Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     Санаи 16.11.2016 дар ДДТХ “Рӯзи Президент” бо як шаҳомати хосса таҷлил гардид. Аз ҷониби маъмурияти Китобхонаи Донишгоҳ барои боз ҳам хотирмон ҷашн гирифтани ин рӯз, осор ва асарҳое, ки роҷеъ ба дастовардҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд,  ба марази тамошо гузошта шуд. 

      Дар давоми рӯз омӯзгорон ва донишҷӯён аз ҷойи намоишгоҳ дидан намуданд. Махсусан донишҷӯён, ба осор ва зиндагиномаи Пешвои миллат таваҷҷӯҳ зоҳир намуда аз кору афкори ин Шахси бузург пурратар бархӯрдор гардиданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар  қалби донишҷӯёни мо ҳисси ватандӯстию ватанпарварӣ ҷо гирифта, барои пешрафти ҷамъият ва ободии  диёри  зебоманзарамон саҳмгузор хоҳанд буд.

                                                                               Маъмурияти Китобхона

        Ба маълумоти омӯзгорон ва донишҷӯён расонида мешавад, ки санаи 16.11.2016 дар Донишгоҳ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷашн гирифта мешавад. Барои боз ҳам хотирмон гузаштани ин рӯзи таърихӣ дар толори Китобхонаи Донишгоҳ намоиши китобҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад. Хоҳишмандон метавонанд ба толори хониши Китобхона омада аз осор ва зиндагиномаи ин шахси бузург огаҳӣ ёбанд.

                                                                                                Маъмурияти Китобхона

 

 

    Варзиш ин амал ё фаъолиятест, ки    аз замонҳои хеле қадим дар байни одамон ба вуҷуд омада, таърихи хеле тӯлонӣ ва сабақомӯзе дорад. Масалан, аллакай дар Юнони Қадим  бозиҳои олимпӣ гузаронида мешуд. Ҳангоми гузаронидани ин бозиҳои варзишӣ   амалиётҳои  ҷангӣ қатъ мегаштанд ва ин бозиҳо тамоми юнониёнро ба якдигар муттаҳид  менамуданд.

   Имрӯз  варзиш   ягона сафирест, ки имконияти аз байн бурдани низову  нифоқро  дар байни одамон  дорад. Шукри    истиқлолият,  ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу суббот, ки ба мо аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат,  муҳтарам Ҷаноби Олӣ,  Эмомалӣ Раҳмон,  махсусан дар соҳаи варзиш дастгириҳои беназир  шуда  истодааст. Имсол дар ноҳияи Данғара  маҷмуаи варзишие кушода шуд, ки имконияти гузаронидани мусобиқаҳои байналмилалии сатҳи ҷаҳониро дорад.  Бинои нави  асосии ДДД, ки бо толори варзишии  ҳозирамон муҷаҳаз гардонида шудааст,  ба истифода дода шуд. Ин ҳама ба хотири тарзи  ҳаёти солимро интихоб намудани шаҳрвандон ва донишҷӯён ва аз ҳама гуна корҳои ношоям  ва ба гурӯҳҳои   ифротгаро ва дасисаҷӯй  шомил нашудани онҳо  мебошад.

    Раёсати ДДТХ ва раёсати ДДД дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон,  варзиш ва саёҳии  Данғара  тибқи нақша - чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ бахшида ба Рӯзи Президент  12-уми ноябри соли 2016 дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара мусобиқаи футболро байни дастаҳои яккачини Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор намуд. Албатта, ин мусобиқа барои боз ҳам ба ҳам наздик намудан ва мустаҳкам кардани дӯстию рафоқати ин ду таълимгоҳи олии ноҳия заминаи мустаҳкаме гузошт. Гарчанде дастаи навтъасиси ДДТХ бозиро   бохта бошад ҳам, ин барои ҷавонони ҳарду донишгоҳ сабақи бузурги хештаншиносӣ, рафоқату муттаҳидӣ гардид.

 

Шарипова Дилафрӯз, Қаюмов Сино - донишҷӯёни гурӯҳи 7-8-уми тиббӣ

   

    Ҳар як инсон ба ду навъи ғизо зарурат дорад - ғизои моддӣ ва ғизои маънавӣ. Барои ғизои маънавӣ донишҷуён паси курсӣ дар китобхона  ва дар  дарсҳо нишаста сабақ мегиранд, барои ғизои моддӣ бошад, солим гардонидани руҳу ҷисми онҳо зарур аст, яъне ба қавли Ибни Сино:«Агар хоҳед, ки шуморо ба табиб зарурат набошад, ба варзиш машғул шавед». Дар ин росто мувофиқи супориши раёсати донишгоҳ бахшида ба рӯзи Конститутсияи ҶТ, мусобиқаи варзишӣ аз рӯи  намуди футбол  байни донишҷӯёни факултаҳои ДДТХ ба нақша гирифта шуд.

   Низомнома ва тартиби гузаронидани бозии футбол таҳия карда шуда, аз 24-уми октябр то 7-уми ноябри соли 2016 мусобиқаи футбол байни дастаҳои факултетҳо дар майдони варзишии ДДТХ баргузор гардид. Дар мусобиқа 12 дастаи факултаҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ иштирок намуданд.  Ба бозии финалӣ дастаҳои гурӯҳҳои 7-8-уми тиббӣ ва 3-4уми тиббӣ роҳ ёфтанд. Баъди баргузории бозии финалӣ дастаи гурӯҳҳои 7-8-уми тиббӣ ҷойи якум, дастаи гуруҳҳои  3-4уми тиббӣ ҷойи дуюм ва дастаҳои гурӯҳҳои 5-6-уми тиббӣ ва 1-2-и тиббӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа муовини ректор оид ба таълим Ғафуров Б.А., раиси иттифоқҳои касабаи кормандону донишҷӯён Мамадалиева С.А. иштирок намуда, ғолибони мусобиқаро бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорнома сарфароз намуданд.

   Мақсади   ташкили  бозиҳо  дар байни донишҷӯён  бедор намудани ҳисси масъулият, ҳамдигарфаҳмӣ ва пурқувваттар намудани  дӯстию бародарӣ дар байни онҳо мебошад. Ҳамзамон донишҷӯён   варзиш, ҳаёти солим, муҳити солимро пайгирӣ   намуда, аз амалҳои ғайриахлоқӣ дурӣ ҷӯянд. Дар оянда низ дар ҷамъият  адои вазифа намуда, мутахасисони хубу солим  ба воя бирасанд, дар байни ҷомеа соҳиби обрӯю мартабаи баланд гарданд ва ба давлату миллати худ хизмати сазовор намоянд.

 

Нуров Маъруф – донишҷӯи гурӯҳи 10-уми факултети тиббии ДДТХ

Подкатегории