Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

             

       Ба Донишгоҳи давлати тиббии Хатлон имрӯзҳо  аз ҷониби  ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳидаи хайрхоҳ  кӯмакҳо ворид гардида истодааст. Ин навбат бо ташаббуси раиси ноҳияи Данғара, муҳтарам  Маҳмадулло Сайдализода,  бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ истиқомат менамоянд,  имрӯз  ба донишгоҳ беш аз 10 адад  гармикунакҳои барқӣ тақдим карда шуд.   

         Раёсати донишгоҳ  ба раиси ноҳияи Данғара барои дастгириҳои пайвастаашон изҳори миннатдорӣ баён намуда, ҳамзамон ба  нафароне, ки  дар таҳким бахшии заминаи моддӣ-техникии донишгоҳ аз рӯи  имконот ва тавоноии хеш  саҳми худро мегузоранд сипосгузор аст.    Умедворем, ки бо ин амалҳои некашон исми онҳо  дар саҳифаҳои таърихи донишгоҳи навтаъсис   сабт хоҳанд шуд.

  Шуъбаи таҳлил, назорат вар обита ҷомеа

Рӯзи 23-уми ноябри соли 2016 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ  маҳфили илмию адабӣ баргузор гардид. Ба ҷамъомад  муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон оид ба таълим дотсент Ғафуров Б.  ҳусни оғоз бахшида, дар бораи  арзишу  моҳияти  Парчами миллии ҶТ  барои мардуми тоҷик   сухан намуданд.

Омӯзгори   кафедраи ҷомеашиносӣ   Саидова М.  дар мавзӯи «Парчами миллӣ-ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон»    баромад намуда, қайд намуданд, ки парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше будааст, ки мавҷудияти давлатии онҳоро ифода мекард. Хушбахтона, мо тоҷикон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ соҳиби парчами миллӣ- таҷассумгари гузаштаи пурифтихори ниёгонамон гардидем. 

Донишҷӯи гурӯҳи 9-уми факултети тиббӣ Комилова Б.-ро дар мавзӯи «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рамзи сарбаландӣ ва худшиносии миллӣ» баромад намуда, ибрози назар намуданд, ки  7 сол боз боифтихору   шукуҳу шаҳомати хосса  Рӯзи Парчами миллии худро ҳамчун нишони эҳтиром ба яке аз муқаддасоти миллии кишварамон  ҷашн мегирем. Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар гӯшаҳои гуногуни сайёра чи дар чорабиниҳои сиёсӣ, чи дар анҷуманҳои фарҳангӣ, чи дар мусобиқаҳои бонуфузи варзишӣ баланд мегардад.

Донишҷӯён Ғайратова Н. (гурӯхи 8-и педиатрӣ), Маҳмудова Мавзуна (гурӯҳи 10-и тиббӣ), Махсудова Зулола (гурӯҳи 10-и тиббӣ), Исмоилзода Махфират  (гурӯхи 8-и педиатрӣ),  Валиева Шаҳноза   (гурӯҳи 8-и педиатрӣ), Ҳамроев Муҳаммадзамон (гурӯҳи 10-и тиббӣ), Сафарова Меҳрбону (гурӯҳи 9-и тиббӣ),  Баҳовуддинова Шоиста (гурӯҳи 9-и тиббӣ), Сайдвалиева Насрина  (гурӯҳи 9-и тиббӣ), Нилуфари Алишер (гурӯҳи 9-и тиббӣ), Адибаи Рустамдухт  (гурӯҳи 9-и тиббӣ), Ғайратова Наврӯза  (гурӯҳи 7-и педиатрӣ), Қодирова Нигора (гурӯҳи 7-и тиббӣ), дар васфи Парчам ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  шеърҳо қироат намуданд. Донишҷӯи гурӯҳи 7-и тиббӣ Қодирова Нигора сурудеро     васфи Ватан сароиданд.

 Донишҷӯён дар викторина бахшида ба Рӯзи Парчам бо шавқу сурур   фаъолона  иштирок намуда, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас доданд.

Барандагии маҳфилро донишҷӯи гурӯҳи 10-и тиббӣ Ҳабибова Зуҳал  ва донишҷӯи гурӯҳи 1-уми факултети тиббӣ Насимҷон Фозилов ба уҳда доштанд.

Дар охир муовини ректори ДДТХ  оид ба таълим дотсент Ғафуров Б. ҷамъомадро ҳусни хотима бахшида, ба Комилова Бибисо,  Адибаи Рустамдухт, Ғайратова Наврӯза, Раҷабов Наимҷон, Насимҷон Фозилов  барои иштироки фаъолонаашон дар чорабинии Рӯзи Парчам  ифтихорномаҳои роҳбарияти донишгоҳро супорид.

Кафедраи ҷомеашиносӣ

Ҳафтаи нави таълимӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо боридани барфи нахустин  оғоз ёфт. Барфи аввал бо ҳама ташвишу сардиҳояш ба дили одам як суруру шодии махсусе мебахшад, чунки сафедӣ ҳама вақт руҳи одамро болида медорад ва умед ба фардои дурахшон мебахшад.

Устоди шодравон Лоиқ Шералӣ боридани барфро чӣ гуна шоирона ва ошиқона ба қалам додааст:

Барф борид –

            барфи печон,

                                   барфи рақсон,

Пора-пора,

            бешумора.

Дар кафи ҳар барг сими реза дод,

Бар дарахтон хилъати покиза дод,

Ҳар дарахти камбари рухзардро

Тоҷи симандуд дар торак ниҳод.

Аз пушти тиреза ба боридани барф назар дӯхта, саманди хаёлам маро бо ҷойҳои дури дур мебараду ҷаҳони андешаамро мурғи хаёл рангину афсонавӣ менамояд:

Ман зи пушти шиша мебинам, ки аҳли рӯзгор

Аз паи кореву ёре медавад болою паст.

Гар ғубори барф биншаста ба мижгони яке,

Дар рухи дигар ғубори зиндагӣ биншастааст.

Боридани барфи сафед дар  дили табибони оянда сурури хосае дорад, чунки намои хилъати сафеди онҳост.  Беихтиёр ба симои болидаву чеҳраи аз сурхӣ мисли офтоби ғуруб арғувонии донишҷӯён назар дӯхта, барфи аввалро ҳамчун фоли неки ояндаи Ватан шуморидам.

Ҳамчун ҳадяи барфӣ ин руҷӯи лирикиро бо порчаи зерин ҳусни анҷом бахшидан мехоҳам:

То баҳорон хоби хуш,

Эй Замин,

Эй модари чодарсафед!

Нигар барфе, чи сон барфи азим аст,

Дирамрезии шоҳони қадим аст.

 

 

Нилуфари Алишер – донишҷӯи гурӯҳи 9-уми факултети  педиатрии ДДТХ

     Дар кафедраи химия ва биологияи тиббӣ дар асоси нақшаи таълимӣ рӯзи 18- уми ноябри соли 2016 дар гурӯҳҳои 1-2 тиббӣ мавзӯи «Ҳампайвастагии генҳо» дарси кушод гузаронида шуд. Дар он устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва меҳмонон аз ДДД иштирок карданд. Рафти дарс бо истифадаи слайдҳо бо намоиши бемориҳо, расмҳои беморон бо аломатҳои беморӣ, усули ташхиси онҳо ва ҳалли масъалаҳои генетикӣ баргузор гардид. Дар охир барои мустаҳкамкунии маводи дарси саволу ҷавоб байни донишҷӯён, меҳмонон бо устод сурат гирифт. Донишҷӯён ва меҳмонон ба саволҳои додаашон ҷавоби пурра гирифта қаноатманд шуданд. Дар оянда гуфта метавонем, ки устодони кафедра ҳамкориро бо ДДД ва дигар муассисаҳои ноҳия ва ҷумҳурӣ  мустаҳкам карда дар соҳаи илм саҳми худро мегузоранд.

Дар дарси кушод  д.и.х. Ғафуров Б.А.- проректор оид ба таълими  ДДТХ,  Маҳмадалиева С. А.- раиси иттифоқи касабаи донишгоҳ, Усмонова У. Х - муаллими калони кафедраи химия ва биологияи тиббӣ н.и.х.,  Одинаев С.Т.-  сармутахассис оид ба  назорати сифати таълим, устоди калони кафедраи забонҳо, Хушназаров А. – устоди фанни физикаи тиббӣ,  Ботиров М. – устоди кафедраи химия ва биологияи тиббӣ,  як гурӯҳ донишҷӯёни курси дуюми факултети химия ва биологияи ДДД  бо ҳидояти устодашон  Камолова М. иштирок намуданд.

 Мудири кафедра  и.в. дотсент                                                 Чориев С. А.

Подкатегории