Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

Рӯзи 12-уми июни соли 2017   имтиҳони навбатӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик  оғоз ёфт. Натиҷаи имтиҳони мазкур тайёрии хуби донишҷӯёнро ба имтиҳон нишон дод.  Дар натиҷа, аксарияти  донишҷӯён баҳои хубу аъло  гирифтанд. Дар пеш се имтиҳони навбатии дигар – химияи биорганикӣ, забони тоҷикӣ, физикаи тиббӣ, дар факултети стоматологӣ бошад бошад боз як имтиҳони дигар – анатомияи одам истодааст. Боварӣ дорем, ки имтиҳонҳои мазкур низ бо тайёрии хуб ва сари баланди донишҷӯён ҷамъбаст хоҳад шуд

 

Шуъбаи таълим

Рӯзи 8-уми июни соли 2017 нахустин имтиҳони нимсолаи дуюми Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон    аз фанни биологияи тиббӣ оғоз ёфт. Албатта, дар ним соли сипаришуда донишҷӯён таҷрибаи кофӣ бардоштан, вале ба ҳар ҳол имтиҳон як салобату масъулияти хосаи худро дорад, ки шахсро бевосита пахш намуда, асиру пойбанди худ мегардонад. Вале имтиҳон ҳам сипарӣ шуду, натиҷаҳои он қариб 60-70% баланд будани сатҳи сифати таълимро нишон дод.

 

Шуъбаи таълим

Пешниҳоди коллективи меҳнатии ДДТХ

оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон,

“Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” 

        Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13-уми майи соли 2017 ҳангоми суханрониашон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони сокинони вилояти Хатлон иброз доштанд, ки мардуми кишвар метавонанд фикру мулоҳиза ва андешаву пешниҳодҳои худро оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”  ва такмили он тавассути сайти Президент, шабакаҳои телевизиону радио ва дигар воситаҳои ахбори омма изҳор намоянд.

             Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ва мардуми Тоҷикистон “Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”  8-уми июни соли 2017 қабул гардид  ва 8-уми июни соли ҷорӣ аз қабул гардидани ин Қонун 10 сол сипарӣ мегардад.

              Зимнан, ҳадафи ин Қонун бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ҳифзи асосии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, инчунин барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва тарбияи маънавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, зеро давлат ва ҷомеа кӯшиш ба амал овардаанд, ки ба урфу одат, тарзи зиндагӣ, маросими ҷашнҳо ва мероси фарҳангии миллӣ ислоҳоту тағйирот ворид намоянд.

               Дар давоми 10 соли сипаригашта (2007-2017) тамоми натиҷаҳои амалии мусбии бадастомадаро  дар маҷмӯъ арзёбӣ намоем пас метавон гуфт, ки ин Қонун бо амалӣ шуданаш ба мардуми Тоҷикистон натиҷаҳои самарабахш овардааст.

                Бояд қайд намуд, ки Сарвари давлат ба расму оинҳои миллӣ ва динии халқамон такя намуда, онҳоро як чузъи ҷудонопазири фарҳанги миллии мо ҳисобида иброз доштанд, ки расму оинҳои мардуми мо асосан дар доираи ду тамаддуни таърихӣ - ориёӣ ва исломӣ ташаккул ёфтаанд. Дар ин замина, Пешвои миллат расму оинҳои мардумиро дар доираи Қонун ва мазмуну мундариҷаи нав ба ҷомеа пешниҳод намуда, онҳо омили муҳимтараини  сатҳи маърифати инсонӣ, шуури милливу мазҳабӣ, ваҳдату ягонагӣ, солимии ахлоқиву ҷисмонии  мардум ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум арзёбӣ намуд.
              Бояд хулоса намуд, ки маҳз дар натиҷаи амалӣ  шудани Қонуни мазкур дар тули 10 сол сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфта, сифати зиндагии мардум бошад хеле беҳтар гардид. Мардум ба сарфаю сариштакорӣ пурра сарфаҳм рафта, молу мулки хешро ҳифзу нигоҳ дошта, боварии халқ ба давлату ҳукумат, истиқлолияти давлатию ваҳдати миллӣ ва ободонию пешрафти ватан боз ҳам афзун гардид.

              Мавриди зикр аст, ки қабули Қонуни мазкур дар шароити буҳрони шадиди иқтисодии чаҳонӣ ва болоравии нархи маводи хӯрока, ҷиҳати амалӣ намудани стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурӣ мусоидат намуда, дар шуури ҷомеаи мо таъсири мусбӣ расонид.

             Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксар мардуми кишвар ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо талаботи Қонуни мазкурро риоя намуда, дар доираи талаботи ин Қонун маъракаҳои худро барпо менамоянд, вале аз тарафи баъзе аз шаҳрвандон талаботи Қонуни мазкур риоя нагардида, ҷашну маросимҳои худро бо мақсади зоҳирпарастӣ, худнамоӣ ва тақлидкорӣ мегузаронанд, ки ин боиси муфлис гардидани  буҷаи  бисёре аз оилаҳо мегардад.

               Бо мақсади  боз такмил  ёфтани муқаррарот ва иҷроиши   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ,  бо назардошти фикру ақида ва хулосаҳои коллективи меҳнатии  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон   пешниҳодоти зеринро  манзур менамояд.

  1. Дар моддаи 10 Қонун омадааст, ки туйи домодию арусӣ дар як рӯз бо таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши туйи (оши наҳор) то 200 нафар аз ҳисоби ҳарду ҷониб гузаронида мешавад. Вобаста ба ин модда, чунин пешниҳод менамоем, ки калимаи додани оши туйи барои то 200 нафар аз ҳарду ҷониб умуман бардошта шавад ва  шумораи оростани як зиёфат то 250 нафар муайян намуда, гузаронида шавад.
  2. Дар моддаи 14 дар қисмати вақти пагоҳирӯзии ҷашну маросимҳо вобаста ба фасли сол муайян карда, чунин тағйирот ворид карда шавад. Вобаста ба ин модда пешниҳод карда мешавад, ки вақти гузаронидани ҷашну маросимҳо дар фасли тобистон аз соати 06:00 пагоҳирузӣ муайян карда шавад.
  3. Аз рӯи пурсиш ва маълумотҳои ҷойдошта муайян шуд, ки барои ба “арӯс” харидорӣ намудани танҳо маводҳои рӯзғор маблағи калон  сарф карда мешавад, ки ин ба падару модар зарари ҷиддӣ расонида мешавад, локин волидайн ба ин нигоҳ накарда маҷбур мешаванд, ки  аз муассисаҳои бонкӣ ё шахсони доро бо фоиз маблағи пулӣ қарз гирифта хоҳиши духтарашро қонеъ намояд. Аз ин рӯ,  пешниҳод мегардад, ки мақомоти қонунгузор ин масъаларо низ ба танзим дароранд.
  4. Дар моддаи 13-уми Қонун омадааст, ки маросими мавлудхонӣ бо таври ихтиёрӣ танҳо дар масчидҳо бе ҷамъоварӣ ва додани маблағ ва таом сурат мегирад. Пешниҳод чунин аст, ки дар қисми дуюми Қонуни мазкур ҳамзамон чунин тағйирот ворид карда шавад. “Мавлудхонӣ” дар маросими дафну азодорӣ (ҷаноза) манъ карда шавад.
  5. Тибқи моддаи 14 –уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тӯю маросимҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 10:00 то 23 ва рӯзҳои корӣ аз соати 18:00 то 23:00 гузаронида мешавад, ки қисми зиёди ноболиғон аз ин истифода бурда, шабона соатҳои тулонӣ сайру гашт менамоянд. Вале мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар нисбат ба фарзанд бошад”, сайру гашти ноболиғонро шабона то соати 10:00 муайян намудааст.  Аз ин рӯ вобаста ба ин чунин таклиф карда мешавад, ки мақомоти қонунгузор ин мухолифатро ба танзим дарорад.
  6. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар рӯзҳои “Моҳи шарифи Рамазон” гузаронидани “Ифтор” ба ҳукми анъана даромадааст, вале дар шароити буҳрони иқтисодӣ шаҳрвандон бо кадом роҳе, ки набошад, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳангоми расидани навбаташон “Ифтор”-ро гузаронанд, ки ин албатта ба ҷиҳати иқтисодии ҳар як оила таъсири манфии худро мерасонад. Чунин пешниҳод карда мешавад, ки ташкил ва гузаронидани “Ифтор” манъ карда шавад, шаҳрвандоне, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд ихтиёран дар “Моҳи шарифи Рамазон” ба оилаҳои камбизоат ва бепарасторон ёрӣ расонанд.
  7. Баҳри амалӣ намудан ва риояи ҳатмии қонуни мазкур масъулияти ҷавобгарии комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ баланд бардошта, тарғибу ташвиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум пурзӯр карда шавад.

                  Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ва бо ин тавр мукаммал гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” – ро ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон оид  ба иҷрои ҳатмии талаботҳои Қонуни мазкур дар донишгоҳ  сатҳу сифати корҳои тарбиявиро байни кормандон ва донишҷӯён боз ҳам тавсеа хоҳад бахшид.   

Раиси Комиссия  оид ба  татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ДДТХ” Азизуллоев А.                                                         

Бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ

Пӯшида нест, ки дар таърихи давлатдории ҳар қавму миллат мафҳумҳои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, озодиву истиқлол чун арзишҳои муқаддас арҷгузорӣ гашта, бо зикри онҳо ифтихоре аз устувории пояҳои давлатдорӣ, тамомияти арзӣ, рушди иқтисоду фарҳанги миллӣ падид меояд. Ин бесабаб нест. Таърихи печидаи аҳли башар исбот намудааст, ки ҳар миллати соҳибтамаддун танҳо баъди расидан ба ваҳдату ягонагӣ тавонистааст, ки давлати соҳибистиқ-лоли хешро ташкил дода, ба ҳадафҳои сиёсӣ ва ормонҳои миллии хеш бирасад.

Мусаллам аст, ки мафҳумҳои ваҳдату ягонагӣ барои мо тоҷикон, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо на як бору ду бор зарбаҳои бераҳмонаи таърихро дар ҷисму ҷони худ дидаем, қиммати бештар ва манзалати волотареро доро мебошанд. Зеро ҳар бор баъди парокандагиҳои  тӯлонӣ миллати кӯҳанбунёди мо танҳо тавассути пешгомии фарзандони баору номуси худ ба ваҳдату ягонагӣ расида, аз нав лаҷоми давлату давлатдориро дар марзҳои таърихиаш ба дасти худ гирифтааст.

Зимнан, мафҳуми ваҳдат, ки аз вожаҳои арабии «воҳид», «аҳад» гирифта шуда, мустақиман маънии  «ягона»-ро ифода менамояд, аз мафҳумҳои серистеъмолтарини сиёсии имрӯза ба ҳисоб рафта, сари ҳар минбару анҷуман чун нишонае аз сарҷамъии тоҷикон бо сарфарозиҳои зиёде садо медиҳад. 

Бояд таззакур дод, ки «ваҳдати миллӣ» дар муқоиса бо «оштии миллӣ» ва «ризоияти миллӣ»ҳамчун  раванд манзалати бештар дошта, аз умқи онҳо сарчашма мегирад. Яъне «оштии миллӣ» ва «ризоияти миллӣ»-ро комилан зинаҳои аввал ва зарурии расидан ба  «ваҳдати миллӣ» номидан мумкин аст.

Бешубҳа, таҳлили илмии ин падидаҳои нави иҷтимоӣ-сиёсӣ дар ояндаи наздиктарин аз тарафи муҳаққиқони ҷомеашинос мав-риди омӯзиши ҷиддӣ қарор хоҳад гирифт.

Ёдовар мешавем, ки раванди Ваҳдати миллӣ дар сарзамини бостонии тоҷикон ҳанӯз аз ҷаласаи 16-уми Шӯрои Олии Чумҳурии Тоҷикистон (моҳҳои ноябр-декабри соли 1992 дар ш. Хӯҷанд баргузор гашт) ба марҳилаи нави таърихии худ ворид гардид.

Чуноне, ки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона қайд мекунад: «…дар Тоҷикистон солҳои 90-ум вазъият таҳти таъсири омилҳои мураккаби ҳаёти байналхалқӣ ҷараён мегирифт. Аз як тараф, омили исломӣ ва мувофиқан моделҳои гуногуни мафкуравӣ таъсир расонданд, аз ҷониби дигар, мероси ба ном ҷамъияти коммунистӣ бо анъанаҳои худ зуҳур меёфт. Истиқрори сулҳ аз тоҷикистониҳо иқдомоти комилан ғайримуқаррариро талаб мекард».

Дар он давраи барои миллати кӯҳанбунёди тоҷик тақдирсоз ба хотири пешгирӣ намудани фоҷиаи дохилимиллӣ – ҷанги шаҳрвандӣ, тамоми қувваҳои солими ҷомеа баъди садсолаҳо бори аввал манфиатҳои гурӯҳӣ ва ҳизбиро як сӯ гузошта, роҳи ягонаи наҷот аз ҳалокатро дар  муттаҳидӣ ва сарҷамъию ягонагӣ диданд.

«Консенсуси манфӣ», ки нисбати он дар нимаи аввали солҳои 90-уми асри ХХ бархе аз сиёсатшиносон дар роҳи ба даст  овардани мақсади олии миллати тоҷик – вахдати тамоми табақаҳои иҷтимоӣ ва ҳизбу гурӯҳҳои сиёсӣ баҳс менамуданд, баъдан, чуноне ки интизор  шудан мумкин буд, аз роҳбарияти кишвар ҷидду ҷаҳд ва қабули чораҳои таъсирбахшу ғайримуқаррарии мазмуни сиёсию ҳуқуқӣ доштаро талаб намуд.

Бояд зикр намуд, ки принсипҳои мушаххаси истиқрори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон дар доираи Конфронси Дортмунд аз моҳи марти соли 1993 то моҳи феврали соли 1998, яъне дар муддати 5 сол, бо роҳи муколама ба вуҷуд оварда шуданд.  Дар даҳ «Меморандум» ва «Муроҷиатнома» - ҳои дар ин Конфронс қабулшуда механизмҳои асосии ба даст овардани Сулҳу Ваҳдати миллӣ дар шароити гуфтушунидҳои мураккаб муттасилона ташаккул ёфтанд, ки ин қонунияти пирӯзии ақлу хирадро дар ҳалли моҷароҳои дохилимиллӣ нишон дод.

Ба даст овардани сулҳ, ризоияти милливу шаҳрвандӣ ва пойдории Ваҳдати миллии тоҷикон, ҳамчун падидаи оламшумул  дар таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, маҳз дар натиҷаи ба вуҷуд овардани чунин механизмҳои самаранок, ба монанди ташкили Комиссияи оштии миллӣ, ки аз намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик иборат буд, воқеӣ шуд.

Қобили таъкид аст, ки дар ҷомеа дар ҳолатҳои фавқулодда сулҳу салоҳ амали яктарафа набуда, хоҳиш ва кӯшишҳои мақсадноки тарафҳои мухолифро тақозо менамояд. Бешубҳа чунин майлу хоҳиши наҷоти миллат ва мустаҳкамсозии пояҳои давлатдорӣ роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон ва пешвоёни Иттиҳоди мухолифини тоҷикро паси мизи гуфтушунид шинонд.

Роҳбарияти ҷумҳурӣ бо дарки  масъулият дар назди ояндаи кишвар тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонид, то ки ба самти сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ қадамҳои қатъӣ гузошта шавад ва яго-нагии миллату давлатро пойдор нигоҳ дорад.

Вобаста ба ин қайд намудан зарур аст, ки ба чунин як ҳуҷҷати муҳими барои миллати тоҷик тақдирсоз, яъне «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон», аз ҳар ду ҷониб қариб 70 нафар имзо гузоштанд.

Мақсади асосӣ дар он солҳои на чандон дур аз он иборат буд, ки барои ҷомаи амал пӯшидани талаботи ин шартнома кӯмаку дастгирии роҳбарияти сиёсӣ аз тарафи аҳолии кишварамон, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои  гуногуни ҷамъиятӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шавад.

Бемуболиға, чунин амали хирадмандона тавонист ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар қабул намудани чораҳои зарурӣ ва самаранок имконият диҳад, то ки ҷомеаи миллии мо аз бӯҳрони вазнини сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ раҳо ёфта, роҳҳои инкишофи минбаъдаи Тоҷикистон пайдо гардад.

Агар ба таҷрибаи дигар мамолики олам, ба монанди давлатҳои Америкаи Лотинӣ, Африқо, Осиё ва ғайраҳо, ки дар давраҳои гуногуни инкишофи таърихии онҳо мухофилат ва моҷароҳои дохилимиллӣ ҷой доштанд, назар андозем, пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки Ваҳдати миллии тоҷикон падидаи бемисл ва барои дигар халқу миллатҳо ибратомӯз ба шумор меравад.

Барои тасдиқи ин назар суханони собиқ Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Ананро иқтибос овардан ба маврид аст, ки гуфта буд: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли мушкилоти дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми гузоштаи Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ мебошад».

Итминон меравад, ки истифодаи таҷрибаи таърихии Ваҳдати миллии тоҷикон дар барқарор намудани сулҳу субот дар кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя ва ҳамзабону ҳаммазҳаб - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки зиёда аз чаҳор даҳсола боз оташи ҷанги дохилӣ дар марзҳои гуногунаш аланга мезанад, саривақтӣ ва манфиатовар мебуд.

Нақши ин падидаи созанда дар рушду нумӯи  Ватани азиза-мон, ҳамбастагии сокинони минтақаҳои гуногуни мамлакат, пешрафти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, бе ягон муболиға, ҳалкунанда мебошад.

Маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ  дар муддати кӯтоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист боварии ҷомеаи ҷаҳониро сазовор гардад, ки натиҷаи он аз ҷониби созмонҳои хориҷӣ маблағгузорӣ шудани иншоотҳои бузурги барқӣ ва коммуникатсионӣ мебошад. Иқдомҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ба монанди «Соли байналхалқии оби тоза», ва «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт дар солҳои 2005-2015», «Даҳсолаи байналмилалии амалҳо «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 -2028» ва ғайра обрӯи Тоҷикистонро ба маротиб боло бурд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки омӯхтан ва донистани таърихи миллати тоҷик барои насли ҷавони мо аҳамияти басо муҳим дорад. Бешубҳа, «агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати хеш огоҳии комил медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мебардоштем, шояд тӯфони ҷанги гражданӣ, ки бар сари халқи тоҷик омад, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт. Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихи наслҳои оянда хизмат мекунад».

Хулоса, ваҳдату ягонагӣ чун омили муҳими бақои давлату давлатдорӣ, рушди бемайлони иқтисоди миллӣ ва таҳкими пояҳои фарҳанги ҳазорсолаи аҷдодӣ бояд мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ гашта, ҳамчун сарчашмаи ободиву шукуфоӣ ва рӯзгори осудаву босаодати мо азизу гиромӣ дошта шавад. Набояд фаромӯш созем, ки рушду инкишофи минбаъдаи ҷомеаи навини тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёт танҳо ба туфайли иттифоқу сарҷамъии қавму миллатҳои гуногуни он, ҳамбастагии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва дар ниҳояти кор иттиҳоди халалнопазири қишрҳои гуногуни ҷомеа ба даст меояд.

 

Дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Ахмедов Ш

Омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Саидова М.

Подкатегории