Маълумоти умумӣ дар бораи факултетҳо

ДДТХ дорои 3 факултет мебошад... интихоби дуруст намоед!
  • Тиббӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 8010 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети тиббӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Педиатрӣ
  • 150 ҷой 80 ҷои шартномавӣ
  • 6400 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гурӯҳи шартномавии факултети педиатрӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 6 сол
  • 38 ихтисос
  • Муфассал
  • Стоматологӣ
  • 50 ҷои шартномавӣ
  • 9040 сомонӣ
  • пардохти маблағи яксолаи таҳсил барои гуруҳҳи шартномавии факултети стоматологӣ
  • Мӯҳлати таҳсил 5 сол
  • 10 ихтисос
  • Муфассал
Хабарҳои мо
хабар, эълон, гузориш аз баргузории чорабиниву ҷамъомадҳо ва дигар маводҳои иттилоотии донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

        Санаи 18 – уми августи соли равон  дар донишгоҳ ба муносибати рӯзи кормандони тиб ва зодрӯзи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати раёсати донишгоҳ, профессорону омӯзгорон ва 150 нафар донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо ширкат варзиданд. Ҷамъомадро  муовини ректор оид ба таълим, д.и.х. Ғафуров Б ифтитоҳ бахшида,  дар мавзуи «Табиб ва рисолати табибӣ. Саҳми кормандони тиб дар ҳифзи саломатии шаҳрвандон» сухан намуд. Дар охир  аз  номи Раёсати  ДДТХ   тамоми кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳуриро ба иди фархундаи касбӣ – Рӯзи кормандони тиб сидқан табрик ва муборакбод намуда, саҳми  табибони мамлакатро дар роҳи барпо намудани ҷомиаи солим ва ҳифзи саломатии мардум, инчуин  барои  дастовардҳои назарраси соҳа  табрик намуд.  

        Пас аз нисфирӯзӣ бо мақсади  корҳои омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи дониш ва иштирок дар чорабиниҳои сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вохурии ректори донишгоҳ д.и.т., профессор   У. Қурбон  бо   ҳайати раёсат  ва бо донишҷӯён сурат гирифт. Зимни вохурӣ ректори донишгоҳ  ҳозиринро ба моҳияти паҳлӯҳои муҳим вобаста ба иштироки онҳо  дар маъракаҳо  шарҳ дода, ҳамзамон риояи тартибу низом ва таъмини донишҷӯёнро аз масъулин талаб намуд.                  

Деканати факултети тиббӣ                        

Кӯмакҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

        Пас аз таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон раёсати донишгоҳ имрӯзҳо бо мақсади омодагии саривақтӣ ба соли аввали таҳсил кушишҳои зиёд  ба харҷ дода истодааст, то ки машғулиятҳо дар сатҳи баланд гузаронида шаванд, ҳамзамон кафедраҳо   бо ашёҳо  ва маводҳои лозима таъмин  бошанд. Зимни ин гуфтаҳо зикр кардан ба маврид аст, ки аз тарафи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  дар таърихи 16 – уми августи соли равон дар идомаи кӯмакҳои хайриявӣ ҷиҳати таъмин намудани китобхонаи донишгоҳ бо ададбиёти таълимию бадеӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, аз қабили  «Анатомияи одам», «Атлас анатомия человека», «Атлас-учебник по функциональной анатомии человека», «Гистология» «Гистология, цитология и эмбриология»  ва ғ. бо теъдоди умумии 1490 номгӯи китоб, ки 7537 нусхаро ташкил медиҳанд, ба фонди китобхона тӯҳфа карда шуд. Илова бар ин, барои кафедраи анатомия маводҳои айёнӣ ва як адад тахтаи электронӣ тақдим карда шуд. Лозим ба қайд аст, ки дар  маросими расонидани кӯмак мушовири ректор Қурбонов С., муовинони ректор; Гадоев Б., Ибодов С., Холов Ё ва мудири китобхони илмии ДДТТ Хайруллоева С. ҳузур доштанд.  Иқдоме, ки аз ҷониби ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба анҷом расонида шуд, аз ҳамоҳангӣ ва муносибати тарафайни ин ду донишгоҳе, ки баҳри омода намудани табибони олидараҷа  ва ҷомеаи солим мекушанд, дарак медиҳад.

Дар навбати худ Раёсати донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон аз иқдоми роҳбарияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  ба  ректори он Гулзода М. сипосгузор  буда, умед аст, ки бо ин амали нек  дар қатори дигар абармардони тоҷик исми онҳо дар саҳифаҳои таърихи навини донишгоҳи мо  сабт хоҳанд шуд.

Ба диққати донишҷӯёни ДДТХ расонида мешавад, ки санаи 18.08.2016 соати 08:00 дар саҳни бинои таълимии Донишгоҳ воқеъ дар кӯчаи Исмат Шариф - 3, маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи табибон бо иштироки ректори Донишгоҳ баргузор мегардад.

Ҳузури донишҷӯёни дар рӯйхати овардашуда ҳатмист.

Деканати факултет

Телефонҳо барои тамос:

Муовини декани факултет: 917-17-54-57

Декани факултет: 919-17-02-03

Муовини ректор оид ба таълим: 917-10-02-22

Рӯйхати донишҷӯён

Раёсати  Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  дар якҷоягӣ бо ҷамъи устодону кормандони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино имрӯз мотам   доранд. Марги нобаҳангом  яке аз устодони варзидаи чанд насли табибони мамлакат, табиби номӣ, олими соҳибном, омӯзгори мушфиқ, д.и.т., профессор Абдураҳмонов Муин Камолович субҳи 13 –уми августи  соли 2016 бехабар аз байни мо рабуд.

Абдураҳмонов Муин Камолович  30 – юми ноябри соли 1933   дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст.

Соли 1951 ба Донишгоҳи тиббии харбии ш. Куйбышев  дохил шуда, онро соли  1957 бомувафақият хатм кардааст.  Фаъолияти менҳнатии   Абдураҳмонов М.К. пурсамар буда, пас аз хатими ординатураи клиникӣ дар кафедраи акушерӣ ва гинекологии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино кор карда,  то ба дараҷаи профессор дар дар ҳаимн кафедра меҳнат намудааст.

                    Тадқиқотҳои илмии Муин Камолович   барои илм ва фаъолияти ҳамарӯзаи соҳаи  акушерӣ ва гинекология  аҳмияти калон доранд. Хизматҳои  меҳнатии Абдураҳмонов М.К.  бо   ордени «Дустӣ»  ва бо нишони  Аълочии тандурустӣ  қадрдонӣ  гардидааст.

              Бо боварӣ ва ифтихори баланд метавон гуфт, ки Абдураҳмонов М.К. дар давоми умри пурсамари хеш, рисолати инсонии худро дар назди халқу Ватан бо  сарбаландӣ иҷро намуда, бо амалҳои неку хирадпешагӣ ва дуои хайри ҳазорҳо нафар ниёзмандоне, ки аз дасташ накӯӣ дидаанд,  манзили охирати хешро пурнур гардонидааст. 

       Ҷои Муин Камолович дар қалбҳои мо ҳамкасбону шогирдонаш холӣ буда, меҳру муҳаббат ва хотираи неку беғубори ин шахси саропо хираду фазилат  дар ёдҳо ҷовидона боқӣ хоҳад монд, зеро:

         Сабти номи хеш андар санги хоро шарт нест,

        Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад

          

Руҳат шод ва манзилат обод бод, Муин Камоловичи азиз!

Подкатегории