Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

   

     Дар асоси низомнома ва нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида ба таҷлили  “Ҳафтаи ҷавонон” аз тарафи Раёсати Донишгоҳ ва кафедраи фанҳои ”Ҷомеашиносӣ ” якчанд мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили “волейбол, фуболи хурд, бозиҳои шавқовар ва эстафетаҳои варзишӣ” бо номи  “Мо аз Шумо чолоктар ва қобилтарем” байни донишҷӯёни факултаҳои тиббӣ, педиатрӣ ва стомотологӣ  роҳандозӣ шуда, амалӣ гардиданд. 

     Дар таърихи 17-18.05 мусобиқа аз рӯи намуди “волейбол” гузаронида шуд. Мусобиқа дар фазои дӯстию рафоқат ва якдигарфаҳмӣ сурат гирифт. Донишҷӯён аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, диққати тамошобинонро ба худ ҷалб намуданд. Хусусан, дастаҳои донишҷӯёни факултаҳои тиббӣ ва факултаҳои педиатрӣ. Онҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта, бо ҳам қувваозмоӣ намуданд ва дар натиҷа дастаи факултаҳои тиббӣ бо ҳисаби 2:1 бар ҳарифони хеш, дастаи факултаҳои педиатрӣ   дастболо шуда, сазовори ҷои аввал гардиданд.

     Тарғибу ташвиқ ва ҷалби духтарон ба намуди футбол дар ҷумҳурии мо ривоҷу равнақ ёфта истодааст ва мо тасмин гирифтем, ки бозии футболи хурдро байни духтарони факултаҳои тиббӣ ва педиатрӣ дар таърихи 22.05.17с баргузор намоем. Духтарон низ дар ин риштаи варзиш маҳорати баланд нишон дода, барои ба даст  овардани музаффарият ҷаҳду талош намуданд. Бозӣ бо ғолибияти  дастаи  духтарони факултаҳои тиббӣ бо ҳисоби 3:1 анҷом ёфт.   

     Лозим ба қайд аст, ки соли 2017 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ,   Эмомалӣ Раҳмон “Соли ҷавонон” эълон гардид ва ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, муқаддасоти давлатиро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоянд ва муҳимтар аз ҳама, озодию соҳибихтиёриро асоси хушбахтии худ ва наслҳои оянда шуморанд.

      Бигузор, мисраҳои шеърие, ки дар поён дарҷ шудаанд, барои ҳар як ҷавони бонангу номуси миллат, шиори ҳар як нафаси зиндагӣ гарданд.

                         Ҷавонони ояндаи насли ин миллатем,

                          Рӯҳу равони миллатем,

                          Шӯҳратфизои миллатем,

                          Бо Пешвои миллатем.

 

 

Муаллимони кафедраи  “Ҷомеашиносӣ”:     Самиев С.Ф.,         

Қурбоналиев Ҷ.М

 

       Санаи  25.05.2017 дар Китобхонаи ДДТХ  ҷамъомади  Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён  бахшида  ба “Рӯзи Ҷавонон” баргузор гардид.  Дар  чамъомад  сармуттахасиси Шӯъбаи таълим  Одинаев.С.П , мудири Шуъбаи  ҷавонон  Рахимов Х.С, раиси КИККД Мамадалиева С А , раиси Шурои донишҷӯёни хобгоҳи Донишгоҳ Одинаев И ва аъзои фаъоли  КИКД  ва сардорони  гуруҳҳо иштирок  намуданд.

      Ҷамъомадро  бо сухани  табрикотии  раиси КИКД Мамадалиева С.А ифтиттиҳ бахшида, сипас аъзои Комиссияи назоратии  КИКД  Ҳамроев Муҳаммадзамон ба аъзои  КИКД  маълумотнома оид ба фаъолияти  Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни ДДТХ дар соли таҳсили 2016-2017-ро  пешниҳод намуд. Дар маълумотнома  оид бо хобгоҳ таъмин намудани донишчӯёни Донишгоҳ, оид ба расонидани кӯмаки моддӣ ба донишҷӯёни ятими кулл, маъюб ва эҳтиёҷманд, оид ба корҳои таълимию тарбиявӣ ва иштироки аъзои  КИКД дар вохӯриҳо ва саҳми онхо дар чорабиниҳои  дохили донишгоҳӣ  ва берун аз он,  инчунин дар ташкил намудан ва гузаронидани ҷамъомадҳои тантанавӣ маълумоти мухтасар пешниход намуд.

       Инчунин аъзои дигари Комиссияи назоратии КИКД Комилова Бибисоро оид ба маҳфилҳо, таҳия ва ташкили чорабиниҳо доир ба тарғиби сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ҷорабиниҳои  варзишӣ оид ба аввалин дастовардҳои донишҷӯёни ДДТХ маълумотнома пешниҳод намуд.

      Оид ба маълумотҳои пешниҳод  шуда  сармуттахассиси Шуъбаи таълим Одинаев С.П ва мудири Шуъбаи ҷавонон Раҳимов Х.С фикру ақидаҳои худро иброз намуда, ба фаъолияти Кумита ва фаъолнокии  аъзои Кумита баҳои баланд доданд.

      Дар ҷамъбасти ҷамъомад аз чониби  Кумита   ба ҳамаи он донишҷӯёне, ки дар озмунҳо ҷойҳои ифтихориро ба даст овардаанд ва дар корҳои чамъиятӣ ва чорабиниҳои фарҳангии Донишгоҳ фаъолона иштирок намудаанд ҳавасманд  гардиданд. Аз ҷумла, ба 20  нафар  аъёзои  фаъол ва 12 сардорони гуруҳҳо барои Газетаҳои беҳтарин ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои Донишгоҳ   бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд.

       Дар охир раиси  КИКД ба роҳбарияти ДДТХ   ҷиҳати  ғамхориҳо  ва  кумаку дастгириҳои пайваста нисбат ба донишҷӯён изҳори миннатдорӣ намуда  ва дар навбати худ ваъда доданд, ки фаъолияти Кумитаро боз ҳам фаъолтар ба роҳ монда, сафи донишҷӯёни фаъолу болаёқатро зиёд менамоянд.

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон

 ва донишҷуёни ДДТХ 

     

         Санаи  22.05.2017 дар театри марказии шаҳри Қурғон теппа конференсия бахшида ба “Ҳафтаи Ҷавонон” бо иштироки раиси вилояти Хатлон   Гулмаҳмадзода  Д ва кулли ҷавонони фаъоли вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он аз Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 7 нафар донишчӯёни фаъол  аз  ҷумла Ҳамроев Муҳаммадзамон, Комилова Бибисоро, Фарзонаи Убайдуллозода, Султонова Гулшан, Ҳакимов Муҳим, Нурмуҳаммади Холбозор, Валиев Сафархон ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Донишчуёни Донишгоҳ иштирок намуданд. Дар чорабинии мазкур ҷавонони фаъоли вилоят аз ҷониби  Раёсати ҳукумати вилоят бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин дар ин чорабинӣ ҷавононе, ки дар давоми сол соҳиби дастовардҳои  беҳтарин гардидаанд ва инчунин нафароне, ки   дар  соли 2017- Соли Ҷавонон ба стипендияи раиси вилоят пешниҳод шуда буданд дар фазои тантанавӣ  соҳиби стипендияҳои худ гардиданд.

       Лозим ба қайд аст, ки аз ДДТХ  донишҷӯи  гуруҳи 10-уми тиббӣ Ҳамроев Муҳаммадзамон   барои дар озмуни “Донишҷӯи сол” ҷои I-умро ишғол намуданаш, сазовори  стипендияи вилоятӣ гардид. Мо умед дорем, ки дар оянда сафи чунин ҷавонони болаёқад дар Донишгоҳ зиёд мегарданд ва боиси ифтихори Донишгоҳи азизи мо хоҳанд шуд. Чорабиниро базми фарҳангии ҷавонон  идома дод ва онҳо як барномаи  пуршукуҳи ҷолибро  ба ҳозирин пешкаш намуданд.

      Сипас донишчуён аз осорхонаи “ Бибихонум”-и шаҳри Қурғонтеппа дидан намуда бо таърихи 2000 солаи ин Қалъаи бузург шинос шуданд. Донишчӯён аз тамошои ин осорхона  ба худ маълумотҳои зиёд ва таассуроти хуб гирифтанд.

 

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон

 ва донишҷуёни ДДТХ 

      Маводи таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    «Ҳалли масъалаҳо аз физика» (муаллифон  Ситамов С.,  Баротов Н.И., Набиев Ҷ.Ғ.) дар нашриёти «Ирфон» аз чоп баромад. Китоб барои донишҷӯёни соли аввали донишгоҳҳои тиббӣ ва коллеҷҳои тиббӣ пешбинӣ шуда, мавзӯъҳои асосии барномаи фанни физикаро  барои ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳҳои тиббӣ ва колеҷҳои тиббиро  дар бар мегирад. Услуби баён, сабки нигориш, пайдарҳамии мавзӯъҳо, матнҳои ба ихтисос иртиботдошта,  расму мусаввараҳо ва амсоли инҳо, ки китоби мазкур мубтанӣ бар онҳост, асосан саҳлу осон буда, ҳадаф аз интихоби онҳо ҳиммати муаллифон ҷиҳати осон аз бар кардани ҳалли масъалаҳои  фанни Физика (қисми механика ва физикаи молекулавӣ)  аз ҷониби донишҷӯён мебошад. Китоб аз қисматҳои асосии назариявӣ,  мувофиқи барномаи таълимӣ ва замимаҳо иборат аст, ки дар он асосҳои технологияи ҳалли маъалаҳои физикӣ, формулаҳои асосӣ ва намунаи ҳалли масъалаҳо   барои хониши мустақилона фароҳам омада,дар маҷмӯъ аз 216 саҳифа таркиб ёфтааст. Ҳамчунин дар охири китоб ҷадвалҳои доимиҳои физикӣ, алфавити лотинӣ ва юнонӣ  оварда шудааст,ки  ба ихтисоси донишҷӯён мувофиқ мебошанд. 

         Ёдовар мешавем, ки ин дувумин китоби дарсиест, ки аз ҷониби устодони донишгоҳ дар давоми соли таҳсили 2016-2017 бо сифати баланд ба нашр расидааст.

 Кафедраи физикаи тиббӣ ва информатика.

 

 

Подкатегории