Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

     Рӯзи 15-уми майи  соли 2017 дар толори китобхонаи  Донишгоҳи давлатии  тиббии Хатлон   семинарии навбатии  маҳфили  «Ҷаҳони андеша» баргузор гардид. Мутасаддиёни чорабинӣ: мудири кафедраи ҷомеашиносӣ  Гулов А., раиси Шурои занон ва духтарон  Усмонова У., ва     дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ Ахмедов Ш. иштирок доштанд.

      Ба ҷамъомад  раиси Шурои занон ва духтарон  Усмонова У., ҳусни оғоз бахшида,  оид ба   зарурати донистани донишҷӯён дар бораи нақши  воситаҳои ахбори умум, сухан намуданд.Муаллима Усмонова У. суханони Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  хотиррасон намуда, донишҷӯёнро  такид намуд, ки  ҳушёрии сиёсӣ ва маданияти баланди аҷдодиро  аз даст надиҳанд, яъне фирефтаи ҳаргуна таблиғотҳои  сиёсию зиддидавлатии  бардурӯғ нагарданд.

    Мудири кафедраи ҷомеашиносӣ номзади  илмҳои фалсафа Гулов.А. ба суханони     раиси Шурои занон ва духтарон  Усмонова У.,       тақвият бахшида,  дар  мавзӯи  «Интернет ва косташавии арзишҳои ахлоқӣ» баромад намуд. Устод Гулов А. аз  як порча шеъри Умари Хайём оғоз карда дар бораи ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии интернет ва дигар шабакаҳои ӣчтимоӣ сухан намуданд. Устод қайд намуданд, ки  интернет айни замон як махзани бузургест, ки  тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонро  дар бар мегирад, тавассути он  маълумотеро дастрас  менамоем, ки  пайдо кардани он дар китобхонаҳо соатҳои зиёд тул мекашид.

     Пас аз баромади устод Гулов А. сухан ба дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои  сиёсатшиносӣ Ахмедов Шодмон Раҷабович дода шуд, ки дар мавзӯи  «Мақом ва нақши  васоити ахбори омма дар сиёсат» баромад намуданд.

    Устод Ахмедов Ш., қайд намуданд, ки дар ҷомеаи мо бисёр рӯзноманигороне фаъолият доранд, ки  соҳибкасб нестанд, одоби касбиро риоя наменамоянд, манфиати шахсиро аз манфиати ҷамъиятӣ  боло мегузоранд, масъалаҳои характери ҷузъидоштаро    ба проблемаҳои миллӣ бурда мерасонанд.

   Устод Ахмедов Ш., аз ҳодисаҳои  таърихии дирӯз ва имрӯзи кишварамон ёдоварӣ намуда, ҷиҳати таҳким  бахшидани  ҳисси худшиносии  миллӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи  арзишҳои миллӣ, зиракии сиёсӣ ба иштирокчиёни маҳфил маълумот дод.

    Баъд аз ба итмом расидани баромадҳо донишҷӯён ва устодон ба машварат ва муҳокимаи   масъалаҳои семинар гузашта, саволҳо ва ақидаҳои  ҷолибро пешниҳод карданд, ки аз ҷониби устодон ба ҳамаи онҳо ҷавоби  мушахас дода шуд.

    Донишҷӯи гурӯҳи 9 факултети  педиатрӣ-Нилуфари Алишер     баромад намуда, зарурати  интернет ва дигар воситаҳои ахбори умумро  дар  ҳаёти  ҷамъияти имрӯза қайд намуданд ва ишора карданд, ки пайдо кардани ҳаргуна маъводи таълимӣ барои донишҷӯён ягон душворие надорад. Аммо дар баробари ин ҳама ҷиҳатҳои мусбии кибернетика, зарар, ё ҷиҳатҳои манфӣ низ дорад. Бинобар ин аз чорчубаи ахлоқӣ ва арзишҳои  миллӣ берун шудан лозим нест. Донишҷуйи факултаи стоматологӣ, гурӯҳи 3-юм Тоатов Ш. қайд намуданд, ки  гарчанде  ки интернет ва истифодаи он талаби замон аст, аммо бояд баъзе «сайт»-ҳо маҳкам карда шаванд, чунки  ин амали ношоистаи  баъзе аъзои ҷомеа ба «бегонашавӣ» оварда мерасонад.

   Дар охир раиси Шурои занон ва духтарон  Усмонова У. ҷамъомадро ҳусни хотима бахшида, барои иштироки  фаъоли донишҷӯён ва ҷаласаи навбатии  маҳфили мазкур бурдборӣ таманно намуд.

 

Кафедраи ҷомеашиносӣ

      Дарсҳо дар кафедраи  фаннҳои «Ҷомеашиносӣ»   ба итмом мерасид ва  раванди баҳс ва  ҳақиқатҷӯие, ки дар  он  дарсҳо сурат мегирифт аз хотири ман дур намешуд. Як лаҳзаи дарсро мехостам ёдовар шавам, ки барои афроди ҷомеаи имрӯза, махсусан барои ҷавонон бениҳоят зарур аст. Аз устод пурсидем, «қоидаи   «тиллоӣ»-и ахлоқ »-ро чи гунна бояд фаҳмид?

     Устод чунин ҷавоб гуфт: «Бузургтарин омиле, ки  сабаби ихтилофот ва кашокашҳову гирифториҳои фардӣ ва иҷтимоӣ мешаванд, ин аст, ки  баъзе аз афроди ҷомеа ба ҳуқуқи худ қонеъ  нестанд ва ба ҳуқуқи дигарон дахолат мекунанд.

     Бинобар ин, агар касе ба ҳуқуқи дигарон  кордор  нашавад, ин кашокаш ва даргириҳо, аслан ба вуҷуд нахоҳанд омад. Оё  роҳе  вуҷуд дорад, ки ҳамаи афроди ҷомеа аз дахолат   ба  ҳуқуқи дигарон   худдорӣ  кунанд?

   Оре, он амал  кардан ба тавсияи  бузургонест, аз қабили Конфутсийи чинӣ, Суқроти юнонӣ, асосгузори таълимоти  дини насронӣ-Исои Масеҳ ва паямбари дини ислом,   ки такрор ба такрор фармудаанд: « Он чиро барои худ мехоҳӣ, барои дигарон ҳам бихоҳ ва он чи бар худ намеписандӣ, бар дигарон ҳам написанд». Ин аст  «қоидаи тиллоии ахлоқ»,  ки на ба миллат вобастагӣ дораду  на ба нажоду  на ба дину кеш.

    Бинобар ин,  дар ин сурат инсоне, ки  намехоҳад касе ба ҳуқуқи ӯ дахолат   кунад, ӯ ҳам бояд  ба ҳуқуқи  дигарон дахолат  накунад. Инсон намехоҳад, ки  дигарон  ӯро  бадгӯӣ кунанд ва ё  ӯро  тӯҳмат намоянд, ӯ ҳам  дигаронро  бадгӯи нахоҳад кард ва ба онон тӯҳмат нахоҳад зад. Касе  намехоҳад, ки  дар муомилот  ӯро  фиреб диҳанд, ӯ ҳам дар муомилот дигаронро фиреб нахоҳад дод.   Ба таври куллӣ,  чун инсон табиатан   моиласт,  ки мардум ҳамаи ҳуқуқи ӯро риоят кунанд ва дар ҳамаи заминаҳо бо ӯ,  бо ҳусни хулқ ва бародарона  рафтор  кунанд, бояд ӯ ҳам ҳуқуқи дигаронро риоят    кунад ва бо дигарон бо ҳусни хулқ ва бародарона рафтор  намояд. Дар ин сурат, ҷомеа мисли «биҳишт» хоҳад шуд, яъне он ҷамъияте  ба вуҷуд меояд, ки  мутафаккирони гузашта  дар асарҳои худ (Афлотун, Ф.Бекон дар китоби  «Атлантидаи нав», Абунасри Форобӣ дар китоби  «Мадинаи фозила»,  Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Хирадномаи Искандарӣ»  ва ғайра) онро месохтанд, ё онро меофариданд ва   албатта   инсони   имрӯза  низ  орзу ва зарурати  сохтани чунин ҷамъиятро дорад.

    Дар фарҷоми суханҳои устод онро қайд карданӣ ҳастам, ки, чун имсол  «Соли ҷавонон» эълон шудааст, ман ҳамчун як ҷавондухтари тоҷикистонӣ ҳамаи ҷавононро ба он даъват мекунам, ки дар ин сол,  ин «қоидаи тағирнаёбандаи ҳаёт»-ро шиори худ намуда , он орзую  умеде, ки гузаштагони  мо доштанд ва боварие, ки   Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби олӣ, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбати мо ҷавонон дорад бо сари баланд,  бо  дили пур,   бо навовариҳои илмӣ  ин солро ҷамбаст намоем.

 

Донишҷӯи гурӯҳи 8-уми факултаи педиатрӣ Ғайратова Н.

Кафедраи   ҷомеашиносӣ.

      Раёсат, ҳайати профессорону устодон ва кулли шогирдону кормандони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  Шуморо ба ифтихори ҷашни 60-солагиатон самимонаву содиқона табрику таҳният гуфта,  ба Шумо нахуст тандурустӣ, сарсабзӣ, иқболи баланд  ва барору комёбиҳо  таманно доранд.

     Мо дар таҷлили 60-солагии зодрӯзатон ба Шумо ҳамэҳсосу ҳамдилем. Шумо аз соли 2006 инҷониб дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, бо ташкил шудани Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    бошад дар ин таълимгоҳи нави тиббӣ ба ҳайси сармуҳосиб адои вазифа намуда истодаед. Ҳамеша талош бар он доред, ки баҳри ҳалли масъалаҳои душвори иқтисодии донишгоҳ донишу таҷрибаи худро дареғ надоред.  

Ҷашни 60-солагӣ муборак, Ғоибназар Шарифовичи  азиз!

 

Раёсати донишгоҳ

    Боиси хурсандист, ки бо ташаббуси бевоситаи ректорони ду Донишгоҳ –д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон,  ва д.и.т., профессор Гулзода М.Қ.  аз  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамкории ин таълимгоҳҳо ба роҳ монда шуда, дар доираи нақшаҳои ҳамкорӣ  олимони маъруфи ин таълимгоҳ барои хондани лексияҳо ба донишгоҳи мо ташриф хоҳанд овард.

     Рӯзи 13-уми майи соли 2017 ду нафар олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  - профессори кафедраи физиологияи нормалӣ, д.и.т., профессор Шукуров Ф.А. ва мудири кафедраи фалсафаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино д.и.ф., профессор Саидов А.С. дар доираи ин чорабинӣ ба донишгоҳ ташриф оварданд. Дар даромадгоҳи донишгоҳ ин олимони шинохтаи ҷумҳуриро  муовини ректор оид ба таълим Ғафуров Б. А., сардори Шуъбаи таҳлилу назорат ва робита бо ҷомеа Ахмедов Ш.Р., сардори Шуъбаи таълим Кузибоева Н.К., декани факултетҳо Саидов И.З., сармутахассиси назорати сифати таълим   Одинаев С.П., омӯзгорон ва гурӯҳи донишҷӯён истиқбол гирифтанд. Сипас мувофиқи барнома профессор Шукуров Ф.А. дар гурӯҳҳои таълимашон ба забони русӣ факултетҳои тиббӣ ва стоматологӣ ва профессор Саидов А.С. дар гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ - факултетҳои тиббӣ ва стоматологӣ ба лексияи муқаддимавии худ оғоз намуданд. Аз чеҳраҳои нурбор ва қаноатмандии зиёди донишҷӯён пай бурдан мумкин буд, ки аз баромади ин ду олим сабақи бузурги донишандӯзиро гирифтаанд.

    Ректори ДДТХ профессор Убайдулло Қурбон дар хотимаи ин чорабинӣ тавассути профессорон ба ректори ДДТТ, профессор Гулзода М.Қ.  барои дастгирӣ ва мусоидаташ аз ин иқдом аз номи раёсати донишгоҳ  изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамзамон ба ин ду олими варзидаи ҷумҳурӣ барои ташрифашон ба нахустдонишгоҳи тиббии Хатлон сипосгузории хешро иброз намуданд.   Ҳамчунин қайд намуданд, ки ин ташаббуси наҷиб минбаъд идома дода шуда, ҳамкории ду таълимгоҳи тиббии ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда хоҳад шуд. 

 

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

Подкатегории