Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 7700 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6160 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷой 40 ҷои шартномавӣ
  • 8690 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

 

    Сегодня 13-января 2018 года, студенты второго курса Хатлонского государственного медицинского университета сдавали экзамен по русскому языку. Мы уверены в успешной  сдаче экзамена, потому как в течение  трёх  семестров  студенты- медики  занимались  усиленно, с полной ответственностью и отдачей сил, сознавая тот факт,  что  этот труднейший язык является в будущем их орудием труда и средством познания великой многогранной медицинской науки.

      Следует отметить, что обучали русскому языку высоко квалифицированные  с  большим опытом  работы в вузах,  отличившиеся в своём многолетным научном труде    преподаватели. Это заслуженный работник Республики Таджикистан, доцент Должикова В.А. и старшие  преподаватели Курбонов Х.Ш., Солехов Б.К. Со стороны их был строгий контроль за качественным усвоением программного лингвистического материала, наличием у студентов учебников, рабочих тетрадей и проведение рейтингового контроля и, конечно же, на соответствующем высоком уровне велось  обучение русскому языку. Составленные тестыв количестве 700  вопросов  получили  высокие  отзывы  со  стороны, заведующих кафедр русского языка трех ведущих университетов.

      Во время провидения  экзамена никаких  нарушенный со  стороны  студентов не было. Экзаменация прошла организованно объективно,  справедливо и достойно.

 

Деканат факультетов, кафедра языков

 

       Санаи 11-уми январи соли 2018 дар  ҳаёти донишҷӯёни курси якуми ҳамаи факултетҳои  ДДТХ ҳамчун  як санаи хотирмон нақш хоҳад гузошт. Онҳо, ки дар соли эълон шудани «Соли ҷавонон»  сазовори номи баланди донишҷӯ гардиданд, имрӯз бори аввал дар назди комиссияи имтиҳонии донишгоҳи олии тиббӣ аз фанни химияи биоорганикӣ ба таври мутамарказонидашуда имтиҳон месупоранд. Ба онҳо супоришоти тестии шакли пушида бо интихоби як ҷавоби дуруст, саволҳои мувофиқоварӣ ва  саволҳои кушода, ки дар маҷмӯъ 50 саволро барои як донишҷӯ дар бар мегирад, пешниҳод гардиданд. Вақти имтиҳон 1 соатро ташкил дода, донишҷӯён ба пуррагӣ дар имтиҳон иштирок  намуданд. Аз тарафи комиссияи имтиҳонгиранда қоидавайронкунӣ аз қабили истифодаи воситаҳои электронӣ ва хаттии  мамнуъ, ба якдигар ёрӣ расонидан ё инки ёрӣ пурсидан мушоҳида нагардид.

Деканати факултетҳо, Кафедраи биологияи тиббӣ ва химия

 

 

        Дар донишгоҳ сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2017 -2018 бо супоридани имтиҳон аз фанни гистология дар курси дуюми  ҳамаи факултетҳо оғоз гардид. Бояд қайд кард, ки имтиҳон дар ду марҳила сурат мегирад ва барои омӯхтан ва аз бар намудани  мустаҳзарҳо  то оғози имтиҳон, донишҷӯён  микроскопҳои электронӣ, воситаҳои мултимедии дар донишгоҳ мавҷудбударо истифода бурданд. Марҳилаи аввал он, ки аз шинохтан ва шарҳи кӯтоҳи мустаҳзарҳо иборат буд, санаҳои 4-6 январ дар толори китобхонаи донишгоҳ  гузаронида шуд. Дар он 350 нафар донишҷӯён, яъне ба пуррагӣ иштирок карданд. Донишҷӯён дар назди омӯзгорони пуртаҷриба ва сахтгири кафедраи морфология ва физиологияи одам, аз ҷумла мудири кафедра муаллими калон Зарипов И.А., дотсентон, номзади илмҳои тиб, Бустонов М.О., номзади илмҳои биология Чориев С.А., ассистентон Худойбердиев А.Х. ва Эшпулотова С.С.  имтиҳон супориданд.

     Марҳилаи дуюм дар таърихи 9.01.2018 сол ба таври мутамарказонидашуда бо риояи талаботи ҷойдошта аз тарафи Комиссияи имтиҳонӣ сурат гирифт. Барои муайян намудани сатҳи дониш, ба  донишҷӯён саволҳои тестии шакли пушида бо интихоби як ҷавоби дуруст ва саволҳои кушода пешниҳод карда шуд.

       Ҳамаи донишҷӯён дар имтиҳон ширкат варзиданд. Аз тарафи Комиссияи имтиҳонӣ дар рафти имтиҳон қоидавайронкунӣ ба қайд гирифта нашуд.

Деканати факултетҳо,

кафедраи морфология ва физиологияи одам.

       

        Ҷаласаҳои курсҳо дар арафаи сессияи зимистонаи донишҷӯён оғоз гардид.

       Рӯзи 6.01.2018 сол дар толори фарҳангии ДДТХ  бо иштироки муовини ректор оид ба таълим н.и.х Ғафуров Б. А.., декани факултетҳо н.и.т Саидов И.З, сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеъа  н.и.ҷ Ахмедов Ш.Р  ва муовиди декани факултетҳо Камолов А.С  ва як гурӯҳи омӯзгорон ҷаласа барои донишҷӯёни курси дуюми факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стомотологи баргузор гардид. Ҷаласаро сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеъа  н.и.ҷ Ахмедов Ш.Р,   ифтитоҳ бахшида, ба ҳозирин оид ба моҳияти паёми  Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон  фаҳмонид. Муовини ректор Ғафуров Б.А дар мавзӯи омодагӣ ба имтиҳонҳо, низоми ташкил ва баргузори имтиҳонҳо,  риояи шафоффияти имтиҳонҳо  баромад намуд. Декани факултетҳо н.и.т Саидов И.З низ нуқтаҳои муҳими фаъолияти донишҷӯёни соли дуюмро дар нимсолаи авали таҳсил ҷамъбаст намуда, махсусан, риояи  қатъии низому тартибро таъкид намуд.

      Рӯзи  8.01. соли 2018 бошад чунин ҷаласа барои донишҷӯёни соли аввал баргузор карда шуд. Ҷаласаҳо барои факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стоматологӣ дар зали фарҳангии ДДТХ, толорҳои лексионӣ баргузор гардиданд. Сараввал ректори ДДТХ д.и.т., профессор Убайдулло Қурбон  дар назди донишҷӯён баромад карда, таъкид намуданд, ки барои табибони оянда як чиз мусаллам аст, ки на фақат дониши амиқу ҳаматарафа дошта бошанд, балки интизому тартиби намунавиро низ доро бошанд.        Ҳамчунин муовини ректор оид ба таълим н.и.х Ғафуров Б.А., декани факултетхо н.и.т Саидов И.З, муовини декани факултетхо Камолоов А.С, сармутахассис оид ба назорати сифати таълим Одинаев С. П ва роҳбарони гурӯҳҳои таълимӣ оид ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти донишҷӯён ибрози назар намуданд.

 

            Муовини декани факултетҳо Камолов А.С.

Подкатегории