таҳсилу зиндагии шахсияш барору комёбиҳоро таманно дорем. Ғолибият муборак, Бибисоро!

 

Кафедраи забонҳо

Подкатегории