Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

        

       Санаи 23 – юми майи соли равон дар ДДТХ «Ҳафтаи ҷавонон» бо шукуҳ таҷлил гардид.  Барномаи фарҳангиро ректори донишгоҳ, д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон бо нутқи табрикотӣ ифтитоҳ бахшида, пеш аз ҳама донишҷӯёну омӯзгоронро ба иди Ҷавонони  Тоҷикистон самимона  табрику муборакбод намуд. Ҳамзамон зимни суханронӣ қайд намуданд, ки  «…вазъи сиёсии ҳар як ҷомеъаро гурӯҳҳои сиёсие муайян менамоянд, ки дар як низом ва ё ташкилоти сиёсӣ муттаҳид гашта, барои расидан ба рушду тараққиёти иқтисодӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа ва амалӣ намудани  ҳадафҳои олии  фарҳангӣ якҷоя саъю кӯшиш менамоянд.

          Фаъолияти ҷавонон, ки аз назари шумора дар Тоҷикистон қисми зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд, ифодагари он аст, ки нақши ин табақа дар ҳаёти ҷамъиятӣ ниҳоят бузург аст. Маҳз ҳамин ҷиҳатро ба назар гирифта, Сарвари давлатамон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «..мо ба масъалаи  ҷавонон барои он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи миллату давлатанд ва ҳамзамон Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои аҳолиаш ҷавон буда, синни миёнаи сокинони он 24 сол мебошад ва 35 дарсади  аҳолиро ҷавонони синни аз 14 то 30- сола ташкил медиҳанд».

        Ҳанӯз дар давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардида буд, ки он аз таваҷҷуҳи  зиёди давлату Ҳукумати Тоҷикистони озод ба ҳалли проблемаҳои  ҳаёти ҷавонон шаҳодат медиҳад.

      Дар марҳилаи имрӯзаи инкишоф бошад, ташаккули маърифати сиёсии аҳолӣ, хоса ҷовонон яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати давлатии Ҳукумати тозаистиқлоли мо гаштааст. Зеро раванди ҷаҳоншавӣ, ки тамоми сайёраро фаро гирифтааст, тақозо дорад, ки мо ба ҳар як падидаву ҳаводисе, ки дар кишварамон ва дигар минтақаҳои олам ба вуқуъ меояд, сари вақт баҳои воқеӣ дода, мавқеъи худ ва кишвари худро дар онҳо дақиқ муайян намоем.

          Таъкид гардид, ки  донишҷӯёни ДДТХ баъди хатми ин даргоҳи илму маърифат рисолати муқаддас - ҳимояи солимии ҷомеаро ба дӯши худ мегиранд, ҳамеша ин масъулияти муҳимро ба хубӣ ҳис карда, дар раванди ободсозӣ  ва бунёдкориҳои ҷомеа ҳамеша бояд нақши муассир гузоранд. Боварӣ аст, ки ҷамъомади мазкур дар болоравии тафаккури сиёсии донишҷӯёни мо,  нақши муассир гузошта, мавқеи сиёсию ҷамъиятии аҳли Донишгоҳи навбунёди тиббиро дар марҳилаи имрӯза боз ҳам равшантар муайян месозад…»

          Лозим ба қайд аст, ки дар доираи нақша чорабиниҳо оид ба таҷлили  Ҳафтаи  ҷавонон дар ДДТХ  бо назардошти фаъолияти босамари онҳо, дар чаҳорчӯбаи ин ҷашн  ба як гуруҳ  аз ҷавонони боистеъдоди донишгоҳ бо фармоиши ректори ДДТХ тақдими туҳфа ва Ифтихорномаҳо  ба нақша гирифта шуда буд.  Маълум менамоем, ки дар  давоми соли таҳсили  2016-2017 як зумра донишҷӯёни мо дар озмунҳои илмию фаннӣ ва маърифатию варзишӣ пирӯз шудаанд. Аз ҷумла, дар Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҶТ  1 нафар аз донишҷӯёни мо    аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сазовори мақоми 2 -юми озмун гардиданд. 1 нафар ҳангоми ширкат дар озмуни вилоятӣ – «Донишҷӯи соли 2017» ғолиби ин озмӯн шуда,  3 нафар аз донишҷӯёни донишгоҳ дар мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ ва сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷоҳои 1, 2 ва 3 –юм, инчунин  2 дастаи волейболбозон дар бозиҳои вилоятӣ ҷойҳои 3 –юмро касб намуданд. Иштироки 14 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои донишгоҳӣ низ  қобили таҳсин  буда, дар ин радиф, 15 нафар фаъолон дар тамоми корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ҳиссагузор буданд.

        Зимни баргузории чорабинӣ аз ҷониби ректори ДДТХ, профессор Убайдулло Қурбон  ба 36 нафар аз ҷавонони фаъол ва болаёқати донишгоҳ барои ширкати босамар дар озмунҳои донишгоҳиву вилоятӣ,  ба 3 нафар роҳбарони  созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва  ба 5 нафар аз омӯзгорон   барои саҳми назаррасашон дар тарбияи ҷавонон ва амалӣ намудани сиёсати ҷавонон  дар ҷумҳурӣ,  бо мукофотпулию   туҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаҳои донишгоҳ  дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.  

      Сипас, барои хотирмон гузаштани ин ҳамоиш барномаҳои фароғатию фарҳангӣ ва театрикунонидашудаи созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ  ба диққати ҳозирин пешкаш карда шуд. Зимнан қайд кардан лозим аст, ки барандагии ин маҳфили зеборо бо номи «Шоми ҷавонӣ» донишҷӯёни гурӯҳи 10-уми тиббӣ Комилова Бибисоро ва Ҳамроев Муҳаммадзамон ба уҳда доштанд. Чеҳраҳои болида ва аз самими дил хурсандӣ намудани донишҷӯён далели он буд, ки дар ҳақиқат ҳам ин чорабинӣ дар сатҳи  баланди ташкилию фароғатӣ баргузор карда шуд.

 

 

Шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа

Шуъбаи кор бо ҷовонон

Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён

Шӯрои занон ва духтарон

 

 

      Рӯзи 18-уми майи соли 2017 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон чорабинии маърифатӣ “Китоб- нури маърифат” баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур пеш аз ҳама густариш додани ҳамкориҳо бо донишгоҳу донишкадаҳои вилояти Хатлон ва ҷалб намудани ҷавонон ба китобхонӣ ҳамчун сарчашмаи асосии вуруд ба ҷаҳони маърифату маънавиёт арзёбӣ мегардад.   

      Дар  маҳфили мазкур  мудири  китобхонаи  Донишгоҳи давлатии Данғара Азизов Асомиддин, мудири китобхонаи вилоятии ш.Қӯрғонтеппа  Юсуфова Тутиниссо ва директори МТИ н.Вахш Ҷалолова Гулбаҳор  иштирок намуданд. Маҳфилро муовини ректор Аҳадов Ш.Ф. ҳусни оғоз бахшида, сипас донишҷӯён аз ашъори бузургон дар васфи китоб шеърҳо қироат намуда, инчунин бо барномаҳои  консертии худ табъи ҳозиринро болида намуданд. Тибқи барнома, дотсенти кафедраи забонҳо Должикова В.А. дар мавзӯи “Китоб – маърифат ва уқёнуси бузург”, саромӯзгори кафедраи забонҳо Одинаев С. П. дар мавзӯи “Муаррифи китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Забони миллат – ҳастии миллат” баромад карда, бори дигар ҷойгоҳи баланди китобро дар рушду такомули инсоният таъкид намуданд. Дар чорабинӣ намоиши ҳунарҳои дастӣ ва эҷодии маҳфили Ахтарони сайёр, ки дар он донишҷӯёни фаъол аъзо мебошанд, ҷолибу хотирмон буд.

Маъмурияти китобхонаи ДДТХ

       Аз санаи 24.04. то 12.05.2017 сол аз ҷониби Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ шароити хонаҳое, ки донишҷӯдухтарон ба таври иҷора истиқомат мекунанд, мавриди санҷиш қарор гирифтанд.

      Бо ин мақсад хонаҳои онҳо, инчунин шароитҳое, ки барои донишҷӯён зарур аст, аз он ҷумла, шароити дарстайёркунӣ, хӯрокомодакунӣ ва ғ. аз санҷиш гузаронида шуда, бо соҳибхонаҳои онҳо низ сӯҳбат гузаронида шуд.

      Хурсандиовар аст, ки соҳибхонаҳо - сокинони ноҳияи Данғара донишҷӯёни Донишгоҳи моро хеле хуб қабул кардаанд ва онҳоро ҳамчун аъзои оилаи худ медонанду мисли фарзанди худ ғамхорӣ зоҳир менамоянд.   

      Яке аз ин соҳибхонаҳо Абдуллоева Нағзигул - намунаи беҳтарини точикзани мушфиқу меҳрубон аст, ки донишҷӯдухтари Донишгоҳи мо Назирова Руҳафзоро ҳамчун набераи худ медонад. Ин модари меҳрубон ба хубӣ дарк менамояд, ки донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ бояд ҳамеша аз паи ҷустуҷӯи дониш бошаду шароити хуби зист дошта бошад. «Гоҳ-гоҳе Руҳафзоро мегираму барои меҳмонӣ ба хонаи хешовандон мебарам, баъзан бо манзараҳои зебои ноҳияи Данғара шинос менамоям то ин ки худро танҳо ҳис накунад» - дар сӯҳбат ба мо иброз намуд Абдуллоева Нағзигул.

       Аз ин бармеояд, ки донишҷӯдухтарони мо дар муҳити хушу осоишта зиндагӣ доранд ва барои донишандузӣ, истироҳат ва фароғати онхо шароити хеле хуб муҳайё шудааст.

 

Раиси Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ

н.и.х.Усмонова У.Х.

 

    Санаи 15.05.2017 сол дар толори китобхонаи ДДТХ бахшида ба “Соли ҷавонон” семинар-машварат дар мавзӯи “Нақши иттилоот дар рушди маънавиёт ва дониши сиёсии ҷавонон” гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯёни фаъол аз тамоми гурӯҳҳо, сардорони гурӯҳҳо ва мудири шӯъбаи ҷавонони Донишгоҳ иштирок намуданд.          

    Дар семинар мудири кафедраи Фанҳои ҷомеашиносӣ  н.и.ф.Гулов А.А. ва  мудири шӯъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеа, н.и.с.Ахмедов Ш.Р., раиси Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ, н.и.х.Усмонова У.Х. оид ба нақши иттилоот дар рушди маънавиёт ва дониши сиёсии ҷавонон маърӯза намуда, оид ба Консепсияи Амнияти иттилоотии ҶТ ба донишҷӯён маълумот доданд. Мафҳумҳои воситаҳои иттилоот, амнияти иттилоотӣ, зиракии сиёсӣ ва ғ. якҷоя бо донишҷӯён муҳокима карда шуда, донишҷӯён фикру ақидаи худро дар ин мавзӯъ хеле хуб баён намуданд. 

 

Раиси Шӯрои занон ва духтарони ДДТХ

н.и.х.Усмонова У.Х.

Подкатегории